ХАБАРИ ДОҒ

Оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ 80 сол

  • Чоршанбе, Июл 07 2021

*Германияи фашистӣ 22.6.1941 соати 4 -и субҳ, бе эълони ҷанг ба СССР ҳуҷум кард. Ҳамин тавр Ҷанги Бузурги Ватании Иттифоқи Советӣ (1941 -1945) оғоз шуд.

***

*Роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбии Германия ба ҷанги зидди СССР тайёрӣ дида, 18 декабри соли 1940 директиваи №21-ро, ки номи рамзиаш «Барбаросса» буд, тасдиқ намуданд. 

***

*Нақшаи «Барбаросса» стратегияи ҷангӣ «барқосо», яъне бо зарбаи пурзӯри ногаҳонӣ  дар муддати кӯтоҳ несту нобуд кардани Армияи Советӣ ва то хатти Архангелск – Волга ишғол кардани хоки Советиро пешбинӣ менамуд. 

***

*Дар ҷанги зидди СССР душман 190 дивизия, 18 бригада (5,5 млн кас), 3700 танк, зиёда аз 47 ҳазор тӯпу миномёт ва қариб 5 ҳазор самолёт гирд овард. 

***

*Дар оғози ин ҷанг СССР дар ихтиёри худ 2,9 млн аскар, 1800 танк, 1540 самолёти типи нав дошт. 

***

*Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба се давра тақсим мешавад: Давраи 1-ум (22,06,1941-18,11,1942), давраи дуюм (19.11.1942 - охири соли 1943), давраи сеюм (1944 -9.5.1945).

*** 

*Партияи Коммунистӣ ва Ҳукумати Советӣ 22 июни соли 1941 ба халқ муроҷиат карда, ҳуҷуми аҳдшиканонаи Германияро ба Иттифоқи Советӣ хабар доданд ва халқро даъват намуданд, ки тамоми қувваро барои торумор кардани душман равона созад.

***

*Директиваи Совети Комиссарони Халқи СССР  ва КМ ВКП (б) аз 29 июни соли 1941 (баромади И.В.Сталин аз 3 июл) барномаи амалиёти халқи советӣ гардид.

***

*30.6.1941 Комитети давлатии мудофиа (КДМ), 10 июл Ставкаи Фармондеҳи Олӣ (аз 8 август Ставкаи Сарфармондеҳи Олӣ -ССО) таъсис ёфтанд. Ба ҳайати ССО И.В. Сталин, В.М. Молотов, К.Е. Ворошилов , С.К. Тимошенко, Г.К. Шуков, Б.М. Шапошников, С.М. Будёний  дохил мешуданд. И.В Сталин раиси КДМ  ва Сарфармондеҳи Олӣ интихоб гардид. 

***

*Июли соли 1943 Армияи Советӣ 6,4 млн аскару афсар, 98,8 ҳазор тӯп  ва миномёт, 9580 танк ва дастгоҳи артиллерии худгард, 8293 самолёти ҷангӣ дошт. 

***

*Тобистони соли 1943 душман дар фронти СССР ва Германия 232 дивизия, қариб 5,3 млн кас, 54,3 ҳазор тӯп ва миномёт, 5850 танк  ва тӯпи штурм, 3 ҳазор самолёти ҷангӣ гирд овард. 

***

*Аз 28 ноябр то 1 декабри соли 1943 дар Теҳрон конференсияи сардорони давлатҳои СССР, ШМА ва Англия  доир шуд. 

 

***

*Июни соли 1944 ШМА ва Британияи  Кабир дар Франсияи Шимолӣ Фронти дуюмро кушоданд. 

***

*Феврали соли 1945 Конференсияи Қрим барпо гардид.

***

*8 майи соли 1945 Карлсхорсти наздикии Берлин ба акти таслимшавии бечунучарои Германия имзо гузошта шуд. 

***

*Халқи советӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи СССР бар Германияи фашистӣ ғалабаи оламшумули таърихӣ ба даст оварда, озодӣ ва истиқлолияти Ватани худро нигоҳ доштанд. 

*9 май рӯзи иди умумихалқӣ - Иди Ғалаба эълон шуд. 

Умар Алӣ

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter