Принт

Маърӯзаи махфии Хрушёв

4 июни соли 1956 Департаменти Давлатии ИМА маърӯзаи "махфии" Никита Хрушёвро, ки "Бобати шахсиятпарастӣ ва авомили он" ном дошт ва дар Анҷумани ХХ-уми Ҳизб қироат гардида буд, рӯи чоп овард. Матни пурраи ин маърӯза бошад худи ҳамон рӯз аз минбари радиои "Аврупои Озод" қироат карда шуд. Маърӯзаи Хрушёв як таҳаввуле дар зеҳнҳои ходимони ҳизбӣ ба вуҷуд овард. Дар СССР барои бори аввал буд, ки  роҳбарияти олии ҳизбӣ роҳбари собиқи худро сиёҳ карда, падидаеро бо номи "шахспарастӣ" ошкор намуд.

Репрессияи тарафдорони Сатилн

Хрушев то соли 1955 тавонист бо ёрии ҳарбиён мухолифини худро маҳв кунад ва собиқадорони собиқи ҳизбӣ монанди Берия, Молотов, Маленков, Каганович ва одамони ба онҳо содиқ, ки ба Сталин наздик буданд, кушта ё ба ҳошия ронда шуданд. Дар арафаи баргузории Анҷуман раванди сиёсӣ дар СССР ба демократикунонии тамоми ҷомеа равона гардида буд. Бӯи озодӣ дар ҳамаи ҷомеаи шӯравӣ танинандоз шуд. Раванди озодтар ва демократитар шудани ҷомеа пеш аз ҳама ба он бастагӣ дошт, ки дар СССР он шабу рӯз ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар роҳбарияти олии ҲК ва ҳамчунин роҳбарияти ҳизб дар ҷумҳуриҳо одамони нав таъин мегардиданд. Ин одамон маъмулан аз "гвардияи кӯҳна" фосила доштанд ва бо ҷиноятҳои низоми сталинӣ алоқаманд набуданд. Маҳз ин падида, сабаби фаъол гардидани афкори умумӣ шуд ва Хрушёв маҷбур буд бобати шахспарастии собиқ назари ҳизбро муаян кунад ва шахспарастии Сталинро ифшо кунад. 

Асоси маърӯза 

Тирамоҳи соли 1955 Никита Хрушев ҷаласае орост ва ба он теъдоде аз роҳбарони олирутбаи ҳизбӣ даъват гардиданд. Дар ин ҷаласа Хрушев тасмим мегирад ҷиноятҳои Иосиф Сталинро ба вакилони Анҷумани дар пешистодаи ХХ-ум нақл кунад. Молотов, Маленков ва Каганович зидди ин иқдоми Хрушев мебароянд, аммо ба таъбире гапашон ба Никита намегузарад.       

 Дар баробари ин, солҳои 1954-1955 дар СССР комиссияҳои гуногун оиди баррасии парвандаҳои ҷиноии шаҳрвандони шӯравӣ, ки замони Сталин беасос айбдоршуда буданд, фаъолият мекарданд. Ин комиссияҳо дар рафти кори худ камбудиҳои зиёдеро ошкор карда, аввалҳои моҳи феврали соли 1956 натиҷаҳои кори худро ба Раёсати КМ ҲК пешкаш намуданд. Дар рафти кори худ ин комиссияҳо муаян карданд, ки ҷазодиҳии оммавӣ, ҷаъли аснод, шиканҷа, нобудкунии беамони фаъолони ҳизбӣ, бевосита аз ҷониби худи Сталин тайид мегардиданд.     

  9 феврали соли 1956 Раёсати КМ маърузаи комиссияро шунид. Маърузаи комиссия миёни роҳбарияти СССР аксуламали гуногун ба бор овард. Ҳангоми суханрониҳои тарафайн дар роҳбарияти олии СССР ду гурӯҳи ба ҳам муқобил шакл гирифт. Молотов, Ворошилов, Каганович зидди интишори маъруза оиди шахспарастӣ дар Анҷумани ХХ-ум баромаданд, аммо аъзоёни боқимондаи Раёсат аз Хрушев ҷонибдорӣ карданд.                                                                                                           

  Ҳамин тариқ маводҳои ҷамънамудаи ин комиссияҳо асоси маърузаи Хрушев гардиданд. Маъруза "Оиди шахспарастӣ ва пасомадҳои он" номгузорӣ шуда, 13 феврали соли 1956 Пленуми КМ ҲК қарор дод дар рафти кори Анҷуман нишасти махфии вакилонро доир намуда, маърузаи Хрушев онҷо қироат гардад. Зоҳиран Хрушев хеле шитоб мекард. Анҷумани ХХ ҳашт моҳ пеш аз мӯҳлати таъингардида баргузор карда шуд. 14 феврали соли 1956 дар Кремл аввалин ҷаласаи Анҷумани ХХ-уми ҲКИШ доир гардид. 

 Мактуби Ленин 

Маърузаи Хрушев дар ҷаласаи махфии Анҷуман 15 феврал қироат карда шуд. Қабл аз баромади Хрушев масъулини Анҷуман ба вакилони ҳузурдошта, номаи маъруфи Ленин "Мактуб ба Анҷуманро", ки доҳӣ онро соли 1922 қабл аз Анҷумани ХIII РКП(б) навишта буд ва дар он хатароти Сталинро барои ҳизб гӯшзад мекард, тақсим карданд. Албатта бисёриҳо аз номаи Ленин огоҳ буданд, аммо то кунун ин нома рӯи чоп наомада, аксарият онро бори аввал медиданд.                                                 Нақши бисёр муҳим дар маърузаи Хрушев фошкунии истилоҳи маъруфи сталинӣ "душманони халқ" ба шумор мерафт. Хрушев рӯирост иброз намуд, ки ин истилоҳ ғайриқонунӣ буда, нисбати мухолифони сиёсӣ қобили қабул нест. Хрушев таъкид намуд, ки ҳатто дар авҷи муборизаи идеологӣ алайҳи тротскийчиён, зиновевчиён ва бухаринчиён нисбати онҳо ин истилоҳ ба кор бурда намешуд. Аммо баъдан, вақте сотсиализм асосан сохта ва душманони синфӣ торумор, ин истилоҳ нисбати шаҳрвандони оддии шӯравӣ ба кор баста шуд. Бо вуҷуди ин, Хрушев тавони муқобила бо аксарияти аъзоёни Раёсати КМ ҲК-ро надошт ва худаш низ солҳои тӯлонӣ ҷузъи ин аксарият буд ва тамоми гуноҳро танҳо сари Сталин бор кард. Барои равшантар шудани матлаб чанд намуна аз суханронии Хрушевро аз маърӯзаи маъруфаш пешкашӣ хонандагони гиромӣ мегардонем:                                                                                                                                               

“ - Рафиқон!  Шахсиятпарастӣ сабаби ихтилофи ошкор аз демократияи ҳизбӣ, мудирияти сахт, рӯпушкунии камбудҳо ва яктарафа ҷилва додани воқеиятҳо буд.                                                                                                   

 Баъзе аз рафиқон мумкин аст аз мо бипурсанд: аъзои Бюрои сиёсӣ куҷо буданд? Чаро онҳо худашон ба мавқеъ дар муқобили шахспарастии фардӣ наистоданд? Ва чаро алъон ин кор анҷом мешавад? Аввал аз ҳама, аъзои Бюрои сиёсӣ дар замонҳои мухталиф нигоҳҳои мухталифе нисбат ба ин масоил доштанд. Дар ибтидо, бисёре фаъолона аз Сталин пуштибонӣ мекарданд, чаро ки яке аз қавитарин марксистҳо буд ва мантиқи ӯ, қудрати ӯ ва иродаи ӯ, таъсири бузурге бар кори ҳизб дошт.                                                                                                             

Пас аз марги Ленин ва ба хусус дар солҳои аввал, Сталин фаъолона барои ленинизм дар муқобили душманони назарияи ленинӣ ва касоне, ки мунҳариф мешуданд, меҷангид. Дар он замон, ҳизб бояд бо касоне, ки саъй мекарданд кишварро аз хатти маши Ленин хориҷ кунанд, мубориза мекард. Ҳизб бояд бо Тротскийчиҳо ва ростиҳо ва буржуазҳои миллатчӣ мубориза мекард. Ин мубориза ҳатмӣ буд. Баъдтар аммо Сталин шурӯъ ба мубориза бо мардуми содиқи Шӯравӣ кард. Талош барои мухолифат бо иттиҳомҳо ва муҳокимаҳои бепоя, ба саркӯби мухолиф мунҷар мешуд.   

Рафиқон! Барои он ки хатоҳои гузаштаро такрор накунем, Кумитаи Марказӣ мухолифати қатъии худро бо шахспарастии фардӣ эълон мекунад. Мо мӯътақидем, ки Сталин беш аз ҳадд ситоиш шуда буд. Бо ин вуҷуд, Сталин бешак дар гузашта хидмати бузурге барои ҳизб, табақаи коргар ва ҷунбиши байналмилалии коргарон анҷом додааст.                                                                   

Рафиқон! Ленин борҳо бар ин мавзӯъ, ки фурӯтанӣ бахши зотии руҳияи як болшевики ҳақиқӣ аст, таъкид карда буд. Ленин худаш таҷаллии шукӯҳмандтарин фурӯтаниҳо буд. Мо наметавонем муддаъӣ шавем, ки аз ҳама лиҳоз аз ғояҳои ленинӣ пайравӣ кардаем.                                                                                                 

 Мо бояд ин хаторо ҷуброн кунем. Аммо ин кор бояд бо оромиш анҷом шавад. Мо набояд иҷоза диҳем, ки ин мавзӯъ ба хориҷ аз ҳизб буруз кунад, ба хусус набояд ба расонаҳо ворид шавад. Ба ҳамин хотир аст, ки ин масъаларо дар ҷаласаи махфии Анҷуман баррасӣ мекунем. Мо набояд муҳиммот ба тағораи душман бирезем ва либоси чиркини худро дар муқобили чашмони онҳо бишӯем».

 

Меҳрубон  Салимшоев,

Муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

 

Матлабҳои дигар