Принт

Моҳи Тоҷикистони шӯравӣ

Дар таърихи навини Тоҷикистон моҳи октябр ҷои махсусеро ишғол мекунад. Маҳз дар ин моҳ ду ҷумҳурии шӯравии тоҷикон таъсис ёфтанд. 14 октябри соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон ва 16 октябри соли 1929 бошад Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон таъсис дода шуданд. Бинобар ин, ин моҳ бе муҳобот мешавад моҳи Тоҷикистони шӯравӣ унвон намуд.  

Тақсимоти миллӣ-маҳаллӣ

Баъд аз ғалабаи болшевикон дар Осиёи Миёна Ҷумҳуриҳои халқӣ шӯравии Бухоро ва Хоразм таъсис дода шуданд. Дар шимоли инҳо бошад Ҷумҳурии Шӯравии Мухтори Туркистон қомат афрохта буд. Аммо ин вазъият роҳбарияти болшевикиро қонеъ намекард ва моҳи сентябри соли 1924 ба ниҳодҳои олии ҳокимияти давлатӣ дар Осиёи Миёна аз Маскав дастур дода шуд тақсимоти мииллӣ-маҳаллиро дар минтақа амалӣ гардонанд. Бо ин мақсад 27 октябри соли 1924 Сессияи дуввуми КМИ СССР қарори тақсимоти миллӣ-маҳаллиро ба тасвиб расонида, барои пиёда кардани ин тақсимот комиссияи махсусе таъсис дода шуд. Ба комиссияи мазкур, яке аз болшевикони собиқадор И.А. Зеленский роҳбарӣ мекард. Роҳбарияти Ҷумҳуриҳои навтаъсиси шӯравии Осиёи Миёна низ даст ба кор шуданд ва дар натиҷа, дар минтақа як муборизаи тезутунди гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ ба вуқӯ пайваст. 

Туркистони бузург

Роҳбарияти Ҷумҳурии Халқии Бухоро ва Хоразм қариб ба пуррагӣ дар мавқеъи пантуркистӣ қарор доштанд ва мехостанд ба русҳо намоиш диҳанд, ки дар Осиёи Миёна як миллати бузурги турк сукунат дорад ва таъсиси ҷумҳуриҳои миллӣ ба нафъи мардум нест. Ин роҳбарони ҷадид, ки бештарашон аз ҳизби ҷавонбухориён буда, бо кумаки сарбозои сурх ба қудрат расида буданд, ҳоло мехостанд аз вазъият истифода бурда, кишварҳои қудратмандтаре барои худ бисозанд.                                                                                       

 Аз ҳама шигифтовар ин буд, ки роҳбарони дастаи аввали ҳизби ҷавонбухориён монанди Файзуллоҳ Хоҷаву Абдурауфи Фитрат, ки намояндаи миллати тоҷик буданд, мавҷудияти тоҷикро дар ин сарзамин инкор карданд. Дар натиҷа тақсимоти миллӣ-маҳаллӣ дар Осиёи Миёна ба як табартақсим мубадал гашт. Дар натиҷаи ин табартақсим, дар Осиёи Миёна се ҷумҳурии шӯравӣ, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон ба вуҷуд омаданд ва Тоҷикистон дар оғоз, мебоист чун вилояти мухтор ба ҳайати Ӯзбекистон ворид мегашт                                                                                        

Ҷумҳурии мухтор

Аммо баъди дахолати инқилобиёни тоҷик, монанди Нусратуллои Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов ва ғ. Маскав ба тоҷикон иҷоза дод, дар қисмати шарқии Бухоро, Ҷумҳурии мухтори миллии худро таъсис диҳанд.                                                                                                                           

 Ҳамин тариқ 14 октябри соли 1924 сессияи дуввуми КМИ СССР қарори пешинашро лағв карду дар Осиёи Миёна ҶШ Туркманистон, ҶШ Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистонро дар ҳайати Ӯзбекистон таъсис дода шуданд. Аммо ин ҷо низ адолат риоят нашуд ва ба мухторияти тоҷикон танҳо навоҳии дурдасти Бухорои Шарқӣ ва кӯҳистони Зарафшон шомил карда шуданд. Ба ҳайати Тоҷикистони мухтор, вилоятҳои Душанбе, Ҳисор, Қаротеғин (Ғарм, Дарвоз, Ванҷ), Кулоб, Қурғон-Теппа, Панҷакент, Уро-Теппа ва Сари-Осиё дохил шуданд.

Моҳи январи соли 1925 ВМК Бадахшон таъсис дода шуда, он низ ба мухторияти тоҷик шомил гардид. Бо вуҷуди ин, қисмати аъзами миллати тоҷик берун аз марзҳои миллии худ боқӣ монданд. 

26 ноябри соли 1924 дар Тошканд Кумитаи Инқилобии Ҷумҳурии Шӯравии Мухтори Тоҷикистон таъсис дода шуд ва Нусратулло Махсум раиси ин Кумита интихоб гардид. Ба Кумитаи Инқилобии Тоҷикистони мухтор инчунин Буттабой Дадабоев, Раҳматулло Бобоҷонов, Шириншо Шоҳтемур, Абдулло Ёрмуҳаммадов, Чинор Имомов, Абдураҳим Ҳоҷибоев , Аббос Алиев, Нисор Муҳаммади Афғон ва дигарон шомил гардиданд. Пойтахти кишвари навтаъсис деҳаи Душанбе интихоб карда шуд ва инқилобиёни тоҷик баъди чанде дар ин деҳа ҷамъ гардиданд. 

Мактуби Шотемур

Қадами дигар дар таъсиси Тоҷикистони Шӯравӣ, мактуби Шириншои Шотемур ба Сталин гардид. Моҳи майи соли 1926 Шириншо Шотемур ба ҳайси як аъзои ВКП(б) ба номи роҳбари СССР Иосиф Сталин мактубе ирсол кард. Мактуби Шотемур " Вазъияти фарҳангӣ ва иҷтимоъӣ-иқтисодии тоҷикон дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон" ном дошт ва пурра ба масъалаи тоҷикон бахшида шуда буд.                                             

Шотемур дар мактуби худ, иштибоҳоти зиёдеро, ки дар рафти тақсими миллӣ-маҳаллӣ рух дода буд зикр кард. Аз ҷумла дар мактуб гуфта мешуд, ки "саршумори расмии тоҷикон дар собиқ Ҷумҳурии Туркистон 600 000 нафаррро ташкил медод. Ва дар ҳамин ҷумҳурӣ, тибқи маълумотҳои расмӣ 290 000 туркман сукунат доштанд. Бо вуҷуди ин, туркманҳо бо забони худ рӯзномаву маҷалла дошта, дар мактаб бо он таълим мегирифтанд, аммо тоҷикон аз ҳамаи ин маҳрум гардида буданд. Дар Ҷумҳурии собиқи Бухоро бошад,теъдоди тоҷикон тибқи маълумотҳои расмӣ ба 802 000 нафар мерасид ва дар инҷо ҳамагӣ 200 000 қирғиз сукунат дошт. Бо вуҷуди ин, қирғизҳо дорои мактабҳои миллии худашон буданд ва дар КИМ-и Бухоро шӯъбаи қирғизӣ ҳам амал мекард. Аммо тоҷикон дар инҷо ҳам аз ҳама чиз маҳрум шуданд". Шириншо Шотемур дар мактубаш, ҳалли масъали тоҷиконро барои тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ муҳим номид, чаро ки теъдоди зиёди тоҷикон ба ғайр аз Осиёи Миёна, дар кишварҳои дигари ҳамҷаворӣ он низ (Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон) сукунат доранд. 

 Округи тоҷикӣ

Соли 1926 дар мухторияти тоҷик, инчунин аввалин интихоботи вакилони халқӣ доир гардид. Дар ин интихобот ҳайати КМИ нав интихоб карда, ба КМИ супориш дода шуд, то анҷумани оянда дар асоси Сарқонуни СССР, Сарқонуни Тоҷикистони Мухторро таҳия кунад. Моҳи декабри ҳамон сол ҳукумати нави Тоҷикистон рӯи кор омад. Нусратулло Махсум раиси КМИ ва Абдулқодир Муҳиддинов раиси ШКХ интихоб гардиданд. Муборизаҳо барои Хуҷанд соли 1927 аз сари нав авҷ гирифтанд. Дар ин сол ҷидду ҷаҳди роҳбарияти Тоҷикистон самара дод ва Хуҷанд расман округи тоҷикӣ дар ҳайати Ӯзбекистон шинохта шуд. Ин иқдом ҳамроҳгардии Хуҷандро ба Тоҷикистон ногузир кард. Аммо Сурхандарё расман ҳудуди тоҷикнишин шинохта нашуд. Бо вуҷуди ин, ба Душанбе муяссар гардид Маскавро розӣ кунонад барои ҳалли ин масъала, комиссияи махсуси се нафара таъсис диҳад. Ин комиссия мебоист баҳсро болои Сурхандарё ҳаллу фасл мекард. Раиси комиссия болшевик Макеев таъин карда шуд, Тоҷикистонро дар он Абдураҳим Ҳоҷибоев намояндагӣ мекард ва аз ҷониби Ӯзбекистон дар комиссия Исломов ҳузур дошт. 

Мутаасифона ин комиссия низ ба ҳеҷ натиҷа нарасид. Бо вуҷуди ин, кӯшиҳо ҳамоно идома доштанд. Худи мардум низ дар округи Хуҷанд аз бедории миллӣ бархурдор буданду ҳатто дар Конибодом қатораи Куйбешевро роҳбанд намуда, аз ин болшевики собиқадор дархост намуданд онҳоро ба Тоҷикистон шомил кунанд.                                                                                  

Ситораи ҳафтум

Билохира, талоши инқилобиёни тоҷик натиҷа дод ва Сталин баҳори соли 1929, қарор дод Хуҷандро ба Тоҷикистон баргардонад. 17 июни соли 1929 Сталин ба Бюрои ҲК (б) Ӯзбекистон мактубе ирсол карда, дар он таъкид кард, ки Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон аз ҳайати Ӯзбекистон бароварда шуда, дар заминаи он Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон таъсис дода шавад. Дар Тошканд чорае ҷуз итоат надоштанд ва Хуҷанд ба Тоҷикистон ҳамроҳ гардид. Акнун тоҷикон имкон пайдо карданд ҷумҳурии алоҳидаи худро созмон диҳанд. Ҳамин тариқ 16 октябри соли 1929 Анҷумани III махсуси Шӯроҳои Тоҷикистон, Эъломияи таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистонро қабул кард ва тоҷикон соҳиби ҷумҳурии алоҳида гардиданд. Ҳудуди ҶШ Тоҷикистон 142,5 ҳазор км муррабаъ ва аҳолияш 1 млн 150 ҳазор нафарро ташкил намуд. 72% аҳолии кишварро тоҷикон ташкил мекарданд. 

5 декабри ҳамон сол бошад КМИ СССР ин қарорро расман ба тасвиб расонид  ва  Тоҷикистон ба ҳайси ҷумҳурии ҳафтум ба Иттиҳоди Шӯравӣ шомил гардид. Худи ҳамон рӯз, дар Хонаи деҳқон (театри собиқи Маяковский) ҷамъомади ботантанаи мардумӣ доир гардида, дар он Эъломияи мазкур қироат ва якдилона қабул карда шуд. Моҳи феврали соли 1931 бошад, дар ҳамин бино Анҷумани чоруми Шӯроҳои Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон доир гардида, дар он аввалин Сарқонуни Тоҷикистони Шӯравӣ қабул карда шуд.

Меҳрубон  Салимшоев,

муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

Матлабҳои дигар