Принт

Прохоровка - Қабристони танкҳо

 

 12 июли соли 1943 дар рафти муҳорибаи Курск, дар назди деҳаи хурди Прохоровка бузургтарин набарди танкии ҷанги ҷаҳонии дуввум ба вуқӯъ пайваст. Прохоровкаро дар таърихнигории собиқ СССР "қабристони танкҳои немис" меномиданд. Аммо тарафи немисӣ дар ин бобат назари мутафовит дорад.

Амалиёти "Арк" (Цитадель)

  Баъд аз пирӯзӣ дар Сталинград, Артиши Сурх нерӯи азиме касб карда буд ва Сталин мехост аз ин нерӯ истифода бурда, ба ҳуҷуми навбатӣ тайёрӣ медид. Тибқи маълумоти немисҳо ин ҳуҷум маҳз дар наздикиҳои Курск бояд шурӯ мешуд. Фюрер метарсид, ки ҳуҷуми ногаҳонии Артиши Сурх метавонад мисли тарма ҳама чизро аз сари роҳаш бардорад. Бинобар ин, дар Берлин қарор доданд барои пешгирии ин ҳуҷум, худашон амалиёти таҳоҷумӣ гузаронанд ва аввалин шуда, зарба зананд. 15 апрели соли 1943 Адолф Гитлер дастури амалиётии № 6-ро бобати омодасозии амалиёти таҳоҷумӣ дар наздикии Курск ба имзо расонид. Амалиёти немисҳо "Арк" (Цитадель) номгузорӣ гардид. Ин амалиёт дар ҳоле пиёда мешуд, ки нерӯҳои олмонӣ аз Артиши Сурх се баробар камтар буданд ва фармондеҳии Вермахт низ зидди амалиёти таҳоҷумӣ буд. Аммо Гитлер ҳамаи эътирозҳоро сарфи назар карда, ба амалиёт ризоят дод.    

Паланг ва Юзпаланг

  Умеди асосии Гитлер дар амалиёти оянда, танкҳои нави немисҳо Паланг (Тигр) ва Юзпаланг (Пантера) буданд. Фюрер ният дошт, бо танкҳои наваш хатти фронтро рахна кунад. Танкҳои нави немисҳо, он шабу рӯз нерӯи азиме ба шумор мерафтанд ва дар Курск беҳтарин ва яккачинтарин қисмҳои танкии олмонӣ, монанди дивизияҳои танкии СС "Викинг", корпуси дуввуми танкии СС "Адолф Гитлер" ва "Сари мурда" (Мертвая голова) ширкат варзиданд ва бештари танкҳои нав низ дар ин қисмҳо тақсим гардида буд. Аммо немисҳо пеш аз оғоз амалиёташон намедонистанд, ки дар Маскав аз нақшаи онҳо бохабаранд. Нақшаи амалиёти оянда, дар як тайёраи немисҳо ёфт шуд ва фармондеҳии шӯравӣ дар асоси ин нақша, ба тарроҳии амалиёти ҷавобӣ шурӯ кард. Худи муҳориба Курск яке аз муҳорибаҳои бузурги ҶБВ буда, 5 июли соли 1943 оғоз гардид ва то 23 август идома ёфт. Аз ҳар ду тараф дар он, 4 миллион аскар, 69 000 тӯп, 13 000 тонк ва 12 000 тайёра ширкат варзиданд. 

Мудофиаи беназир

  Аммо бобати амалиёти Курск дар Маскав низ назарҳо яксон набуданд ва Сталин барои баргузории амалиёти таҳоҷумӣ пофишорӣ мекард. Бо вуҷуди ин, генералҳои шӯравӣ бо сарварии Жуков тавонистанд назари ӯро иваз кунанд ва Артиши Сурх барои амалиёти дифоӣ мавқеъ гирифт.

Жуков ҳангоми тарроҳии амалиёташ дар Курск хатти мудофиаи бисёрзинаие сохт, ки ҷаҳон назирашро надида буд. Ва маҳз ин хатти дифоъи ба нерӯҳои Артиши Сурх имкон фароҳам кард, пешравии танкҳои немисро боздоранд. 

