Принт

ЧӢ БУДУ ЧӢ ШУД?


Чанд пора аз рӯзгори Камол Пӯлодов -Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ

ДЕБОЧА

Тасодуф аз байни рафи китобҳо маҷмуаи тунукаки нурпаридаи бефара – биобиблиографияи (китобномаи шарҳиҳолии) доктори илми таърих Сайфиддин Алиевич Раҳимов ба назар хӯрд, ки он соли 1997 дар Муассисаи табъу нашри «Санадвора» ба чоп расида будааст. Дар оғози китоб шарҳи ҳоли муаррих дар таълифи Ф. Б. Зикриёев, доктори илми таърих, профессор ва Ш. К. Тошев, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, дарҷ ёфтааст.

Дар саҳифаи 7 порае диққатамро рабуд: «Соли 1961 дар яке аз суҳбатҳояш бо полковники мустаъфӣ Р. Ҷалилов ӯ (С. А. Раҳимов – У. Ш.) оиди қаҳрамонии аскари қаторӣ Камол Пӯлодов (дар ҳуҷҷатҳо Камол Пӯлотов) ва далериву мардонагии ин ҷанговари тоҷик, ки бо гранатаҳо худро зери танки душман андохта, ҳамяроқонашро аз марг наҷот додааст, иттилоъ пайдо намуд. Муҳаққиқ дар назди худ мақсад гузошт, ки ба ҳаёти давраи ҷангии ин марди шуҷоъ аз наздик ошно шавад. Ба ин хотир, ӯ маводи зиёди бойгониро мавриди омӯзиш қарор дода, бо далелҳои муътамади илмиву мантиқӣ исбот намуд, ки Камол Пӯлодов на танҳо аскарӣ қаторӣ аст, балки «Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ» мебошад ва ин унвонро ба ӯ соли 1943 Президиуми Шурои Олии ИҶШС додааст» (66).

Ба рақами 66 назар афканда хондам: «Боз як қаҳрамони тоҷик //Садои мардум. – 1995. – 17 июн. Роҷеъ ба бозёфти санади таърихӣ дар бораи ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сарфароз гардонидани ҷанговари қаторӣ Камол Пӯлодов (ҳамон ҷо, саҳ. 18)».

Мутаассуф, ҳарчанд андешидам, аммо дар хусуси шердил, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Камол Пӯлодов чизе намедонистам. Ҳол он ки, то ба ҳол, дар хусуси қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ, диловарони ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иртиботдошта бисёр хондаву рӯйхати қаҳрамонони он ҷангро мураттаб намудаам.

То ба имрӯз аз боби 76 нафар зафарёрон то ҷое маълумот гирд овардаву бобати матонати онҳо дар сангарҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 дар матбуоти даврӣ мунтазам мавод ба табъ мерасонам.

 

ҶУСТУҶӮ

Дар хусуси Камол Пӯлодов дар китоби муҳаққиқ – ҷангноманавис Лидия Петрова Сечкина «Твои герои Таджикистан» (Душанбе, 1985). Д. Х. Алимов, «Боевые и трудовые подвиги Хатлонцев в годы ВОВ (1941 – 1945 гг.), Душанбе, «Ирфон», 2014. Г. Шерматов, «Кавалерийские дивизии сформированные в Таджикистане в боях против Вермахта…», Душанбе, «Орбита», 2017. Т. Т. Пиров, Н. М. Назаршоев, «Таджикистан: исторические  события…», Душанбе, «Офсет», 2010 ва ғайра барге маълумот пайдо нашуд.

То ба ҳамон маврид аз матлаби «Боз як қаҳрамони тоҷик», рӯзномаи «Садои мардум», 1995, 17 июн, мақола – «хушхабар»-и устод Сайфиддин Раҳимов огаҳӣ надоштам. Аҷиб, ки бо гузашти 26 сол аз чопи ин матлаб нафаре ҳам дар бораи боз як Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Камол Пӯлодов ёдрас нашудааст. Шояд ин аз он боис буд, ки ҳангоми чопи мақолаи таҳти назар кишвар ҳанӯз ноором буду аз дигар сӯ теъдоди нашр ва дастрасии рӯзнома боис гашта, ки аз он мардум огаҳ наянд. Ва ё ба ҳикмати халқ гуруснаву ошуфтаҳол он рӯзҳо кай парвои хондани рӯзнома доштанд…

Дар пайи суроғи Тоҷиддин, масъули чопи рӯзномаи «Садои мардум», баҳри дарёфти он матлаб ҷадал кардам. Рӯзи душанбе, 19 июли соли 2021, бастаи соли 1995-и рӯзномаро дарёфтем. Аз раҳи осон истифода бурдем ва беташвиш он маводро акс бардоштам.

Матлаби мазкур зери рубрикаи «Хушхабар» дар саҳифаи якуми рӯзнома бо номи «Боз як қаҳрамони тоҷик» (Сайфиддин Раҳимов, доктори илми таърих, профессор), бе акси қаҳрамон, чоп шуда будааст. Бино ба иттилои муаллиф, аскари сурх, тоҷикписар Камол Пӯлодов дар сангари Сталинград ба унвони олии қаҳрамонӣ қадр гашта. Муаррих ёд меоварад, ки бори нахуст соли 1962 полковники мустаъфӣ Раҷабалӣ Ҷалилов ӯро таҳрик дода, ки перомуни қаҳрамонии ҷанговари шуҷоъ Камол Пӯлодов ҷустуҷӯи ҷиддӣ анҷом диҳад.

Пас аз ин вохӯрӣ бо шахсияти таърихӣ устод Сайфиддин Раҳимов дар ҷустуҷӯ ва таҳқиқ гом мениҳанд ва нахустин маълумоти дастраснамудаашонро чунин ба қалам медиҳанд: «Инак, баъди солҳои зиёд аз бойгонии ҳарбии ш. Подолск (Россия) дарёфтам, ки ҷанговари қаторӣ Камол Пӯлодов дар ҳайати дивизияи 61-уми савораи тоҷик, дар остонаи Сталинград қаҳрамонона ҷангида ҳалок гаштааст…». 

Авҷи аълои (кулминатсияи) мавод ба чунин ранг аст. Ҳангоми ҳарбу зарб вазъият дар хатти пеши корзор басо хатарзо гашта, ба ҳамяроқони тоҷикписар марг таҳдид мекунад. Камол Пӯлодов бо як бастаи норинҷакҳо худро зери танки душман андохта, шоҳпалангро месӯзонад.

Аз ин бора профессор С. Раҳимов 2 майи соли 1995, дар чорабинии бахшида ба 50-солагии Ғалаба дар Институти давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, нақл мекунад. Баъди ин суханронӣ чанд рӯз пас, ҳини вохӯрӣ бо корманди илмии осорхонаи Китобхонаи Фирдавсӣ, ҷангноманавис Бекназар Аҳмадов (равонашон шод бод) дар хусуси қаҳрамонии Камол Пӯлодов ёдрас мешаванд.

 

МУЖДА

Пас аз даҳ рӯз Бекназар Аҳмадов мужда мегиранд, ки дар хусуси қаҳрамон далели муътамад ёфтааст. Дар рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх», аз 24 апрели соли 1943, матни Укази Президиуми Совети Олии СССР чоп шуда будааст.

Дар Указ (фармон) омада: «Барои намунавор иҷро кардани супоришҳои ҷангии командадиҳӣ дар фронти мубориза бар зидди истилогарони немец ва дар ин бобат нишон додани шуҷоат ва қаҳрамонӣ ба онҳо бо супурдани ордени Ленин ва медали «Ситораи тилло» номи Қаҳрамони Союзи Советӣ дода шавад»…

Дар ин рӯйхат ному насаби 13 нафар диловарони советӣ дарҷ ёфтааст. Таҳти рақами 10 ному насаби «Аскари сурх Пӯлотов Камол» мақом ёфта.

Фармони мазкур бо имзои раиси Президиуми Совети Олии СССР М. Калинин ва котиби Президиуми Совети Олии СССР А. Горкин ба тавсиб расида.

МУРОҶИАТ

Дар он маврид муаррихи шинохта мегӯяд, ки акнун соли таваллуд, зодгоҳ ва хешу ақрабои наздиктарини қаҳрамонро бояд биҷӯем, то ном ва акси ӯ дар саҳфаи таърих сабт ёбад. Дар интиҳои матлаб муҳаққиқ ба хонандагони рӯзнома муроҷиат менамояд: «Мо дар бораи ин қаҳрамони тоҷик номаҳо, аксҳо, ҳуҷҷатҳо, санадҳои шуморо интизорем, дӯстон».

Дар поёни матлаб нусхаи Укази (Фармони) Президиуми Совети Олии СССР аз рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх», аз 24 апрели соли 1943 дарҷ гаштааст.

 

БОЗЁФТ

Ба наздикӣ аз сомонаи иҷтимоӣ маълумоти зайлро дастрас намудем. Пӯлодов Камол (1918 - ?) дар деҳаи Аттарак (?), ҳозира ноҳияи Ромитани вилояти Бухорои РСС Ӯзбекистон, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Миллаташ ӯзбек.

То оғози ҷанг дар колхози ба номи В. И. Ленин кор кард. Соли 1938 комиссариати ҳарбии ноҳияи Ромитан ӯро ба сафи Армияи Сурхи коргару деҳқон даъват намуд.

Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз моҳи ноябри соли 1942. Дар ҳайати дивизияи 61-уми савора, ки дар Тоҷикистон ташкил ёфта буд, аз шаҳри Сталинобод ба фронт сафарбар гардид.

Дивизияи онҳо баъди рахна кардани хатти фронт мебоист ба ҷануб тоб хӯрда, аз самти берунии иҳотаи фронт мудофиа мегирифтанд. Субҳи 21 ноябр эскадронҳои дивизия дар гашти васеъ қисмҳои паҳншудаи қӯшунҳои руминиҳоро зада бароварданд ва бо ҳуҷуми ҷасурона бо шамшерҳои бараҳнаи сафи саворон деҳаи Абганерово (ноҳияи Октябри вилояти Сталинград) – ро забт карданд. Дар ҷангҳои назди деҳаи Абганерово, колхози «Красный герой», сарбози сурх Пӯлотов дар ҳайати дастаи худ пулемёти душманро бо идоракунандааш маҳв намуд.

Баъди озод кардани Абганерово дивизияи 61-уми кавалерӣ (савора) рӯзҳои 22 – 24 ноябр ҷангҳои бобарор анҷом дод, аксаран бо зарбаи шамшер деҳаи Умансеворо ишғол ва дар айни ҳол штаби дивизияи руминиҳоро торумор карданд. 26 ноябр фармон шуд, ки шаҳри Котелниковоро, ки бо маълумоти разведка группировкаи танкии гитлерчиён ташкил ёфта буд, ишғол намоянд.

26 ноябри соли 1942 дар подомани деҳаи Шарнаутовский (ҳозира шаҳраки Шарнаут, ноҳияи Сарпинск, Қалмиқистон) кавалеристҳо, ки бо 35 танк ба ҷанг даромада буданд, ба муқобилияти мустаҳками сахти душман дучор шуданд.

Мувофиқи маълумоти амалиёти ҷангӣ, ду ҳуҷуми танкии душманро зада гардонданд. Дафъаи савум душманон ба сафи ҷангии қӯшунҳои советӣ зада даромаданд. Дар натиҷаи задухӯрди нобаробар, 7 танкро оташ заданд. Полки 222-юми савора ва дивизиони 13-уми алоҳидаи савора – артиллерӣ талафоти калон диданд.

Дар интиҳои ин набард сарбозон ва афсарони зиёд ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ пешниҳод гаштанд.

Аз варақаи мукофотонии Камол Пӯлотов: «… ба батарея аз се самт 36 танки душман (шли) меомаданд. Вақте ки бо оташи танкҳо даста аз қатор бароварда шуд, рафиқ Пӯлотов танҳо дар назди тӯп оташкушоиро то лаҳзаи охирин қатъ накард. Ҳангоме ки танк ба самти тӯпи ӯ ҳаракат кард, барои гирифтани пеши роҳи танк ва эмин доштани тӯп, бо як даста тири тӯп худро зери танк партофт. Ҳамин хел р. Пӯлотов қаҳрамонона ҳалок шуд».

Пайвандон аз сарбозони ҳамватан оид ба набарди охирини ӯ ва аз ҷанозаи аскари ҳалокшуда нома гирифтанд.

Бо Фармони Президиуми Совети Олии СССР аз 21 апрели соли 1943 барои нишон додани қаҳрамонӣ ба сарбози қаторӣ Пӯлотов Камол унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд (пас аз марг).

Дар ҷабҳа ва дар зодгоҳаш аз қаҳрамонии ӯ варақаи таблиғотӣ чоп карданд. Деҳае, ки вай дар он ҷо таваллуд шуда буд, колхозу кӯчаҳо номи ӯро гирифтанд. Дар бораи қаҳрамониаш шеъру сурудҳо эҷод шуданд.

 

АММО

Баъдан маълум гашт, ки дар он задухӯрд сарбози сурх Пӯлотов зинда монда, ба асорат афтода будааст ва 3 майи соли 1945 озод шудааст. Баъди тафтиш дар мақомоти НКВД барои идомаи хизмат ба дивизияи 353 – юми тирандозӣ сафарбар мешавад. Охири моҳи майи соли 1945 Камол Пӯлотовро аз аскарӣ ҷавоб медиҳанд.

Вай ба зодгоҳ баргашта, дар колхози ба номи В. И. Ленин ҷамоати Камол Пулотови ноҳияи Ромитани вилояти Бухоро кору зиндагӣ мекард.

Моҳи сентябри соли 1946 комиҷроияи вилояти Бухоро ба Президиуми Совети Олии СССР дар бораи бекор кардани Фармон аз 21 апрели соли 1943 бо чунин дархост (ариза) баромад:

«…аз он бас ки Пӯлотов Камол корнамоии қаҳрамонона нишон надодааст, бо гранатаҳо худро зери танк напартофтааст. Вай зинда аст…».

Дар баробари ин барои дигар кардани номи кӯчаҳо, колхозҳо, ҷамоатҳо ва ғайра, ки ба номи Камол Пулотов гузошта шуда буданд, хоҳиши иҷозат карда шудааст.

Бо Қарори Президиуми Совети Олии СССР аз 14 октябри соли 1947 Фармон аз 21 апрели соли 1943 дар қисми ба Пӯлотов Камол додани унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ бо тавсияи «бо сабаби пешниҳоди беасос» бекор карда шуд.

Бо ордени Ленин (21.04.1943) сазовор шуда буд, аммо мукофотҳо супурда нашудааст.

Камол Пӯлотов дар колхози ба номи В. И. Ленини ноҳияи Ромитани вилояти Бухоро кор ва зиндагӣ мекард. Аз тақдири ояндаи ӯ маълумот дастрас нагардид.

 

* ЭЗОҲ: Санаи даъват ба аскарӣ (соли 1938) аз варақаи мукофотонӣ гирифта шудааст. Мумкин аст то оғози ҷанг аз аскарӣ рухсат шуда, соли 1942 ҳангоми ташкил додани дивизия дафъатан ба хизмат даъват шуда бошад.

*Акс (сурат) – и ҷанговар аз варақаи таблиғотии соли 1943 чопшуда гирифта шудааст. Этим объясняется наличие погон, которые в реальном бою Камолов носить ещё не мог.

Умари ШЕРХОН

27.12.2021

* Сайфиддин Алиевич Раҳимов (Биобиблиография),

Душанбе, XII.1997, Муассисаи  табъу нашри «Санадвора», Адади нашр 400.

** С. А. Раҳимов: Китобномаи шарҳиҳолӣ, таҳия ва вироиши Шариф Тошев. –

Душанбе: «Санадвора», 1997 – 28 саҳ.   

Матлабҳои дигар