ХАБАРИ ДОҒ

 

Моҳи январи соли 1943, 80 сол қабл дар шаҳри Краснодон фашистон аъзои ташкилоти пинҳонкори комсомолии «Гвардияи ҷавон» - ро бо азобу шиканҷаҳои зиёде ба қатл расонданд.

Дар давраи советӣ қаҳрамонии пионерон, наврасон, комсомолон, ҷавонон басо шоиста таблиғ мешуд. Фидокориву ҷоннисории онҳо дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 дар филмҳои бадеӣ, китобҳо, плакатҳои таблиғотӣ, дар мактабу ҳунаристонҳо, корхонаву муассисаҳо, гӯшаҳои синфӣ ва ҳоказо сабт мегаштанд.

Ба мисол, қаҳрамонии комсомолони пинҳонкори Краснодон Олег Кошевой, Уляна Громова, Иван Земнухов, Сергей Тюленин, Любов Шветсова ва дигар аъзои «Гвардияи ҷавон» - ро аз хурд то бузург хуб медонистанд, чун ин корнамоиро ҳукумати вақт филм кардаву онро тавассути телевизиони марказӣ ва дар кинотеатрҳои мамлакат пайваста намоиш медоданд.

Бо он сабаб, ки аз ин корнамоӣ ва марги диловарони «Гвардияи ҷавон» 80 сол сипарӣ гашт, ба ёд овардани матонати ҷавонони пинҳонкорро намунаи ибрати ватандӯстӣ медонем.

 

САЙРИ ҚОМУСҲО

Чун одат, сарфи назар аз расонаҳои электронӣ маъмулан мавзуи таҳти назарро аз қомусҳои тоҷикӣ ҷустем. Аз «Энсиклопедияи советии тоҷик» интизориҳо доштем ва хато ҳам накардем. Дар ҷилди 2 – и Қомуси советӣ (Душанбе, 1980) дар бораи «Гвардияи ҷавон» 41 сатр маълумот бо 5 акси диловарон – қаҳрамонони сатҳи аввали ташкилоти мазкур: О. В. Кошевой, У. М. Громова, К. А. Земнухов, С. Г. Тюленин ва Н. Г. Шветсова дарёфт шуд, ки аз он хушнуд шудем.

Ба гуфте, бо ин баҳона ба «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик», саҳ.253, ҷилди 4, ш.Душанбе, 2015 назар афкандем, аммо дар ҳарфи «Г» ба мавзуи «Гвардияи ҷавон» рӯ ба рӯ назадем. Мумкин аз рӯи талаботи нав ин мавзуъ сарфи назар шуда бошад. Аммо ба андешаи инҷониб ҷо кардани ҳамон 41 сатр маълумот зараре ба бор намеовард, зеро мавзуи болозикр – матонату қаҳрамонӣ, ватандӯстиро дар худ таҷассум мекард. Ҳамчунон, Тоҷикистони азиз дар асри XX узви комилҳуқуқи давлати СССР маҳсуб меёфт. Зикри қаҳрамонии ҷавонон дар корзори Ҷанги Бузурги Ватанӣ намунаи ибрат аст.

Баъдан, ҳич наметавон, ки 67 соли таърихи миллатро дар садаи XX (1924 – 1991) бо Иттиҳоди Шуравӣ сарфи назар кард. Ин таърихи мост ва аз дастоварду манфиат, хубиҳош, диловарию қаҳрамонии ҷавонмардони он овон гуфтанро зарур ва ҳатмӣ медонем.

 


НАХАНД БАР ХЕШ...

Баъди барҳам хӯрдани давлати абарқудрати СССР, сар аз солҳои 90 – ум дар миқёси Россия ва кулли ҷумҳуриҳои бародарӣ либерализм (равияи идеологию сиёсии буржуазӣ, бепарвоӣ, мусолиҳакорӣ) бо тору пудаш дар қалбҳои шаҳрвандон ошён гузошт. Онҳо аз ҳама аввал ба таърихи 74 сола (1917 – 1991) - и СССР хати бутлон кашиданд. Кулли дастовардҳо, музаффарият, муқаддасот, заҳмати коргарону деҳқонон, қаҳрамониву бародарӣ ва дӯстии халқу миллатҳои Иттиҳоди Шуравиро таҳти интиқоди сахт қарор доданд.

Либералҳо – бепарвоёни мусолиҳакор, ки танҳо дар андешаи ҷайб ва манфиатҳои хеш саргардон буданд, боз ба мазоҳи он ҳама, таърихи гузаштаи хеш пардохтанд. Натиҷа он шуд, ки қариб аз давлат, аз будаи хеш монанд. Дар урфият мегӯянд, наханд бар хеш, ки ояд аз пеш...

Инак, бо дандон тез кардани империалистон ва иттиҳод бастани мамолики Ғарб кунун ба ҳуш омаданд. Суханони чархонандаҳо нисбат ба даврони шуравӣ нармтар гаштааст. Фаҳмашон расида истодааст, ки давлат бе сиёсат намешавад. Хидмати ҷавонону комсомолон, коммунистону Сталин (бо ҳама буду набудаш) дар қомат алам кардани СССР ва ҷумҳуриҳои бародар, ба вижа Россия кам набудааст. Акнун фаҳмида истодаан, ки давлат бе идеология буда наметавонад ва дар пойдору собит мондани давлат идеология чи нақшеро бозида метавонад...

 

 «ГВАРДИЯИ ҶАВОН»

Дар давраи советӣ, қаҳрамонии ташкилоти пинҳонкори комсомолӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 бар зидди фашистони истилогар достон шуда буд. Он диловарӣ аз ҷониби дастгоҳи давлатӣ сахт таблиғ мешуд.

«Гвардияи ҷавон» соли 1942 дар шаҳри Краснодони вилояти Ворошиловград таъсис ёфта, онро комсомолони матинирода О. Кошевой, И. Земнухов, С. Тюленин, У. Громова, И. Туркенич, В. Третякович ва Л. Шветсова пештоз буданд. Онҳо таҳти роҳбарии ташкилоти партиявии пинҳонкор амал мекарданд.

Дар ҳайати «Гвардия ҷавон» 91 нафар ҷавонон (аз он ҷумла 21 нафар коргар, 41 нафар талаба ва 14 нафар хизматчӣ) буд. Ташкилоти мазкур аҳолиро аз вазъияти фронт ва аҳволи дохилии мамлакат хабардор намуда, муқобили гитлерчиён варақаҳо ба табъ мерасонд ва онҳоро дар байни аҳолӣ паҳн мекард, муборизаи яроқнок бурда, маҳсулоти барои Германия тайёршударо оташ мезад.

Дар ихтиёри ташкилот 4 радиоприёмник, матбааи махфӣ, яроқ, моддаҳои тарканда буд. Моҳи январи соли 1943 фашистон гвардиячиёни ҷавони ҳабсшударо азобу шиканҷаҳои сахт дода куштанд.

Бо Фармони Президиуми Совети Олии СССР аз 13 сентябри соли 1943 ба У. Громова, И. Земнухов, О. Кошевой, С. Тюленин, Л. Шветсова унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд.

Як қисми Гвардияи ҷавон бо ордену медалҳои СССР мушарраф шуданд.

Бахшида ба фаъолияти Гвардияи ҷавон нависандаи маъруф А. А. Фадеев бо ҳамин унвон роман навишт ва аз рӯи он режиссёри номвари номвари С. А. Герасимов филм гирифт. Баъдан дар асоси романи Александр Фадеев спектаклҳо таҳия шуданд. Ба бисёр колхозу совхозҳо, пунктҳои аҳолинишин ва ғайра номи Гвардияи ҷавонро дода буданд.

  

НАМУНАИ ИБРАТ

Ба ҳич ваҷҳ давраҳои муайян, шахсиятҳои таърихӣ, фарзандони ҷонфидои Ватан, қаҳрамониҳои ҷавонмардон, олимону аҳли фазл ва ҳоказо аз лавҳаи таърих зудуда нахоҳанд шуд. Онро наметавон аз саҳфаи таърихи башар пок кард, зеро он таърихи ҳар яки мост. Мо наметавонем якуякбора аз асри XIX рост ба асри XXIба парвоз биёем, чун дар миён асри XX – ро дорем.

Садаи XX ба ҳамаи буду набудаш, ду ҷанги ҷаҳонӣ, шӯру қиёмҳо, таъсисёбии давлати фуқаропарвари СССР ва ҳам Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ва ё хайр моли таърих аст.

Аз ҳар як давраи таърихӣ чизи хубашро ба дил бояд бардошт. Ба кӣ ҷавонон бояд пайравӣ кунанд? Ба падару бобоҳои қаҳрамони худ, бавижа аз диловарию қаҳрамонии нафарони даврони шуравӣ дар корзори Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Зикри ному фидокориҳои мардони арсаи набард, дифокорони марзу бум намунаи ибрат ба ҷавонон хоҳад буд.

Одами бафаҳм теша ба решаи худ намезанад.

Чун дар асри навин, равнақи фаҳшу фуҷур, идеологияи муғризонаи мамолики абарқудрати дунё, ки майнаи ҷавононро батамом гич месозанд, аз рӯи эҳтиёт ва андешаи амиқ кор бояд гирифт. Аз ин нуқтаи назар, моро месазад, ки ба ҷои филмҳои фачу лач, киноҳои даҳшатбарангузу зӯроварона ва таҳлукабори амрикоӣ гоҳ – гоҳе филмҳои даврони гузашта, истеҳсоли киностудияҳои собиқ СССР – ро ба маъраз гузорем.

Аз он зумра филмҳои бадеии «Чапаев» - и бародарон Георгий ва Сергей Василевҳо, «Қисмати инсон» - и Сергей Бондарчук, «Озодсозӣ» - и Юрий Озеров, «Падари аскар», «Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор» - и Т. Лиознова, «Гвардияи ҷавон» - и С. А. Герасимов, «Онҳо баҳри Ватан меҷангиданд» - и Василий Шукшин, «Қиссаи зиндони Павиак» - и С. Ҳамидов ва даҳҳо филмҳои дигари мазмуни ватандӯстона, инсонгароёна доштаро намоиш додан мувофиқи мақсад мебуд. Аз ин миён, диловарию қаҳрамонӣ, фидокориҳои ҷавонони пинҳонкори Краснодон - «Гвардияи ҷавон» таҳти роҳбарии Олег Кошевой намунаи ибратест баҳри ