ХАБАРИ ДОҒ

ЛАГЕРҲОИ КОНСЕНТРАТСИОНИИ ФАШИСТИИ ОЛМОН ВА ПОЛША

  • Чоршанбе, Сен 15 2021

   Шояд суоле бархезад, ки мавзӯи моҳи майӣ дар нимаи дувуми сол, моҳи сентябр ба чӣ боис ғел хӯрдааст. Мегӯем, сабаб дорад. Бе шамол шохи дарахт намеҷунбад. Ҳол он ки мавзӯи фашизм ва ваҳшонияти гитлерчиён мавзӯи куҳнанашаванда буда, нишонаҳои онҳо дар давлатҳои гуногуни олам, ба ҳар навъ зуҳур кардан дорад.

     Меоем сари мақсад. Рӯзи шанбе, 14 августи соли 2021 изҳороти Президенти Полша Анҷей Дуда расонаӣ шуд. Қонуни имзокардаи президент раванди реститутсия (барқарор кардани ҳуқуқи пештара; баргардондани молу мулки давлате, ки аз тарафи давлати дигар дар натиҷаи ҷанг ғайриқонунӣ ба даст дароварда шудааст), молу мулки касоне аз Холокост зарардида, дигар сохибмулкони яҳудӣ ва моликияти ғайрияҳудӣ, ки дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз ҷониби натсистони гитлерӣ ва баъдан ҳукумати вақти Полша мусодира шуда буд, ҷиддан маҳдуд мекунад.

   Дар ин росто Анҷей Дуда изҳор дошт, ки: «Ман имрӯз қарори қонунеро қабул кардам, ки моҳҳои охир боиси баҳсу мунозираҳои пуровоза дар мамлакат ва хориҷ аз он гардида буд. Баъди таҳлили амиқ қарор додам ба он имзо гузорам».

    Агентии Reuters оид ба ин масъала рӯшанӣ андохт, ки ин иқдом муносибати Варшаваро бо Исроил ва ИМА мураккаб мегардонад. Вазири корҳои хориҷии Исроил Яир Лапид қаблан ин ҳуҷҷатро «кирдори беадабона» номида буд.

   Моҳи июли соли 2021 сейми Полша (палатаи поёнии парлумони кишвар) ба кодекси маъмурӣ – просесуалӣ тағйирот ворид кард, ки он бо 309 овози тарафдор (120 бетараф) -и аъзои парлумон қабул гардид.

     Мувофиқи тағйироти мазкур наслҳои ояндаи қурбониёни Холокост метавонанд масъалаи мусодираи молу мулкиро дар зарфи 30 сол, аз лаҳзаи қабули ин қарор шикоят баранд.

     Ба қавли экспертҳо, дар асл ин қонун мефаҳмонад, ки наслҳои оянда (зурёт) – и қурбониён ҳатто ҳуқуқи тақрибии баргардондани молу мулки мусодира шудаи яҳудиёнро дар давраи ҷанг аз тарафи натсистон ва баъдтар ҳукумати Полша аз даст медиҳанд.

     Маҷлиси миллӣ тағйироти мазкурро 11 августи соли равон тасдиқ кард. Баъд аз он Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен аз президенти Полша даъват ба амал овард, ки ба он имзо нагузорад. Дар ин росто Блинкен изҳор дошт, ки Полшаро зарур аст, то қонуни фарогири ҳамаҷонибаро қабул кунад, ки он бобати масоили мазкур одилона бошад. 

    «То замоне, ки чунин қонун қабул намешавад, роҳ ба сӯи компенсатсия (товон) - ро барои даъвоҳои нав ва ё нафароне, ки ҳалли онро дар судҳои маъмурӣ интизоранд, наметавон маҳкам намуд», - қайд кард Котиби давлатӣ.

     Соли 2009 Варшава бо ҷамъи 45 давлатҳои аврупоӣ ба «Декларатсияи Терезинск» имзо гузошта буд, ки дар баробари ҳамаи давлатҳои имзокарда уҳдадор мешавад, ки дар асоси он ё молу мулки мусодира шударо аз қурбониёни Холокост «активҳои обшина (ҷамоат)  - ҳои яҳудиёни қаблӣ, иншооти динӣ ва моликияти хусусӣ» - ро баргардонад ё товони зарарро бидиҳад. 

    То соли 1939 диаспораи яҳудиён 10 дарсади аҳолии Полшаро (3,3 млн нафар одамон) ташкил медод. Онҳо тақрибан аз панҷ як ҳиссаи моликияти ин давлатро соҳиб буданд. Ҳамчунин фаромӯш набояд сохт, ки дар Холокост аз даҳ нуҳ нафар яҳудиёни полашгӣ зинда намонданд.

   Дар ин ҳол, аз рӯи ҳисоби муҳаққиқи Холокост, сотсиологи амрикоии аз табори полшагиҳо Ян Томаш Гросс, дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон на камтар аз 200 ҳазор яҳудиёнро ҳамкосагони полшагии натсистон қатл кардаанд.

 

     Чун ин мавзӯъ, пархош болои Холокост соли равон аз нав рӯ зад, қарор додем, то аз боби ваҳшонияти фашизми гитлерӣ, оид ба сохтумони лагерҳои консентратсионии фашистии Германия (Олмон) ва Полша, барои хонандагони рӯзнома мухтасаран, аз чанд лагери «марг» - и фашистон – Дахау, Заксенҳаузен, Бухенвалд, Освенсим (Ораниенбург, Майданек, Треблинка, Собибур, Заксенбург, Лихтенбург?…) ёд биёрем. Зеро дар қаламрави Аврупо ва берун аз он фашистони навруид зуҳур кардан доранд. Бори дигар гуфтан аз кирдорҳои фашистони истилогар ин ҳушдорест ба насли имрӯз. 

   Ҷойҳое, ки муқобилони режими натсистиро ҷазо ва азобу шиканҷа медоданд. Лагерҳои консентратсионӣ баъди ба сари ҳокимият омадани гитлерчиён соли (1933) ташкил карда шуданд.

   Аз соли 1934 идоракунӣ ва муҳофизати лагерҳои консентратсионӣ ба зиммаи мақомоти СС гузошта шуд. То сар шудани истилогарии фашистӣ маҳбусони лагерҳои консентратсионӣ (Бухенвалд, Дахау, Заксенҳаузен, Ораниенбург ва ғайра) немисхои зиддифашист, пеш аз ҳама комунистон буданд, ки онҳоро дар шароитҳои ғайриинсонӣ нигоҳ дошта, гирифтори шиканҷа ва меҳнати тоқатфарсо мегардонданд.

   Солҳои 1938 -1939 тартиботи лагерҳои консентратсионӣ дар дигар мамлакатҳои аз тарафи фашистон истилошуда низ ҷорӣ карда шуд. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ҳудуди бисёр мамлакатҳо, хусусан Полша лагерҳои консентратсионӣ (Освенсим, Майданек, Треблинка, Собибур ва ғайра) ташкил карда мешавад.

   Лагерҳои консентратсионӣ бо камераҳои газӣ ва крематорияҳо ҷиҳозонда шуда буданд ва дар онҳо маҳбусони зиёд нобуд карда шуданд. Аз 18 млн шаҳрвандони СССР, Полша, Чехословакия, Югославия, Венгрия, Фаронса, Белгия, Нидерландия ва дигар мамлакатҳо, ки дар лагерҳои консентратсионӣ буданд, 11 млн нафар ҳалок гардиданд.

Дар ин лагерҳо Э.Телман, генераллейтенанти Армияи Советӣ Д. М. Карбишев, ходимони намоёни бисёр мамлакатҳои дигар ваҳшиёна кушта шуданд.

   Монополияҳои Германия дар солҳои ҷанг аз истисмори меҳнати маҳбусони лагерҳо даромадҳои калон ба даст меоварданд. Бинобар ин муассисаҳои саноатии СС меафзуд. Ба ваҳшонияти фашизм, шароити тоқатфарсои лагерҳо нигоҳ накарда, маҳбусони зиддифашист, коммунистон ва дигарон зидди асорати гитлерӣ мубориза мебурданд. Мисоли барҷастаи он фаъолияти Комитети Бухенвалд 9 роҳбараш комунисти немис В.Бартлем) мебошад. Дар ҷойи бисёр лагерҳои консентратсионӣ музейҳо ташкил ва муҷассамаҳо гузошта шудаанд. 

ДАХАУ

    (олмонӣ daspahi), аввалин лагери консентратсионӣ дар Олмони фашистӣ, дар наздикии шаҳри Дахау (17 км дуртар аз ш.Мюнхен), ки моҳи марти соли 1933 ташкил шуда, дар он мухолифони низом (режим) -и фашистӣ, яҳудиён, лӯлиён, ҷинояткорон ва беморони рӯҳӣ нигоҳ дошта мешуданд.

   Бо оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Дахау васеъ карда шуда, дар он асиронро ҷой медоданд, ҳамчунин дар Дахау барои лагерҳои дигар роҳбар ва посбон тайёр мекарданд.

  Дар давоми мавҷудияти ин лагер дар он 250 ҳазор нафар аз 24 кишвар, аз ҷумла, аз СССР, нигоҳ дошта мешуданд.

   Дар Дахау бо одамон «таҷрибаҳои тиббӣ», аз ҷумла тобоварии инсон ба сардӣ, анҷом дода мешуд. То рӯзи баста шудани Дахау (28.4.1945) дар он 30 ҳазор маҳбус зинда монда буд.

   Соли 1960 дар Дахау ба хотири фавтидагон лавҳаи ёдгорӣ гузошта шуд. Соли 1965 осорхонаи таърихии Дахау таъсис ёфт.

ЗАКСЕНҲАУЗЕН

  (Saсhenhausen), лагери консентратсионии фашистӣ дар шаҳри Ораниенбурги Олмон, ки барои нигоҳдории мухолифони низоми фашистӣ, яҳудиён, ҷинояткорон ва беморони рӯҳӣ таъсис ёфта буд. (1936)

  Дар Заксенҳаузен ҳамзамон то 60 ҳазор маҳбус нигоҳ дошта мешуд. Аз соли 1938 дар ин лагер Саридораи лагерҳои консентратсионӣ ва маркази таълимии омода кардани муҳофизони лагерҳо амал мекарданд.

   Аз оғози Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ (1939) асирони ҳарбию сиёсӣ ва ходимони давлатии кишварҳои ишғолшуда дар Заксенҳаузен ҳабс мешуданд. Писари Сталин Яков Ҷугашвилӣ низ дар ҳамин лагер зиндонӣ буд.

   Заксенҳаузен дар дигар шаҳрҳо 55 шуъба дошт (1944). Маҳбусони лагер дар ширкатҳои гуногун, аз ҷумла, дар заводҳои металлургии шаҳри Ораниенбург, заводи самолётсозӣ, майдони озмоиши самолёту мушакҳои болдори ФАУ (дар ҷазираи Узедоми баҳри Балтика) кор фармуда мешуданд.

    Дар Заксенҳаузен олоту воситаҳои қатли омми одамон (заҳр, моддаҳои заҳрнок, газ) озмоиш мешуданд. Тирамоҳи соли 1941 дар лагер ҳамоиши русӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он бо баҳонаи муоинаи тиббӣ 12 ҳазор асири ҳарбии шӯравӣ аз пушти сар паронда шуданд. Ҳамчунин дар бадани зиндониёни Заксенҳаузен таъсири дорухои зиддисӯхтагӣ, осеб, домана ва ғайра озмоиш мешуданд.

   Маҷмӯан аз 200 ҳазор зиндонии Заксенҳаузен (аз 27 кишвар) 100 ҳазори онҳо ба қатл расиданд (1936 -1945), ки чандин ҳазорашон шаҳрвандони СССР буданд.

   Бо вуҷуди низоми шиддатнок дар Заксенҳаузен ташкилотҳои Муқовимат амал карда, баъзан коршиканӣ ва фирори маҳбусонро ташкил мекарданд. Ҳангоми ворид шудани Армияи Советӣ (21.4.1945) 33 ҳазор маҳбуси Заксенҳаузен зери ҳимояи қисми харбии СС ба соҳили баҳри Балтика фиристода шуданд.

  22.4.1945 аз Заксенҳаузен 3000 зиндонӣ аз ҷониби Армияи Советӣ ва полякҳо озод шуданд. Иштирокдорони зинда мондаи «роҳпаймоии марг» (6 ҳазорашон дар роҳ фавтида буданд) аз ҷониби қушунҳои СССР ва Амрико озод гардиданд.

   Аз моҳи августи соли 1945 то моҳи марти соли 1950, дар худуди собиқ Заксенҳаузен боздоштан (лагер) -и №7 аз 1948 - №1). Комиссариати халқии корҳои дохилӣ аз 1946 – Вазорати корҳои дохилӣ) - и СССР амал мекард, ки дар он ҷонибдорони Ҳизби миллӣ – сотсиалистии коргарони Олмон ба гуноҳи хиёнат ба ватан дастгиршуда зиндонӣ мегардиданд.

    Соли 1961 дар ҳудуди Заксенҳаузен маҷмааи ёдгорӣ (меъмор Л.Дейтерс, муҷассамазон Р.Гретс ва В. Гржимек, рассом В. Вомака) бунёд гардид. Соли 2001 ҳудуди Заксенҳаузен аз ҳисоби осорхона (вобаста ба таърихи лагери №7- шӯравӣ) васеъ гардид. Ҳоло кумитаи байналмилалии собиқ зиндониёни Заксенҳаузен фаъолият дорад.

БУХЕНВАЛД

  Лагери консентратсионии фашистон, ки соли 1937 дар маҳалли Тюринги музофоти Веймари Олмон таъсис ёфтааст. Нахустин маҳбусон ба ин ҷо 15 июли соли 1937 аз лагери консентратсионии Заксенҳаузен оварда шуданд. Дар ҳафтаҳои баъдӣ лагерҳои Заксенбург ва Лихтенбург баста шуд, маҳбусони онҳо ба Бухенвалд интиқол дода мешаванд ва 14 августи соли 1937 нахустин маҳбуси лагер ба дор овехта шуд…

   8 феврали соли 1938 бо номи «бункер» шиканҷагоҳ ва маҳалле барои парондани маҳбусон сохта мешаванд. 1 майи соли 1938 аз байни маҳбусон яҳудиёнро ҷудо карданд. Аз моҳи феврали соли 1939 дар лагер беморихои сирояткунанда домана ва исҳоли хунин паҳн мешавад.

     То охири соли 1939 аз 11807 маҳбус 1235 нафар бар асари беморӣ, шиканҷа ва гуруснагӣ фавтиданд. Аз соли 1940 дар Бухенвалд фавтидагонро дар бинои махсус – крематория месӯзонданд.

    Соли 1941 дар наздикии Бухенвалд нахустин асирони низомии Иттиҳоди Шӯравӣ паронда шуданд. Дар лагер дар бадани маҳбусон озмоишҳои тиббӣ мекарданд, ки бар асари онҳо теъдоди бисёре бо дарду азоби шиканҷа фавтиданд.

   Маҷмӯан дар Бухенвалд аз 238380 нафари маҳбус 56549 нафар ба қатл расиданд. 13 апрели соли 1945 маҳбусони Бухенвалд озод карда шуданд.

ОСВЕНСИМ

   Лагери Освенсим, лагери консентратсионист, ки фашистони немис соли 1940 дар назди шаҳри Освенсим (Полша) сохтаанд. Масоҳаташ тақрибан 500 га буд. Солҳои мавҷудияти Освенсим дар он бештар аз 4 млн шаҳрвандони СССР, Полша, Фаронса, Белгия, Венгрия, Нидерланд, Руминия, Чехословакия, Югославия ва мамлакатҳои дигар ваҳшиёна кушта шуданд.

   Коммунистон ба зулму таъқиби бераҳмонаи фашистон нигоҳ накарда, дар лагер ячейкаҳои махфӣ ва гуруҳҳои ҷангӣ ташкил доданд. Тирамохи соли 1944 маркази роҳбарикунандаи ташкилоти муқобилат дар лагер шуриш тайёр кард, вале як гуруҳ маҳбусон пеш аз муҳлат номутшаккилона шӯриш сар карданд, ки дар натиҷа шӯришгарон шикаст хурданд. Зиёда аз 200 нафар асирон дар даст яроқ ҳалок шуданд. Гитлерчиён шӯришгарони боқимондаро ваҳшиёна ҷазо доданд.

   Асирони зиндамондаи Освенсимро 27 январи соли 1945 қӯшунҳои советӣ озод карданд. Ҳоло дар худуди лагер музей такил шудааст. Моҳи сентябри соли 1985 Комитети байналмилалии Освенсим таъсис ёфт.

 

Умар Алӣ

30.08.2021

13:30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter