Принт

Раванди Ново-Огарево

9+1

23.04.1991 дар бӯстонсарои ҳукуматии Ново-Огарево аввалин нишасти намояндагони 9 Ҷумҳурии Иттиҳодӣ (РСФСР, РСС Украина, РСС Белорус, РСС Қазоқистон, РСС Узбекистон, РСС Тоҷикистон, РСС Қирғизистон, РСС Озарбойҷон ва РСС Туркманистон) ва марказ, ки ба ҳайси иштирокчии мустақили баҳс баромад мекард, ба вуқӯъ пайваст.

Дар ин дидор роҳбарони 9 ҷумҳурии иттиҳодӣ ва Президенти СССР баёния “Дар бобати принсипҳои асосии созишномаи нави иттиҳодӣ”-ро ба имзо расониданд. Ин баёния, ки бо номи “9+1” дар таърихнигории шӯравӣ маъруф аст, ба раванди Ново Огарево оғоз бахшид.   

“Клуби давлатҳо” ё ССГ

Фикри созишномаи нави Иттиҳодӣ ҳанӯз соли 1989 миёни роҳбарияти Шӯравӣ ба миён омад. Маймоҳи соли 1990 аввалин варианти созишнома аллакай омода буд ва дар оянда дар он танҳо дигаргуниҳо ворид мекарданд. Тибқи нақшаи поярезон Созишномаи нав СССРро мебоист ба 1 давлати конфедеративӣ табдил медод. Дар аввали соли 1990 хатари пошхӯрии идоранашавандаи СССР марказ ва ҷумҳуриҳоро водор кард, то роҳҳои созишро биҷӯянд. РСФСР дар ин раванд нақши калидӣ дошт. Гумон мерафт, ин ҷумҳурӣ бояд аз ҳама бештар барои бақои аввалин кишвари Шӯроҳо талош мекард. 16.05.1990 аввалин Анҷумани Вакилони мардумии РСФСР ба кори худ сар кард. Анҷуман дар қатори дигар масоил, “масъалаи истиқлоияти Русия, Созишномаи Иттиҳодӣ ва мардумсолорӣ”-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар натиҷа РСФСР худро соҳибистиқлол эълон кард. 29 май Борис Елтсин Раиси Шӯрои Олии РСФСР интихоб шуд ва рӯзи дигар 20 май дар нишасти хабаргузорон иброз намуд, ки баъди қабули Декларатсияи соҳибистиқлолӣ Русия мустақил мегардад ва қонунҳои он бар қонунҳои иттиҳодӣ авлавият пайдо мекунанд. Елтсин ба роҳбарияти Иттиҳод низ пешниҳод кард, ки гуфтушунидро оид ба бастани Созишномаи нави иттиҳодӣ бо ҷумҳуриҳо бе ҳеҷ шарту шурути пешакӣ оғоз кунанд. 12.06.1990 Анҷумани аввали вакилони мардумии РСФСР, билохира, Декларатсия дар бобати истиқлолияти давлатии Русияро қабул кард. Қабули ин ҳуҷҷати таърихӣ дар раванди пошхӯрии СССР нақши калидӣ ифшо кард. Бе Русия дигар Иттиҳоди Шӯравие вуҷуд надошт. Худи ҳамон рӯз Шӯрои Федератсия қарор дод, барои омодасозии Созишномаи нав гурӯҳи кориеро аз намояндагони тамоми ҷамоҳир таъсис диҳад. Шӯро пешниҳод кард, ки Иттиҳоди оянда, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ССГ) номгузорӣ гардад. Баъд аз Русия дар зарфи чанд моҳ, тамоми ҷумҳуриҳои иттиҳодии дигар низ декларатсияҳои соҳибистиқлолии худро қабул карданд. Албатта истиқлол танҳо дар ҳайати СССР матраҳ мешуд, аммо мантиқи ҳаводис тамоми ин ҷумҳуриҳоро сӯи истиқлоли комил меронд. Билохир, ниҳоде бо номи Машварати “роҳбарони ҷумҳуриҳо” таъсис дода шуд, ки дар асл хилофи Сарқонуни СССР ба шумор мерафт ва ин гуна ниҳод дар он пешбинӣ нашуда буд. 17.06.1991 Горбачев ба Шӯрои Олии СССР ва Шӯрои Олии ҷамоҳир лоиҳаи “Созишнома оид ба Иттиҳоди давлатҳои мустақил”-ро барои баррасӣ фиристод. Аввалин лоиҳаи Созишнома ҳанӯз 9.03.1991 дар рӯзномаи “Правда” нашр шуда буд. Баъди тағйироти зиёд охирин лоиҳаи Созишнома 23.07.1991 боз ҳам дар Ново-Огарево мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба андешаи коршиносон, Созишномаи нав на танҳо аз принсипҳои давлати федеративӣ даст кашида буд, балки таъсиси 1 навъ “клуби давлатҳоро” дар ҳудуди собиқ Иттиҳод пешбинӣ мекард.

 

Раъйи мардум ва ГКЧП

Декабри соли 1990 Анҷумани IV-уми вакилони мардумии СССР доир шуд. Он баъди баррасии лоиҳаҳои Созишномаи нави иттиҳодӣ масъаларо ба раъйпурсӣ кашид ва қарор дод барои бақо ё заволи СССР раъйпурсии мардумӣ доир созад. Дар асл ба аҳолӣ пешниҳод мешуд, зарурати нигаҳдории ягонагии кишварашонро баррасӣ кунанд. Раъйпурсӣ 17.03.1991 доир шуд. Дар ин раъйпурсӣ 9 ҷумҳурии Иттиҳодӣ (ба истиснои Литва, Эстония, Латвия, Гурҷистон, Арманистон ва Молдова) ва 148,6 млн нафар аҳолӣ (80% аҳолии дорои ҳаққи овоздиҳӣ) ширкат варзида, аз онҳо 113,5 млн нафар (76,4%) барои нигаҳдории СССР овоз доданд. Дар дидори Ново Огарево сарони 9 ҷумҳурӣ ва марказ қарор доданд Созишномаи навро давра ба давра ба имзо расонанд. Лек Шӯрои Олии СССР лоиҳаи Созишномаи навро бо натоиҷи раъйпурсӣ дар тазод дид ва талаб кард, матни лоиҳаро бо натоиҷи раъйпурсӣ мувофиқ гардонанд. Тибқи лоиҳаи нави Созишнома, ҷумҳуриҳо аз озодии бештаре бархурдор мешуданд ва Марказ аз 1 ниҳоди роҳбарикунанда ба 1 ниҳоди танзимгар (мувофиқкунанда) табдил меёфт. Дар дасти роҳбарияти иттиҳодӣ, танҳо масоили мудофиа, сиёсати молиявӣ ва корҳои дохила боқӣ мемонду халос. Ҳамаи масоили дигар мебоист дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ҳаллу фасл мешуд. Созишномаи нав моликияти ҷумҳуриҳоро ба замин, захоири зеризаминӣ ва об таъйид мекард. Ҷумҳуриҳо инчунин дар доираи ваколатҳояшон метавонистанд фаъолияти қонунҳои иттиҳодиро манъ ва забони давлатиашонро муайян кунанд. Забони русӣ, забони муоширати байнимиллӣ эълон карда мешуд. Қабули Созишнома 20.08.1991 пешбинӣ шуда буд. Дар авохири моҳи июл ба СССР сафари кории Президенти ИМА Ҷорҷ Буш пешбинӣ шуда буд. Ӯ мебоист бо Горбачёв Созишномаро оид ба маҳдуд ва кам кардани силоҳҳои ҳуҷумкунандаи стратегӣ ба имзо мерасонид. Тарафҳо ба ин дидор аҳамияти зиёде қоил буданд. Гуфтушунид миёни ҳар 2 дар Ново Огарево ба нақша гирифта, Елтсину Назарбоев низ ба ин гуфтушунидҳо даъват шуда буданд. Ин гуфтугӯҳо бояд 30 ва 31 июл доир мешуданд. Аммо Горбачев нимаи дуввуми 29.07.1991 ба Ново Огарево омад ва Елтсинро бо ҳамроҳии Назарбоев ба 1 дидори маҳрамона ва махфӣ даъват кард. Горбачев ният дошт дар Қрим каме истироҳат кунад ва қабл аз рухсатиаш мехост ба масъалаи андоз ва супурданиҳо дар матни Созишномаи Иттиҳодӣ равшанӣ андозад ва мӯҳлати нави бастани онро муайян кунад. Ҳаллу фасли ин масоил барои Горбачев аз дидор бо Буш муҳимтар буданд. Дар ин дидори маҳрамона, сухан сари дигаргуниҳои кадрӣ дар зинаи болоии ҳукумати СССР баъди бастани Созишномаи нав ба миён омад. Ҳам Горбачев ва ҳам Елтсин дар ёддоштҳои худ ин дидорро ёдовар мешаванд. Миша дар ин дидор ба Елтсину Назарбоев баъди исрори зиёди онҳо ваъда медиҳад, ки Павлов (сарвазир), Крючков (раиси КГБ), Язов (вазири дифоъ) ва Пуго (вазири корҳои дохила)-ро аз вазифаҳояшон сабукдӯш кунад. Назарбоев тибқи ваъдаи ӯ сарвазири Иттиҳоди нав пешбинӣ мешуд. Елтсин менависад, ки ин гуфтугӯи онҳоро КГБ сабт карда буд ва натоиҷи он сабабгори аслии падидаи ГКЧП гардид.

Омили шахсӣ

Ба андешаи бархе, омили шахсӣ низ дар лаҳви раванди таъсиси Иттиҳоди нав нақши муҳим бозид. Дар қабул накардани Созишномаи нав ба таври мармуз, нерӯҳои аз нигоҳи аввал ба ҳам зид мутаҳҳид шуданд. Аз тарафе ин нерӯҳоро “мудофиини” Иттиҳоди пешина дар симои ҳизбиёни собиқадор ташкил мекарданд. Ногуфта намонад, ки аъзои ГКЧП сабаби баромади худро маҳз халал расонидан ба бастани Созишномаи нави иттиҳодӣ муаррифӣ мекарданд. Аз сӯи дигар демократҳои навпадид нав аз роҳбарияти ҷумҳуриявии ҲКИШ берун омада буданд ва дар ҳудуди худ нияти соҳиб шудан ба қудрати комилро орзу мекарданд. РСФСР бо сарварии Елтсин дар ин раванд истисно набуд. Пас аз шикасти ГКЧП Горбачев мехост раванди новогаревиро эҳё кунад. Баъди баррасиҳои зиёд, билохира 7 ҷумҳурии иттиҳодӣ (бе Украина ва Озарбойҷон) 9.12.1991 ният доштанд Созишномаи таъсиси Иттиҳоди конфедеративиро бо пойтахташ, дар шаҳри Минск ба имзо расонанд. Лек 8 декабр сарварони Русия, Украина ва Белорус дар Беловежская пуша эълон карданд, ки кишваре ба номи СССР дигар вуҷуд надорад ва онҳо акнун СНГро созмон медиҳанд. Имрӯз бисёриҳо бар ин назаранд, ки ҳеҷ як аз ҷамоҳири собиқ Иттиҳод (ҳатто ҷамоҳири назди Балтик, Русия ё Озарбойҷони нафтӣ) аз пошхӯрии давлати мутамаркази воҳид, аниқтараш аз вайроншавии фазои иқтисодии умумӣ бурд накарданд.

Меҳрубон Салимшоев,

Муаррихи СССР

Матлабҳои дигар