Бузургтарин набарди танкӣ

 Задухӯрди танкӣ дар назди деҳаи Прохоровка, яке аз машҳуртарин қисматҳои муҳориба Курск гардид. Дар он нерӯҳои корпуси 29-уми тонкии Артиши Сурх ва аз тарафи дигар нерӯҳои корпуси 2-юми танкии СС ширкат варзиданд. Шумораи танкҳои ҳар ду тараф низ, ки дар муҳориба ширкат варзиданд аз ҳамдигар тафовут доранд.                                                                                                                    Баъзе муҳаққиқони шӯравӣ то 850 танк аз ҷониби шӯравӣ ва 800 танк аз ҷониби Олмонро зикр кардаанд. Ба андешаи онҳо дар ин муҳориба 400 танки немисӣ аз кор бароварда шуд. Прохоровкаро дар СССР " қабристони танкҳои немис" меномиданд. Аммо тарафи немисӣ дар ин бобат назари мутафовит дорад. Ба гуфтаи немисҳо дар ин муҳориба 186 танки немисӣ ва 672 танки шӯравӣ ширкат доштанд ва Артиши Сурх дар ин муҳориба 235 танкро аз даст дод.                      Немисҳо мегӯянд, ки танкҳои корпуси 29-уми шӯравӣ дар як ҳуҷуми камикадзеии худ ба дом афтоданд. "Палангҳо" ва "Юзпалангҳо" аз масофаи дур танкҳои шӯравиро ҳадаф қарор медоданд, дар ҳоле, ки "Т-34" ҳо танҳо аз масофаи наздик метавонистанд танкҳои немисро ҳадаф қарор диҳанд.                                                       Дар ин ҳуҷум 219 танки шӯравӣ ширкат варзид ва "камикадзеҳои сурх" 172 танкро аз даст доданд. Дар миёни онҳо 118 танк ба пуррагӣ сӯзонда шуданд. Талафоти немисҳо бошад дар ин муҳориба 3 танкро ташкил дод. Майдони ҷанг низ дар дасти немисҳо боқӣ монда, муҳандисони корпуси 2-юми танкии СС шабона, танкҳои аз кор баромадаи худро ба ақибгоҳ кашида, танкҳои шӯравиро тарконданд.   

  Фронти дуввум

Дар арафаи муҳорибаи Курск нерӯҳои англо-амрикоӣ ба ҷазираи Ситсилияи Итолиё фуруд омаданд ва фронти дуввумро алйҳи немисҳо ифтитоҳ бахшиданд. Баъд аз ин, Гитлер амалиёти "Арк"-ро мутаввақиф намуда, корпуси танкии 2-юми СС-ро ба Итолиё равона кард. Гарчи немисҳо наметавонистанд зуд ба Итолиё бирасанд, аммо Гитлер аз суқути Мусоллинӣ метарсид ва бо вуҷуди эътирози ҳарбиён танкҳоро равонаи Итолиё кард.                                                                                            Бе нерӯҳои корпуси 2-юми танкӣ, немисҳо наметавонистанд амалиётро идома бидиҳанд ва Артиши Сурх ба ҳуҷум гузашта, немисҳоро ақиб ронд. Бисёриҳо муҳорибаи Курскро гардиши кулли дар рафти ҶБВ унвон мекунанд, аммо дар ин маврид низ, тарафи немисӣ назари дигар дорад. Ба андешаи немисҳо, лаҳзаи гардишӣ дар рафти ҷанг на Курск ва на Сталинград, балки муҳорибаи Маскав буд. Маҳз дар ин муҳориба тақдири ояндаи Рейхи саввум муаян гардид. Дар назди Маскав назарияи ҷанги барқосои "блитскриг" немисҳо ба шикаст мувоҷеҳ шуд ва Олмон дар ҷанги тӯлонӣ бо Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ба он Амрикову Англия ҳам ёрдам медоданд, ҳеҷ имкони истодагарӣ надошт. Ба андешаи онҳо, ҳатто агар Олмон дар муҳорибаи Курск ғалаба ҳам мекард, боз ҳам ҷангро бой медод. 

 

Меҳрубон  Салимшоев,

муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30 

 

Матлабҳои дигар