ХАБАРИ ДОҒ

ТЕАТРИ ВИЛОЯТИИ ДАВЛАТИИ МАЗҲАКАВИИ ХОРУҒ БА НОМИ А. РӮДАКӢ

  • Чоршанбе, Июн 15 2022

 

5 августи соли 1936 мувофиқи Қарори Комитети Марказии ПК (б) РСС Тоҷикистон ва Совети Комиссарони Халқи ҷумҳурӣ дар Хоруғ Театри вилоятии давлатии драмаи мусиқӣ кушода шуд, ки режиссёри он Шариф Бақоев буд. Асоси онро иштирокчиёни кружоки ҳаваскорони санъати вилоятӣ ташкил намуданд.

Театри Хоруғ аз аввалин ҳайатҳои эҷодии касбии тоҷик аст. То соли 1958 Театри мусиқӣ ва аз соли 1958 то 1994 Театри драмаи мусиқӣ мазҳакавии ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ ном дошт.

Театр фаъолияти худро аз барномаҳои консертӣ ва пйесаҳои якпардагӣ сар карда буд. Дар назди театр оркестр ташкил шуд, ки асосан аз асбобҳои миллӣ иборат буд. Асарҳои эҷодиёти халқ дар шакли аслиашон иҷро карда мешуданд ва барои ин навозандагон, ҳофизон ва раққосони халқӣ ҷалб карда мешуданд.

Минбаъд пйесаҳои «Дохунда» (аз рӯи романи Садриддин Айнӣ), «Сарҳадчиён»-и В. Бил – Белосерковский, «Аршин мололон» - У. Ҳоҷибеков, «Қасам» ва «Хари муқаддас»-и С. Саидмуродов ба саҳна гузошта шуда буданд. Дар натиҷаи офаридани намоишҳои нав ба нави замонавӣ театр тамошобинони зиёдеро ҷалб менамуд. Тобистони соли 1937 артистони театр дар намоиши эҷодиёти халқҳои Тоҷикистон дар Москва иштирок доштанд.

Соли 1941 дар Даҳаи адабиёт ва санъати халқи тоҷик дар Москва иштирок ва бомуваффақият ҳунарнамоӣ кард. Моҳи сентябри соли 1946 дар пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Сталинобод азназаргузаронии 1 – уми санъати Помир барпо шуд. Дар азназаргузаронӣ театри вилоятии Хоруғ спектакли М. Миршакар «Қишлоқи тиллоӣ» ва «Гунаҳкорони бегуноҳ»-и А. Н. Островскийро намоиш дод. Театри Хоруғ дар байни театрҳои ҷумҳурӣ аввалин шуда ба драматургияи А. Н. Островский рӯ оварда буд. Ин озмун комёбиҳои намоёни театрро дар такмили санъати театри касбии вилояти Бадахшони Кӯҳӣ намоиш дод. Соли 1947 режиссёри театр Меҳрубон Назаров пйесаи М. Миршакар «Тошбег ва Гулқурбон»-ро ба саҳна гузошт. Мусиқии ин намоишро бастакор Н. Қурбонҳусейнов навишта буд. Спектакл солҳои зиёд намоиш дода шуд.

Соли 1951 хатмкардаи шуъбаи режиссёрии Институти театрии Ленинград ба номи А. Н. Островский, Ф. М. Тошмуҳаммадов саррежиссёри театр таъин мешавад. Вай чунин намоишҳоро ба саҳна гузошта буд:

«Духтари беҷиҳоз»-и А. Н. Островский, «Зангирӣ»-и И. В. Гогол, «Дар соҳили Панҷ-и Л. Барда. Баъдтар пйесаҳои «Нисо»-и Б. Виталев, аз рӯи романи ҳамноми П. Лукнитский, «Асрори дилҳо»-и А. Раҳмонов, «Чанори гӯё»-и Б. Раҳимзода ва С. Саидмуродов. 

Моҳи сентябри соли 1958 ба муносибати 1100 – солагии зодрӯзи асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ бо Фармони Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ба театри Хоруғ номи шоири бузург дода шуд. Репертуатри театр сол ба сол хеле ғанӣ. Намоишҳо аз таърихи гузаштаи халқи тоҷик, муборизаи қаҳрамононаи он баҳри барқарор намудани Ҳокимияти Советӣ, комёбиҳои меҳнаткашони ҷумҳурӣ ва меҳнати эҷодкоронаи онҳо нақл мекунанд. Театр ҳамчунон бисёр пйесаҳои драматургҳои ҷумҳуриҳои бародариро манзури тамошобинон гардондааст. 

Дар театр гурӯҳи калони артистони бомаҳорат ба камол расидаанд. Аз ҷумла, Артисти халқии СССР Ғ. Ғуломалиев, Артистони халқи РСС Тоҷикистон Б. Карамхудоев, С. Шоисмоилова, Г. Худоёрбекова, Б. Анорбекова, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон М. Назаров, Артистони шоистаи Тоҷикистон А. Хоҷаев, Қ. Иматшоев, Ҳофизони халқии Тоҷикистон М. Қурбонҳусейнов, М. Хӯҷамиров ва дигарон…

Аз соли 1976 то 1996 роҳбарии театрро Х. Давлатбеков ба уҳда дошт. Аз соли 1996 роҳбари бадеии театр М. Назаршоева…

 

У. АЛӢ

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter