ХАБАРИ ДОҒ

Амалиёти ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Советӣ аз 30 сентябри соли 1941 то 20 апрели 1942 бо мақсади мудофиаи Москва аз қӯшунҳои фашистии немис ва торумор кардани онҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 – 1945) идома ёфт.

Муҳорибаи назди Москва ба ду давра тақсим мешавад: ҷангҳои мудофиавӣ (30. 9 – 4.12.1941) ва ҳуҷуми ҷавобӣ (5 – 6.12.1941 – 7 – 8.1.1942), инчунин ҳуҷуми умумии қӯшунҳои советӣ (7 – 10.1 – 20.4.1942).

 

«ТАЙФУН»

Фармондеҳии немис нақша дошт, ки қӯшунҳои советиро дар самтҳои Взяма – Москва ва Брянск – Москва торумор, Москваро аз Шимол ва Ҷануб иҳота карда, шаҳрро ишғол намояд ва бо ҳамин ҷангро ба охир расонад. Гурӯҳи армияи «Марказ» (77 дивизия, аз ҷумла 14 дивизияи танкӣ ва 8 дивизияи моторикунонидашуда, зиёда аз 1 млн аскар, 1,7 ҳазор танк, 14 ҳазор тӯпу миномёт, 950 самолёт) нақшаи забти Москваро бо номи рамзии «Тайфун» тартиб дод.

Ба муқобили армияҳои душман қӯшунҳои фронтҳои Ғарбӣ (фармондеҳаш генерал – полковник И. С. Конев), Брянск (фармондеҳаш генерал – полковник А. И. Ерёменко) ва Эҳтиётӣ (фармондеҳаш Маршали Иттифоқи Советӣ С. М. Будённий) меистоданд (қариб 800 ҳазор аскар, 6800 тӯпу миномёт, 780 танк ва 545 самолёт).

 

ҶАНГҲОИ МУДОФИАВӢ

30.9.1941 гурӯҳи 2 – юми танкии душман ҳуҷуми худро бар зидди Фронти Брянск сар кард. 2.10.1941 қувваҳои асосии гурӯҳҳои армияи «Марказ» ба муқобили фронтҳои Ғарбӣ ва Эҳтиётӣ ба ҳуҷум гузаштанд. Душман дар наздикии Вязма ва ҷанубтари Брянск қисмҳои ҳарбии 19, 20, 24, 32 – юми қӯшунҳои советиро муҳосира намуд, аммо як қисми онҳо аз муҳосира баромаданд.

Қӯшунҳои советӣ ба сӯи хати мудофиавии Волокаламск – Можайск – Малоярославетс – Калуга ақиб нишастанд. Фронтҳои Ғарбӣ ва Эҳтиётӣ ба Фронти Ғарбӣ муттаҳид карда шуданд. (аз 10.10.1941 фармондеҳаш генерали армия Г. К Жуков). 17.10.1941 аз қаноти рости Фронти Ғарбӣ (армияҳои 22, 29, 30, 31 – ум) Фронти Калинин ҷудо карда шуд (фармондеҳаш генерал – полковник И. С. Конев).

 

 

«ЛАШКАРИ ХАЛҚӢ»

Дар задухӯрдҳои самти Можайск қӯшунҳои советӣ душманро 7 рӯз нигоҳ доштанд, вале 12.10.1941 фашистон Калуга, 18.10.1941 Можайск, Малоярославетсро ишғол намуда, дар назди д. Протва ва Нара қарор гирифтанд. Комитети Давлатии Мудофиа Москваро дар ҳолати муҳосира эълон карда, ҳамаи меҳнаткашонро даъват намуд, ки ба Армияи Сурх ҳарҷониба мадад расонанд. Сокинони Москва пойтахтро қаҳрамонона мудофиа мекарданд.

Дар муддати 6 рӯз 12 дивизияи лашкари халқӣ ташкил карда шуд (қариб 160 ҳазор нафар). Тамоми халқи советӣ ба муҳофизатгарони Москва кумак мерасонд.

Бисёр муассисаҳои партиявӣ, ҳукуматӣ ва илмӣ аз Москва ба шаҳрҳои дигар кӯчонда шуданд. Бюрои Сиёсии КМ ВКП (б), Ҳукумати Советӣ, Комитети давлатии Мудофиа, Ставкаи Сарфармондеҳи Олӣ дар пойтахт монданд. Дар натиҷаи муқобилати шадиди Армияи Сурх ҳуҷуми душман дар даромадгоҳи Москва боздошта шуд.

 

ПАРАДИ ҲАРБӢ

Ба ҳолати муҳосира нигоҳ накарда, 7 ноябри соли 1941 дар Майдони Сурхи Москва паради анъанавии қӯшунҳои советӣ барпо гардид. Ҷанговарон аз парад рост ба фронт рафтанд.

Аввали моҳи ноябр фармондеҳии немис барои ҳуҷуми дуюм ба муқобили Фронти Ғарбии советӣ 51 дивизия, аз ҷумла 13 дивизияи танкӣ ва 7 дивизияи моторикунонидашударо ҷамъ кард. Фармондеҳии советӣ 11 ноябр армияи 50 – уми Фронти Брянск ва 17 ноябр армияи 30 – юми Фронти Калининро ба ихтиёри Фронти Ғарбӣ дод.

Фашистон ҳуҷуми дуюми худро аз Шимолу Ғарб (15 – 16.11.1941) ва Ҷанубу Ғарб (18.11.1941) сар карданд. Онҳо Клин, Солнечногорск, Истра, Красная Полянаро (27 км дуртар аз Москва) забт намуданд. Қӯшунҳои советӣ ҳаракати минбаъдаи душманро ба сӯи Москва боздошта, 27 – 29 ноябр дар ноҳияи Яхрома ва Красная Поляна ба душман зарбаи ҷавобӣ заданд.

 

ҲУҶУМИ ҶАВОБӢ

5 – 6.12.1941 фронтҳои Калинин, Ғарбӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ аз Калинин то Елетс ба ҳуҷум гузаштанд. Онҳо дар назди Москва қариб 720 ҳазор аскар, 5900 тӯпу миномёт, 415 установкаҳои артиллерияи реактивӣ, 670 танк, 760 самолёт доштанд (душман 800 ҳазор аскар, 10400 тӯпу миномёт, 1 ҳазор танк, зиёда аз 600 самолёт дошт).

Ба душман зарбаи асосиро Фронти Ғарбӣ зад. Фронти Калинин дар самти Рига ҳуҷум кард. Ҳуҷуми ҷавобӣ дар қаноти чапи Фронти Ғарбӣ ва хати Фронти Брянск (18.12.1941 аз нав ташкил карда шуд) бомуваффақият вусъат ёфт.

 

НАФАСИ САБУК

То аввали январи 1942 душман аз Москва то 100 – 250 км ақиб партофта шуд. Қӯшунҳои советӣ зиёда аз 11 ҳазор маҳалли аҳолинишин, аз ҷумла Калинин ва Калугаро озод карда, хавфи ба Тула зада даромадани фашистонро бартараф намуданд. 

Дар муҳорибаи назди Москва ҷанговарони дивизияи 316 – уми тирандози И. В. Панфилов, корпуси гвардияи савораи генерал – майор Л. М. Доватор, гвардияи 1 – уми дивизияи тирандози мотории Москва таҳти роҳбарии генерал – майор А. И. Лизюков корнамоӣ нишон доданд. Ба армия партизанҳои вилоятҳои Калинин, Смоленск, Орёл ва Тула ёрии калон расонданд.

 

ТАЛАФОТИ ДУШМАН

Дар Муҳорибаи назди Москва гитлерчиён зиёда аз 500 ҳазор аскар, 1,3 ҳазор танк, 2,5 ҳазор тӯп, зиёда аз 15 ҳазор автомашин ва ғайраро талаф доданд. Ин муҳориба аҳамияти бузурги ҳарбию сиёсӣ ва байналхалқӣ дошт. Ин ғалаба иқтидори Давлати Советӣ ва армияи онро нишон дод…

Барои далерию шуҷоат дар Муҳорибаи назди Москва ба 46 қисмҳои ҳарбӣ номи гвардия дода шуд. 110 ҷанговар унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гирифтанд. 36 ҳазори онҳо бо ордену медалҳо мукофотонда шуданд. Дар ин корзор дар қатори дигар халқҳои советӣ фарзандони шуҷои Тоҷикистон бар зидди фашистони разил далерона размиданд.

 

САҲМИ ТОҶИКОН

Моҳи ноябри соли 1941 аз РСС Тоҷикистон ба мадади муҳофизатгарони Москва дивизияи 20 – уми савораи Байрақи Сурху ордени Лениндор омад. Барои бомуваффақият иҷро кардани супоришҳои ҳарбӣ, мардонагӣ ва шуҷоат дар Муҳорибаи назди Москва 150 нафар ҷанговарон, командирон ва кормандони сиёсии дивизия, аз ҷумла, С. Улуғзода, А. Пирмуҳаммадзода, Р. Ҷалилов, Д. Кратов, В. Зубков, И. Обидов, Б. Искандаров, Ш. Аҳмадҷонов, А. Очилов, Б. Дӯстов, Р. Мавлудов, А. Пиров, А. Маслик, Г. А. Филиппов, М. Иброҳимов ва дигарон бо ордену медалҳо мукофотонда шуданд.

Бо Фармони Президиуми Совети Олии СССР аз 1 майи соли 1944 медали «Барои мудофиаи Москва» таъсис гардид, ки зиёда аз 2 млн нафар аскарону афсарон бо он мукофотонда шуданд…

 

ДИВИЗИЯИ 20 – УМИ САВОРАИ ТОҶИК

Дар хусуси қаҳрамониҳои сарбозони дивизияи 20 – уми савораи тоҷик, ки дар мудофиаи Москва ширкат варзидааст, дар асарҳои таърихшиносон маълумот ба назар мерасад. Яке аз дивизияҳои захираи ба мудофиаи Москва ҷалбшуда дивизияи 20 – уми савораи тоҷик буд, ки 17 – уми ноябри соли 1941 ба ҷанг даромад ва 20 – уми ноябри ҳамон сол ба ҳайати корпуси машҳури савораи генерал А. М. Доватор пайваст.

Қисме аз дивизияи 20 – уми савораи тоҷик амалиёти ҷангиро ҳанӯз 15 – уми ноябри соли 1941 дар назди деҳаҳои Носово ва Николско шуруъ карданд, ки қариб 20 соат давом ёфт. Зери ҳамлаи сахти ҳавоиву заминии душман онҳо мавқеи худро ба ҷониби деҳаи Теряева – Слобода тағйир доданд…

Командири эскадрони полки 103 – юми савораи Ҳисори дивизияи мазкур, афсари шуҷоъ, лейтенанти калон Мирзораҳмат Юсуфов, ки дар муҳорибаи Москва пеш – пеши полки худ рейдҳои ҷасурона мебурд, бо ордени Ситораи Сурх ва медали «Барои шуҷоат» сарфароз гардид. Ӯ 3 – юми декабри соли 1942 баъд аз муборизаи 42 – рӯзаи озод кардани Белофастовкаи минтақаи Ржев – Сичевка тири душман дар тохти асп ба замин афканд ва пас аз маргаш Мирзораҳмат Юсуфовро бо ордени Ҷанги Ватании дараҷаи Iқадр намуданд…

Дивизияи 20 – уми савораи тоҷик дар Муҳорибаи назди Москва бештар аз 5000 нафар аскару афсарони фашистро нобуд карда, зиёда аз 20 маҳалли калони аҳолинишинро озод намудааст. Ҳазорҳо фиристодагони Тоҷикистон дар ин ҷо аввалин таҷрибаи ҷангиро омӯхтанд. Барои корнамоиҳо 150 нафар аскарону афсарони дивизияи мазкур бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонда шуданд. Лейтенанти дивизия Абдулло Нурмуҳаммадов дар яке аз задухӯрдҳо 17 немисро кушта, 1 афсарро асир гирифта, соҳиби ду орден шудааст…

Танкчиёни моҳир Сангин Файзиев ва Пӯлод Қосимов барои иштироки фаъолона дар ҳуҷуми ҷавобии назди Москва ва экипажи онҳо бо ордени Ситораи Сурх сарфароз гардидаанд.

Инструктор – санитар Неъмат Абдуллоев дар Можайск зери борони тир ҷони худро дар хатар монда, 73 – нафар одамони бегуноҳро, ки немисҳо дар таҳхонаи калон андохта, онро оташ зада буданд, наҷот дод ва барои шуҷоаташ бо медали «Барои хизмати ҷангӣ» қадрдонӣ гашт.

Пулемётчӣ Малик Юсуфов (аз шаҳри Бохтар) дар яке аз набардҳо қариб 30 нафар аскар ва афсарони фашистро нобуд кард. Барои ин ҷасурӣ бо ордени Байрақи Сурх сазовор гардид…

Дар назди Москва торумор шудани қӯшунҳои фашистӣ дар соли якуми Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ибтидои гардиши куллӣ ва аввалин мағлубияти калони фашистон дар ин ҷанг буд. Нақшаи «Барбароса» - и фашистӣ ба боди фано рафт. Ғалаба дар назди Москва руҳбаландии бузурги сиёсӣ ва меҳнатиро дар СССР ба амал овард.

 

  

Умар АЛӢ

7.12.2021

 

    

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter