ХАБАРИ ДОҒ

Тазоҳуроти тағораҳои чаппа

Бори аввал 8 март дар ҳаводиси соли 1901 зикр гардидааст. Дар ин рӯз занони хонанишини Амрико бо дегҳо ва тағораҳои чаппакардашуда, ба кӯчаҳои шаҳри Чикаго рехтанд. Ин занон бо ин роҳ мехостанд таваҷҷӯҳи ҷомеъа ва ҳукуматро ба мушкилоти худ ҷалб кунанд. Ин занон талаб доштанд, ҳуқуқҳои сиёсиашон бо мардон баробар карда шуда, ба онҳо иҷозаи кор дар истеҳсолот ва хизмат дар артиш дода шавад. Баъд аз 7 сол 28 феврали соли 1908 занони амрикоӣ талабҳои худро такрор карданд, аммо ин бор дар саросари кишвар. Дар ин рӯз бо даъвати ташкилоти сотсиал-демократии Ню-Йорк зиёда аз 15000 зан ба кӯчаҳо баромаданд. Ин бор бар талаботи қаблӣ, инчунин коҳиши рӯзи корӣ ва додани ҳуқуқи интихобот ба занон ҳамроҳ гардиданд. Соли 1909 Ҳизби сотсиалистии Амрико Рӯзи миллии занонро эълон кард. То соли 1913 ин рӯз, ҳар якшанбеи охирини моҳи феврал ҷашн гирифта мешуд. Соли 1909 ин якшанбе ба 28 феврал рост омада буд. 

Клара Цеткин

Асосгузори Рӯзи байналмиллалии занон бошад, комуннисти немис, зани ислоҳотхоҳ Клара Цеткин ба шумор меравад. Ӯ роҳбари гурӯҳи занонаи Ҳизби сотсиал-демократии Олмон буд ва бори аввал пешниҳод намуд, рӯзи муайянеро барои занон ихтисос диҳанд. Моҳи августи соли 1910 дар пойтахти Дания, шаҳри Копенгаген кунгураи 8-уми Интернатсионали 2 баргузор гардид. Дар чаҳорчуби ин Кунгура, инчунин Конфронси 2-и байналмиллалии сотсиалистии занон доир гардид, ки дар он намояндагони занони сотсиалист аз ИМА ва Аврупо ширкат варзиданд. Дар ин Конфронс Клара Цеткин пешниҳод намуд, рӯзи байналмиллалии занонро таъсис диҳанд. Клара гуфт, ки дар ин рӯз занон метавонанд вохӯрию роҳпаймоӣ ташкил кунанд ва ҷомеъаро ба мушкилоти худ ҷалб намоянд. Ба андешаи ин коммунисти немис, ҷашни ҳарсола, ки дар сар то сари ҷаҳон дар 1 рӯз ҷашн гирифта хоҳад шуд, занони кишварҳои гуногунро муттаҳид мегардонад ва онҳо дар якҷоягӣ метавонанд барои ҳуқуқҳояшон мубориза баранд. Умуман ҳадафи асосии ҷашн, мубориза барои озодӣ ва баробарҳуқуқии занони коргар ба шумор мерафт.

19 март рӯзи байналмиллалии занон

Бори аввал Рӯзи байналмиллалии занонро соли 1911 дар Олмон, Австрия, Дания ва Шветсария 19 март ҷашн гирифтанд. Ин санаро сотсиалисти олмонӣ Елена Гринберг ба хотири инқилоби моҳи мартии соли 1848 дар Пруссия, пешниҳод намуд. Соли 1912 Рӯзи занонро дар ҳамин кишварҳо 12 май ҷашн гирифтанд. Соли 1913 бошад, дар Фаронсаву Россия занон 2 март ҷашн доштанд ва ба гирдиҳамоӣ баромаданд. Дар Австрия, Чехия, Венгрия, Шветсария ва Ҳолланд 9 март ва дар Олмон бошад 12 март рӯзи занон ҷашн гирифта шуд. Яъне ҳоло 1 рӯзи муайян барои ҷашни занон вуҷуд надошт. Танҳо соли 1914 Рӯзи байналмиллалии занон санаи 8 март дар 8 кишвар: ИМА, Бритониё, Австрия, Дания, Олмон, Ҳолланд, Россия ва Шветсария ҷашн гирифта шуд. 8 марти соли 1957 кормандони корхонаҳои дӯзандагии Ню-Йорк барои ҳуқуқҳои худ ба кӯчаҳои шаҳр баромаданд. Дар натиҷаи ин рӯйдодҳо дар ИМА аввалин иттифоқи касабаи занона таъсис дода шуд, ки дар оянда барои ҳуқуқи занон мубориза мебурд. Соли 1975 бошад СММ 8 мартро чун Рӯзи байналмиллалии занон қабул кард ва ҳамон солро, Соли байналмиллалии занон эълон намуд.

Занҳои сархӯр

Моҳи феврали 1917 марҳилаи муҳим дар таърихи иди занон гардид. 23 феврали (8 март бо солшумории григорианӣ) соли 1917 занони Петроград ба майдонҳои шаҳр рехтанд ва ин таркише гардид, ки инқилоби февралиро дар Россия оғоз бахшид ва сари давлатро хӯрд. Баъди 4 рӯз подшоҳ Николаи 2 бо қарори худ, ба занон ҳуқуқи интихобот қойил шуд.

Аммо ин қарор натавонист садди роҳи инқилоб гардад. Болшевикони Петроград аз иди занон истифода бурда, дар шаҳр гирдиҳамоиҳои оммавӣ ташкил намуданд. Дар ин рӯз зиёда аз 128 000 коргар ба гирдиҳамоӣ баромаданд. Соли 1921 бошад, Конфронси 2-и коммунистии занон қарор дод, Рӯзи байналмиллалии занон 8 март (ба ёдбуди иштироки занон дар гирдиҳамоии 23 февралӣ дар Петроград) ҷашн гирифта шавад. Маҳз ин гирдиҳамоӣ заминасози инқилоби февралӣ гардид, ки дар натиҷаи он ҳукумати подшоҳӣ дар Россия сарнагун карда шуд. 

Иди занон дар СССР

Дар кишвари тозатаъсиси шӯравӣ 8 март дарҳол мақоми идро гирифт, аммо ин рӯз ҳоло рӯзи истироҳат набуд ва занон дар рӯзи идашон кор мекарданд. Дар СССР низ, занон тадриҷан бо мардон ҳуқуқи баробар ба имкони кор, истироҳат, таҳсил ва инчунин идора кардани давлатро касб мекарданд. Дар оғоз, дар Рӯзи ид ба занони шӯравӣ касе гул ҳадя намекард, аммо онҳоро зудтар аз кор ҷавоб медоданд ва мукофотҳоти гуногун медоданд. Дар баъзе мағозаҳо бошад, 8 март ба занон тахфиф қойил мешуданд. Аммо соли 1965 ба шарофати сухангӯи узви  Бюрои сиёсӣ, Валентин Александров вазъияти иди занон дар СССР тағйир ёфт. Он сол, Александр мебоист баромади Брежневро бобати 20-солагии ғалаба дар ҶБВ омода мекард. Қисмати баромад, ки ба корнамоии занон дар ҷанг бахшида шуда буд, чандин бор гардонда шуд. Ин қисмат Брежневро қонеъ намекард. Александров зиёда аз 10 бор ин қисматро тағйир медод, аммо он ба Брежнев маъқул намешуд. Завҷаи Александров барои рафъи буҳрони эҷодиаш кумак кард. Дар яке аз шабҳо занаш ба Александров гуфт: “Ҳизби ту хеле кори хубе мекард, агар ба ҷои суханҳои беҳуда, зиндагии занонро беҳбуд мебахшид”. Ин сухани занаш Александровро ба фикр водор кард, ки 8 март, Рӯзи занонро, рӯзи истироҳат эълон кунад. Александров ин фикри худро ба ёрдамчии Брежнев, Голиков иттилоъ дод ва охирӣ онро ба Брежнев гӯшзад кард. Ба Леонид Илич ин фикр маъқул шуд ва 8 март аз ин ба баъд дар СССР рӯзи истироҳат гардид. СССР солҳои тӯлонӣ ягона кишваре буд, ки дар он 8 март иди давлатӣ маҳсуб меёфт ва танҳо соли 1977 СММ бо қарори махсуси худ, тамоми кишварҳоро даъват кард, 8 мартро Рӯзи байналмиллалии занон эълон кунанд. 

Иди занон баъди СССР

Баъди пошхурии СССР баъзе ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳод аз ҷашни рӯзи занон даст кашиданд, аммо дар 1 қатор ҷумҳуриҳои дигар, ҳанӯз 8 мартро чун Рӯзи байналмиллалии занон васеъ ҷашн мегиранд. Аз ҷумла дар Тоҷикистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Украина, Беларус ва Россия 8 мартро чун пештара ҷашн мегиранд. Дар Тоҷикистон ва Узбекистон ин рӯзро ба Рӯзи модар тағйири ном карданд. Дар Эстония ва Латвия 8 мартро дигар ҷашн намегиранд, аммо мардони ин кишварҳо чун пештара дар ин рӯз ба занонашон гул ва ҳадяҳои дигар медиҳанд. Дар Туркаминстон бошад, иди занонро 20 март дар арафаи Наврӯз ҷашн мегиранд. 

Мо низ аз фурсат истифода бурда, тамоми занони кишварро бо фарорасии идашон табрик мегӯем. Мо Метавонем!

 

Меҳрубон  Салимшоев,

муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter