ХАБАРИ ДОҒ

 

Шурӯъ аз солҳои 80-уми асри пор ин номро борҳо аз забони акаву тағоҳои кангуртиям шунида будам. Аммо дар расонаҳо аз ин боб маълумоте ба назар намехӯрд. Зеро он айём нафароне, ки солҳои 30-юми асри ХХ бо ягон ҷурм маҳбасӣ ва ё паронда шудаанд, маълумот намедоданд. Ба ҷуз қиссаҳои даҳанакии калонсолони булукоти Кангурти вилояти Кӯлоб.

Дар оғози солҳои 20-уми асри гузашта дар навоҳии Кангурт ва Данғара чанд тан аз фарзандони бумӣ дар барқарорсозии ҳукумати нав саҳми шоиста гирифтаанд. Ин ҷониб, зодаву парвардаи диёр номи чанд тан аз муборизони ҳаёти нав, фармондеҳони сарбозони сурхро шунидаам…

 

Пролог

Абдулло командир (Абдулло Убайдуллоев) 1904, Саври Бозор, Кангурт-1939, Ҷумҳурии Худмухтори Советии Сотсиалистии Коми, Россия), Исмат командир (Исмат Халифаев) (1904, Чавроғи поён, Кангурт-16.2.1938, Сталинобод), Ёқубтӯра (Ёқуб Аминов) (1887, Мулоконӣ, Сари Хосор-1997, Шулупту, Кангурт, Мулоконӣ), Раҳмоналӣ Салим (1898, Қарақамиш (Найистон), Кангурт-1990, Кангурт), вакили Қурултойи (анҷумани) 4-уми Республикаи Халқии Советии Бухоро (1923), Ҳомид командир (Ҳомид Алиев, 1898-1948), Оимҳол Абдуллоева (1896, Кангурт-1978, Данғара, инқилобчӣ, момаи генерал Суҳроб Қосимов), Холдор Ризоев, командири сурх, баъди сардори маҳбаси (вилоятӣ) Кангурт, Назар Маҳмадалиев, Шаҳобуддин командир (Шаҳобуддин Тоиров (роҳбари отряди ихтиёриёни Балҷувон), Саидҷон Назаров (1902, Офтоблуқ, ноҳияи Кӯлоб-11.7.1944, шаҳри Кӯлоб), сардори отряд аз Қизилмазор то Кӯлоб ва чанде дигар аз инқилобчиён ва командирони маъруфи минтақа маҳсуб меёфтанд.

Бо амри тасодуф ҳини ҷамъоварӣ ва иншои маҷмӯае дар бораи корманди давлатӣ Саид Шамсулло (16.03.1939, деҳаи Чавроғи Боло, ноҳияи Кангурт-19.2.2016, шаҳри Данғара), ходими ҷамъиятӣ, вакили съезди XIX ҲК Тоҷикистон (1980), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2000) дар бораи ақрабояш Исмат командир рӯшанӣ андохтан пеш омад.

Огаҳӣ доштам, ки аз Исмат командир 1 фарзанд-писараш дар ҳудуди ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷалолиддини Балхӣ) умр ба сар мебарад. Дар ин хусус соле қабл дар хонаи раиси номвар тағоии Сафар Саидов (равонашон шод бод) огаҳӣ пайдо карда будам.

Аз ин рӯ, нимаи дувуми соли 2009 аз бузургбародараш Саид Шамсулло дархост намудам, ки ба ин масъала рӯшанӣ андозанд. Моҳи октябри  ҳамон  сол мавсуф бо писарашон Қобилҷон ба роҳ баромаданд. Онҳо аз назди бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) ба деҳаи Шӯртеппа, ки аз шаҳр тахмин 10-12 км дур буд, ба хонаи Раҳимов, собиқ сардори раёсати кишоварзии вилояти Хатлон мераванд. Ба соҳибхона мақсади сафари хешро изҳор медоранд. Раҳимов нишонии ҳамватанон-зодагони музофоти Кангурт муаллими собиқадор Абдулло Холов ва раиси Сафар Саидов (собиқ раиси ноҳияи Колхозобод, 15-сол)-ро мефаҳмонад.

Дар коғазе мавқеи ҷойгиршавии ҳавлиҳои онҳоро тасвир карда, сипас бо мошини сабукрави шахсиаш то истгоҳ оварда ба кирокаше пудус мекунад.

Шофир хонаи раисро медонистааст. Ӯ онҳоро ба хонаи писари раис Комилҷон Саидзода меорад. Пас якҷо ба ҳавлии Сафар Саидов раҳ мегиранд.  Хушбахтона раис дар хона будааст. Онҳо аз дидори якдигар хурсанд мегарданд.

Саид Шамсулло пас аз кӯфти роҳро баровардан ба соҳибхона аз боби саргардонӣ мегӯяд, муаллим Абдулло Холов ва писари Исмат командирро диданием. Аз ҳаёти Исмат командир маълумот ба даст орем. Мутаассифона, муаллим дар сафар будаанд. Он рӯз омада натавонистаанд. Он шоми фараҳбахш раис барои меҳмонони қарин зиёфати шоҳонае меороянд. 

 

Асоси воқеа

Субҳи рӯзи дигар ҳамроҳи раис ба ҳавлии муаллим Абдулло Холов мераванд. Муаллим дар хона будааст, Соҳибхона аз соли 1941 ба кори таълиму тарбияи насли наврас шуғл дошта, 30 сол директори мактаб будааст.

Саид Шамсулло:  - Тағоӣ дар бораи Исмат командир, собиқ сардори отряди Кангурт чӣ медонед?

Абдулло Холов: - Нағз дар ёд дорам, Исмат командир бо падарам дӯсти қарин буд. Тез-тез ба хонаи мо меомад. Падарам аввалин раиси ҷамоати Кулли Сӯфиёни ноҳияи Данғара буданд.

Рӯзе Исмат командир тани танҳо, баъди фурӯ рафтани офтоб аспсавор бо силоҳ (камон, шамшер, тапонча) падид омад. Вай аз чанд сокини деҳа хоҳиш кард, то ба ӯ ёрӣ диҳанд, яъне ӯро аз дарёи Вахш гузаронанд. Вай бояд ҳарчи зудтар ба Сталинобод равад, зеро илоҷи дигар надорад.

Онҳо асли воқеаро пурсон шуданд, ӯ гуфт, ки вай бо Куфелд (сардори раёсати НКВД)-и ҷумҳурӣ дӯстӣ дорад. Ҳукумат Куфелдро бо ҷурми ҷосусӣ муттаҳам сохтааст. Маро бошад пайрави ӯ гуфта нест карданианд. Барои раҳоӣ  аз ин нофаҳмӣ  ба Сталинобод  рафтани ман шарт ва зарур аст…

Мардони деҳ маслиҳат доданд, ки имрӯз дер шудааст, биё, хубаш, туро пагоҳ аз дарё мегузаронем…

Исмат ҳамон бегоҳ дар хонаи мо қарор гирифт, - қиссаашро идома бахшид Абдулло Холов. – Падарам бошад дар хонаи Сафари амакам хоб рафт.

 

(давом дорад)

 

Умар Алӣ, адиб

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter