ХАБАРИ ДОҒ

Диктаторҳо: Анвар Хоҷа - Сталини албанӣ

  • Чоршанбе, Дек 30 2020

 

Аз муаллим то сарвазир 

   Анвар Хоҷа моҳи октябри соли 1908 дар шаҳраки Гирокастраи Албания, дар оилаи тоҷир ба дунё омадааст. Албанияи он шабу рӯз ба императории Усмонӣ шомил буд ва падари Хоҷа дар шаҳрҳои гуногуни Туркияи усмонӣ матоъфурӯшӣ мекард. Баъди шикасти Туркия дар ҷанги ҷаҳонии аввал Албания ба истиқлолият расид ва ин рӯйдод дар ҳаёти минбаъдаи Анвар Хоҷа нақши зиёде ифо кард. Анвари ҷавон ба яке аз донишгоҳҳои Фаронса дохил шуд, аммо натавонист таҳсилашро ба охир расонад. Баъзе аз муаррихон тарки таҳсил намудани Хоҷаро, пайвастан  ба ҳаракати инқилобӣ медонанд. Аммо баъзеи дигар мегӯянд, ки Анварро барои духтарбозӣ ва шаробхорӣ аз донишгоҳ берун карданд. Бо вуҷуди ин, Анвар забони фаронсавӣ ва туркиро аз худ карда, бо асарҳои Маркс, Энгелс, Ленин ва Сталин ошно гардид.                                                                                                                             

 Баъди бозгашт ба Албания, Анвар Хоҷа ба тадриси забони фаронсавӣ машғул шуд. Аммо баъди чанде, фашистони итолиёӣ ба Албания лашкар кашиданду Анвар аз муаллимӣ даст кашид. Хоҷа ба пинҳонкорӣ гузашт ва вориди ҷабҳаи муқовимат гардид. Баъди чанде Анвар мағозаи сигорфурӯшӣ кушоду дар онҷо коммунистонро ҷамъ кард. Соли 1941 коммунистони албанӣ Ҳизби коммунистии худро бо номи Ҳизби коргарии Албания таъсис доданд ва Хоҷа хеле зуд дар раисии ин ҳизб қарор гирифт. Соли 1941 ӯро котиби аввали ин ҳизб интихоб карданд. Баъди чанд соли муқовимат ба албаниҳо муяссар гардид, кишварашонро озод карда, дар Албания ҳукумати коммунистӣ рӯи кор омад. Дар ҳукумати нав Анвар Хоҷа сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ ва сарфармондеҳи олии артиш интихоб гардид.

Дӯсти ду Иосиф                                                                                                                         

Баъди ҷанг Анвар Хоҷа зиракии сиёсии худашро ба хубӣ собит кард. Ӯ тавонист бо роҳбари СССР Иосиф Сталин ва Югославия Иосиф Броз Тито риштаи дӯстӣ барқарор намояд. Аммо баъди чанде, Хоҷа маҷбур шуд аз дӯстии яке аз Иосифҳо даст кашад. Соли 1949 Иосиф Броз Тито бо Иосиф Сталин ба таъбире “гапашон гурехт” ва Югославия бо худнамоӣ аз блоки сотсиалистӣ берун шуд. Анвари зирак аз Сталин тарафдорӣ карда, Титоро маҳкум намуд. Дар ҷавоб Маскав боз ҳам бо Тирана наздиктар шуда, ба Хоҷа кӯмаки пулӣ, озуқаворӣ, таҷҳизот, мошин ва доруворӣ ирсол мекард. Барои рушд додан ба иқтисодиёти Албания бошад, СССР мутахассисони гуногуни худро ба ин кишвари фақир мефиристод.                   Баъди чанде Хоҷа эълон кард, ки Албания бо роҳи СССР меравад ва ӯро коллективикунонӣ ва индустрикунонӣ дар интизор аст. Аммо дӯстии Албания ва СССР бо марги Иосиф Сталин ба поён расид. Муносибати Хоҷа бо Хрушев баъди Анҷумани ХХ-уми ҲК тезу тунд гардида, роҳбари Албания ба Никита Сергеевич ифшои шахспарастии дӯсташ Иосифро набахшид. Соли 1962 Албания аз ҳайати Шӯрои ёрии иқтисодии мутақобил (СЭВ) берун омад ва Хоҷа иброз намуд, ки қарзҳои аз СССР гирифтаашро бар намегардонад.

“Хоҷаизм”                                                                                                                                 

  Дар баробари ин, Анвар Хоҷа шахспарастии худашро дар Албания ниҳодина кард, ки бо “хоҷаизм” маъруф аст. Дар Албания ёди Сталин гиромӣ дониста ва яке аз шаҳрҳои бузурги ин кишвар Кучова, ба номи Сталин гузошта шуд. Худи Хоҷа низ ҳамон суннати Сталинро пиёда мекард.

Дар ҳама ҷои Албания аксҳои Хоҷа гузошта, бо номи ӯ бузургтарин заводи мошинутракторсозӣ, корхонаҳои зиёд, колхозҳо, кӯчаҳо, мактабҳо, донишгоҳ ва ҳатто қуллаҳои кӯҳӣ номгузорӣ мегардиданд. Норозиён бо сиёсати Хоҷа шадидан саркӯб мешуданд. Аз ҳама бештар афроде, ки бо СССР алоқа доштанд азият мекашиданд. Барои фирор аз кишвар ҳукми қатл ҷорӣ гардида, пулиси махфии Албания “Сигуримӣ” тамоми шаҳрвандони кишварро зери назар гирифта буд. Солҳои ҳукмронии Анвар Хоҷа дар Албания аз 5 то 7 ҳазор одам ба қатл расида, 34 000 нафари дигар зиндонӣ шуданд. 

Бе Худою бе иттифоқчӣ                                                                                                                     

 Анвар Хоҷа 40 соли дароз ба Албания роҳбарӣ ва дар ин кор, ҳамсари дӯстдоштааш Наҷмия ба ӯ кумак мерасонид. Наҷмияхонум Институти марксизм-ленинизми Албанияро сарварӣ намуда, маҳз ӯ аз Хоҷа як коммунистӣ асил, ки шабу рӯз ба нафъи миллаташ заҳмат мекашад, сохт. Наҷмия, ки худ ба Худо эътиқод надошт, Хоҷаро водор кард, ки дар Албания атеизмро ҷорӣ кунад. Бештари мардуми Албания мусалмон буданд ва баъди ин қарори Хоҷа, тамоми масҷидҳо дар кишвар баста шуданд. Ба волидайн номгузории динии фарзандон қатъиян манъ карда шуд. Никоҳ манъ гардид ва барои нақзи ин қавонин, афрод сахт муҷозот мешуданд. Баъди кандани равобиташ бо Югославия ва СССР Анвар Хоҷа бо Чин наздик шуд, аммо баъди он, ки роҳбарияти Чин барои тақвияти иқтисодиаш бо кишварҳои Ғарбӣ муносибат барқарор намуд, ӯ аз дӯстӣ бо Чин низ рӯ гардонид. Дар авохири ҳукмронии Хоҷа бошад, Албания бо тамоми кишварҳо муносибаташро канду танҳо бо Кубаю Ветнам равобити ҳасана дошт. Саломатии Хоҷа низ рафта рафта бад мешуд ва баъди чанд сактаву инсулт, соли 1983 ӯ аз роҳбарияти Албания канор рафт. Билохира соли 1985 Анвар Хоҷа дар синни 76 солагӣ даргузашт. Албания 9 рӯз бо Сталини худ видоъ намуда, ӯро бо дабдаба ба хок супурд. 

Меҳрубон  Салимшоев,

муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

                

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter