Принт

Дюшамбе-Сталинобод-Душанбе

 

Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии зебоманзари Ҳисор ҷойгир гардида, таърихи чандинасра дорад. Аввалин зикри катбии комилан тасдиқ шуда бобати Душанбе ба  асри XVII таалуқ дошта, дар китоби олими балхӣ Маҳмуд ибни Валӣ “Баҳр-ул-хавофӣ фи маноқибил айёр” оварда шудааст. Инчунин соли 1676 хони Балх бо номи Субҳонқул Баҳодур ба шоҳи рус Федор Михайлович мактубе навишта, дар он Душанберо ҷузъи қаламрави худ унвон мекунад. Аммо бозёфтҳои бостоншиносон дар ҳудуди шаҳри имрӯзаи Душанбе собит карданд, ки таърихи ин мавзеъ ба қарнҳои IV-V-и милодӣ мерасад. 

Водии Ҳисор аз замони Кушониён то истилои муғул дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номи “Шумон” ёд шуда, Душанбе ҷузъи ин минтақа ба шумор мерафт. Аз асри XIV ба баъд “Шумон” ба Ҳисор тағйири ном карду онро водии Ҳисори Шодмон меномидагӣ шуданд. Душанбе аз охири асри XIV шомили бекигарии Ҳисор мегардад. Мутаасифона бо сабаби ҷангҳои дохилӣ Душанбе дар асри XIX 2 маротиба хароб карда шуд. Бори аввал дар соли 1840 аз тарафи беки дарвоз Исмоилхон ва бори дуввум аз ҷониби ҳокими Балҷувону Кӯлоб Мизробшо. Бо ҳамин Душанбе шукӯҳи қаблиашро аз даст дод, аммо чун маркази муҳими интиқолӣ боқӣ монд. 

 Пойтахти мо-Дюшанбе!

Қабл аз омадани русҳо дар ҳудуди Душанбеи имрӯза чанд минтақаи маскунӣ вуҷуд дошт. Дар соҳили чапи дарёи Душанбе деҳаҳои Шоҳмансур, Сари Осиё, Ғофилобод, Миршикор, Хуҷамбиёи боло ва Хуҷамбиёи поин, Қарамишкор, Чармгарон ва Заргар вуҷуд доштанд. Деҳаи Душанбе миёни онҳо аз ҳама бузург буда, 500 хоҷагӣ дошта, аҳолии он аз 6 то 8 000 нафарро ташкил медод. 

Душанбе бори аввал дар соли 1907 пойтахти ғайрирасмии бекигарии Ҳисор гардид. Дар он сол, дар Қаратоғ заминларзаи сахт ба вуқӯъ пайваста, беки Ҳисор барои таъмини амнияташ бо аҳлу аёлаш ба Душанбе кӯчид. Моҳи феврали соли 1920 бошад Душанбе барои чанд моҳ пойтахти аморати Бухоро гашта, амир Олимхон бо дарбори фирориаш онҷо маскан гузошта буданд. 

Соли 1921 нерӯҳои Артиши Сурх амирро аз Душанбе меронанд ва ин деҳаи хурд ба яке аз марказҳои ҷанги гражданӣ дар Бухорои Шарқӣ табдил меёбад. Моҳи феврали соли 1922 қурбошиҳои Бухорои Шарқӣ Душанберо ишғол карданд ва он 2 бора ба пойтахти Қурбошиобод мубаддал гардид. Аммо 14 июли соли 1922 Артиши Сурх бори дигар Душанберо ишғол намуд ва қурбошиҳо фирор карданд. 

1 сентябри соли 1922 ба ин деҳаи водии Ҳисори Шодмон Комиссия Фавқулоддаи Диктаторӣ ташриф оварда, Душанберо ба ҳайси маркази маъмурии худ интихоб намуд. Аъзоёни русзабони ин Комиссия, Душанберо-Дюшанбе талаффуз мекарданду ҳамингуна менавиштанд. Бо ин тартиб, Душанбе аз соли 1924 то соли 1929 расман Дюшанбе номида мешуд. Аммо мардуми маҳаллӣ онро ҳамонгуна Душанбе меномиданд.

 Аз Дюшанбе то Сталинобод

Нақши Душанбе баъди таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон боз ҳам баландтар гардид. 5 феврали соли 1925 аввалин ҳокимияти расмии кишвари навтаъсис-Кумитаи инқилобии ҶМШТ вориди Душанбе шуд. Душанбеи он шабу рӯз вазъи бисёр ногувор дошт.

Аҳолии он, ки пеш аз оғози даргириҳо 14-16 000 нафарро ташкил медод, ба 1000 нафар расида буд. Ва ин ҳукумати навтаъсис маҷбур буд, корро аз сифр оғоз карда, дар ҷои 1 деҳа шаҳри замонавиеро бино намояд.  

Дар бунёди Душанбе нақши аввалин раиси Шӯрои шаҳрӣ (горсовет) Абдулкарим Розиқов бисёр зиёд аст. Бо хоҳиши ӯ соли 1926 аз Ленинград ба Душанбе гурӯҳи меъморон ва муҳандисон равона карда шуданд, ки дар сохтмони пойтахти тоҷикон нақши зиёд доштанд. Инчунин Розиқов, соли 1926 аксбардории топографии Душанберо низ анҷом дода, нақшаи сохтмони пойтахти нави Тоҷикистонро барномарезӣ кард. Моҳи апрели соли 1927 бошад, ШКХ ҶМШТ қарор “Бобати сохтмони шаҳри Душанбе”-ро қабул карда, хишти аввал ба шаҳрсозии мунтазам дар пойтахт гузошта шуд.  

10 октябри 1929 аввалин қатора (поезд) ба Душанбе омада, алоқаи роҳи оҳании пойтахти Тоҷикистон бо Маскав барқарор карда шуд. Он солҳо ба ҳайати шӯрои шаҳрии Душанбе ҷамоатҳои Роҳатӣ, Янги-Курғон, Қиблаӣ, Ҳазрати Мавлоно, Симиганҷ, Варзоб, Чорбоғ, Лучоб, Чоряккорон ва Шайнак дохил мешуданд. Инчунин соли 1925 вилояти Дюшамбе (соли 1929 вилояти Сталинобод) таъсис дода шуда, ба он туманҳои Ҳисор, Душанбе, Қаратоғ, Файзобод, Ёвон, Янгибозор ва ғ ., шомил мешуданд. 

16 октябри соли 1929 пойтахти тоҷикон ба эҳтироми Сталин-Сталинобод ном гирифт. Замони Сталинобод будани Душанбе дар шаҳр рӯйдодҳои бузурге ба вуқӯъ пайвастанд, ки мо чандтоашро инҷо зикр мекунем. Моҳи ноябри соли 1931 Раёсати Шӯрои шаҳрии Сталинобод ба шӯрои шаҳрии Маскав муроҷиат кард ва аз ҳамтоёни масквагиаш хост, пойтахти Тоҷикистонро ба сарпарастӣ бигирад. Шӯрои шаҳрии Маскав ҳам ин хоҳишро беҷавоб намонд ва Сталинобод таҳти сарпарастии Маскав даромад. Хусусан Маскав алоқаи радиёӣ ва почтаи Тоҷикистонро сарпарастӣ менамуд. Трести “Мосрадиострой” дар Сталинобод стантсияи алоқаи байнишаҳриро бунёд кард, ки алоқаро миёни пойтахти Тоҷикистон ва Тошканду Маскав таъмин мекард. Соли 1936 истгоҳи роҳи оҳани Сталинобод ва дар солҳои 40-ум дар пойтахти РСС Тоҷикистон корхонаҳои истеҳсоли семент, таъмири мошинҳо ва корхонаи электромеханикӣ сохта шуданд. Замони ҶБВ-ро метавон давраи тиллоии Сталинобод унвон кард. Дар ин давра ба пойтахти РСС Тоҷикистон даҳҳо корхонаҳои бузург аз қисмати аврупоии СССР интиқол дода шуданд.   

 

Хрушев ва Душанбе

Соли 1953 Сталин вафот кард ва Хрушев лаҷоми кишварро ба даст гирифт. Никита Сергеевич ба ҳар чизе, ки ёди Сталин медод, муносибати хуш надошт ва пойтахти РСС Тоҷикистон аз ин лист хориҷ набуд. Коммунистон тоҷик дар дуроҳа қарор гирифтанд. Аз тарафе номи доҳии маҳбуб ва аз тарафи дигар таваҷҷӯҳи шахси аввали кишвар. Соли 1956 Анҷумани ХХ-уми КПСС дуд аз кафани Сталин баровард ва ҳамаи коммунистон дар ҳолати шок қарор доштанд. Бо вуҷуди ин, коммунистони тоҷик то соли 1961 ба доҳии собиқашон содиқ монданд ва номи Сталинободро ҳифз карданд. Вале Хрушев рӯз аз рӯз қудрат мегирифт ва дар Тоҷикистон қарор доданд номи Сталинободро ҳазф кунанд. Ҳамин тариқ 10 ноябри соли 1961 Шӯрои шаҳрии Сталинобод қарор дод, номи шаҳр тағйир дода ба он номи кӯҳнааш-Душанбе баргардонида шавад. 

Ҳамин тариқ Душанбе бори дигар номи таърихиашро соҳиб шуд. Дар даҳаҳои 60-70 ва 80-и асри ХХ Душанбе ба рушди назаррасе расид ва дар соли 1989 корхонаҳои он дар 1 рӯз нисбат ба тамоми соли 1940, садҳо маротиба зиёдтар маҳсулот истеҳсол мекарданд. Маҳсулот бо тамғаи корхонаҳои истеҳсолии Душанбе на танҳо дар СССР, балки дар 23 кишвари дигар, аз ҷумла Австрия, Шветсария, Ҳолланд, Полша, Булғористон, Венгрия, Ветнам, Судон, Тунис ва ғ., маъруф буданд. Аз пойтахти РСС Тоҷикистон ба ин кишварҳо кабел, маҳсулоти алюмин, қисмҳои эҳтиётии мошину тракторҳо, арматура барои истихроҷи нафт, дастгоҳҳои автоматии бофандагӣ ва ғ., содир мегардид. Шаҳр низ бо суръат бузург мешуд ва соли 1986 то соли 1990 дар Душанбе 1 млн метри мураббаъ манзил сохта шуд, ки нишондоди назаррасе ба шумор мерафт. Душанбе ҳоло ҳам гиреҳи нақлиётии бузург ба шумор меравад ва тавассути Фурудгоҳи байналмиллалиаш бо бештари нуқоти олам ҳамлу нақл анҷом медиҳад. Ин шаҳр дар канори роҳи арбешим бунёд гардида, оҳиста оҳиста шаҳомату шавкати собиқашро касб мекунад.    

 

Меҳрубон  Салимшоев,

муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

Матлабҳои дигар