Принт

Ҷавоне, ки ҷои бародараш ҶБВ рафт

Дар замони осоиштаи мо, ки ҷавонон даъвои мардӣ кардаву аз Армия мегурезанду боз баҳонаи «облава» оварда, кишварашонро бадном месозанд, мехоҳам роҷеъ ба ҷавонмарди асиле қисса кунам, ки дидаву дониста, ҷои бародарбузурги хеш ба коми аждаҳои марг-ҶБВ рафта буд. Умедворам ин қисса дили ҷавонмардони Тоҷикро аз тарс тиҳӣ ва ба Ватан гарм мекунад. Мо метавонем!

 

Тобистони соли 1941. Дар кӯҳистони Балҷувон акнун гандум рӯ сурх кардаву даравгарон-хурду калон, зану мард дар пуштаи Кафлезаки деҳаи Ғундиён гандум медаравиданд. Аз саргаҳи тал садои гирову гуворои бобои Сафари хушовоз ба дуриҳои дур танинандоз буд:

-Ман доғаме ёре…

Дар он миён махсуми Борон дар гандумдаравӣ пешсаф буду моҳир, касе аз ӯ дар сабқат дастболо нашудааст. Амаки Маҳмади ғундиёнӣ мавриди муносиб шӯхиомез мегуфт: 

- Махсум ганда даравгари хуб аст…

Ба ин хотир, роҳбарони хоҷагӣ ӯро дар ақибгоҳ манъ карда буданд. Зеро он солу замон комбайни гандумдаравӣ камёфт буду дастнорас. Ҳама кор дастӣ анҷом меёфт. Нафаре баланд садо кард:

- Аврате гирякунон боло медавад.

- Мисли хоҳари махсум, - гуфт дигаре.

Борон қомат рост, даст лапар карда, синчакорона назар дӯхт, хоҳарашро шинохт. Дилаш гум зад, хавотир шуд, чӣ воқеа рух дода бошад? Вагарна ӯро чӣ коре мебуд дар ин ғояти рӯз. Ҳамин субҳ ӯ дос, кадуи об ва нимтаи нон дар камарбанд аз хона баромада буд. Хоҳараш назди ӯ расида, дар бараш нишаст, нафас рост кард ва ниҳоят канда-канда гуфт:

- Ака-ма бур-дан…

- Чӣ?

- Ака-ма, махсуми Одила ҷанг бурдан.

Досашро болои замин, бари кадуи об монду ними нон бо худ, футаашро маҳкамтар баст. 1001 фикр дар сараш мечархид. Роҳравон ба худ андешид, акаам фарди бомартаба, сарвари қавм, таҳсилкардаи Бухоро. Қавм бе сарвар намешавад. Кӣ мардумро роҳбарӣ мекунад? Не, намешавад! Худо накарда, дар ҷабҳа нохушие рух диҳад, бесоҳиб мемонем. Ман бояд ба ҷои акаам ба ҷанг равам. Агар рафтаву ҳалок шавам ҳам, боке нест. Акаам бояд ин ҷо бимонад. Охир, мо бародарони ҳамхун, фарзанди 1 падару 1 модарем…

 

Аз Балҷувон ба ҶБВ

Қатори даъватшудагонро дар лаби оби дарёи Тоҳир дарёб ва ба афсар-намояндаи комиссариати ҳарбии н.Балҷувон муроҷиат кард:

-Рафиқ командир, акаамро ҷавоб диҳед, ман ба ҷояш ба аскарӣ меравам. 

-Чӣ хел? - забон хоид афсар.

-Ӯ акакалон аст…

Афсар аз мардумони бумӣ буд ва аз шахсияти махсуми Одил ва мартабаи эшон дар қаламрав огаҳии хуб дошт. Ором ва сабурона гуфт:

-Ихтиёр дар дасти шумо бародарон…

Бузургбародар бо иҷоза аз саф берун шуд. Борон дар паҳлуи Карими Маҳмадӣ аз деҳаи Оби Дара ва Абдуалим (аз қишлоқи Токак) дар саф рост шуд. Наваскарон моту мабҳут монданд. Ин манзараи дилпазиру писандидаро назора бурда, ба бародарони муҳтарам, фарзандони падар қоил монда, хомӯш ашк мерехтанд. Гиребон ғунча карда, шукрона мегуфтанд, ки бо гузашти қарнҳо дар ин водӣ тухми ҷавонмардон кам нагаштааст. Акаву додар якдигарро сахт ба оғӯш гирифта, ором ашк рехтанд. Махсуми Одил ҳини видоъ афзуд:

-Ту ҳатман, бо пои худ, саломат ба зодгоҳ бармегардӣ, паноҳат ба Худо!

-Дидор то қиёмат, - гуфт махсуми Борон.

Наваскарон пои пиёда роҳакӣ шуданд. Аз Балҷувон ба раҳи Кангурту Гули Зиндон, Пули Сангину Кофарниҳон то ба Сталинобод расиданд. Тавассути қатора ба Тошканд ва аз он ҷо ба фронт. Борон дар 1 саф бо сарбозону афсарони шӯравӣ бар зидди душманони ғаддор дар разм шуд. Неруи хешро алайҳи гитлерчиён, дар саркӯб кардани душманони ғаддор равон сохт. Ин ҷанг не, даҳшат буд. Диловари кӯҳистонӣ рӯзи маҳшарро дар ҷабҳаи Смоленск аз сар гузаронд. Тир жоласон мерехт, имкони сар баланд кардан набуд. Аз ҳар 2 ҷониб талафоти ҷонӣ зиёд шуд. Дар таърихи ҶБВ муҳорибаи Смоленск яке аз задухӯрдҳои шадидтарин ҳисоб меёбад.

Аз рӯзномаи сарбози немис

"28 декабр. Аспҳоро хӯрдем. Танҳо саманди баргузидаи генерал мондааст, ки ба вай на даст мерасад, на дандон. Наход ӯ умед дорад, ки бо ин ёбуи худмурда аз интиқом гурезад? Аскарони мо ба ҳукми мурдаанд ва чун васвосиён пайваста меҷӯянд, ки чизеро фурӯ баранд. Аз снарядҳо намегурезанд, маҷоли роҳ ёфтан, хам шудан ва панаҳ бурдан надоранд. Лаънат ба ҷанг!".

Бозгашт ба Балҷувон

Борон Исмоилов соли 1943 дар яке аз муҳорибаҳои вазнин, бар асари бомбаандозии самолёти фашистон ҷароҳати сахт бардошт. Тири адӯ ба чанд ҷои баданаш расид. Ӯро ҷарроҳӣ карданд, сарбози ғаюр аз 2 ангушти дасти чап маҳрум монд. Баъди табобат ёфтан, ӯро ба хона ҷавоб доданд. Аз омадани ҷанговар аҳли байт, хешу ақрабо, ҳамдиёрон шодон гаштанд. Соҳибхона ҳамаи анвои эҳтиётиро болои хон рехт. Пайи мардум, аҳли авлод ва эътиқодмандон то ба чанд ҳафта аз дари хонадони эшон канда набуд. Аз ҳама зиёд махсуми Одил хурсандӣ мекард. Шукр мегуфт, ки бо хости Парвардигор додаракаш бо пои худ ба макони хеш баргашт. То омадани Борон аз ҷабҳа ҳар доим сари дастархон махсум ба ҷигарбандону пайвандон ба таъкид мегуфт:

Ҳеҷ макун, эй писар, зи даҳр гила,

К-аз вай шукр аст 100.000 маро.

Баъди поён ёфтани Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар асоси қарори Ҳукумати ҶТ барои обод кардани заминҳои Чубек (Ҳамадонӣ) ва Фархор мардуми ноҳияҳои Балҷувон, Сари Хосор, Ховалинг, Даштиҷум ва Шӯроободро муҳоҷир карданд. Аҳли оилаи махсуми Борон аввали солҳои 50 ниҳоят дар рустои Дараи Калоти ҷамоати "Қаҳрамон"-и н.Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) қарор гирифтанд. Сарбози шуҷоъ Борон Исмоилов солҳои зиёд дар колхози «Правда»-и н.Москваи вил.Кӯлоб софдилона заҳмат кашида, бо меҳнатдӯстиаш байни мардум обрӯманд гашт. Хидматҳои ҷангии сарбози диловар Борон Исмоилов бо чандин ордену медал ва ифтихорномаҳои меҳнатӣ қадр шуда, вале бузургтарин хидмати ӯ он буд, ки ҷои фарзанди падар ба ҷабҳаи марг рафт. Магар чунин бародарон ҳоло ҳастанд?

Бародар он бувад, к-ӯ рӯзи сахтӣ,

Туро ёрӣ кунад дар тангбахтӣ.

  Ёддошти фарзанди сарбоз Қурбоналӣ Боронов

сокини деҳаи Ҷонбахти н.Ховалинг:

-Аз ҳаёти ҷангии қиблагоҳӣ ҳикоятеро дар хотир дорам: Қабл аз ҳуҷуми навбатӣ аскарони Шӯравӣ дар хандақ, ҳар кас ба ҳар навъ вақт мегузаронд. Ҳини фориғ падарам бо ҳамяроқаш Абдуалим (аз деҳаи Токакии н.Балҷувон) дарди дил мекунад. Рафту дар задухӯрд нохушие рух диҳад, хабарро ба волидайни якдигар ба Ватан бубарем. Аснои муколамаи ҳамшаҳриҳо садои фармондеҳ баланд мегардад:

-Ба ҳуҷум!

-Ба пеш, барои Ватан, барои Сталин! Ура-ра!...

Абдуалим бо 1 хез аз хандақ бурун ҷаста, дар саф 1-2 қадам зад. Аммо аз само снаряде барқосо падид омада, ба фарқи сари ӯ бархӯрд. Ҷуссаи сарбози ошно пора-пора гашта, пареш хӯрд. Ҳар бори пеши назар овардани ин манзара дили кас хун мешавад.

Нақли Карим Маҳмадӣ,

ҳамхизмати Борон Исмоилов, сокини деҳаи Оби Дараи н.Балҷувон:

-Борон мудом пилотка (кулоҳи расмии ҳавонавард, 1 хел каллапӯши тобистонии ҳарбӣ-У.Ш) ё телпакашро ятреба (дар гӯшаи сар) мемонд (мисли тоқии чакани ҷавонони кӯлобӣ) ва ҳар доим аз фармондеҳи взвод накӯҳиш мешунид:

-Рядовой Исмаилов, поправте головной убор!

-Есть, товарищ командир!-мегуфту боз кулоҳашро Тоҷикона мегузошт.

PS:Исмоилов Борон-иштирокчии ҶБВ, падари яке аз чеҳраҳои фарҳангиву сиёсии ҳукумати имрӯза-Исмоилзода Ёқуб Борон мебошанд...

 

Умари Шерхон, адиб

 

Матлабҳои дигар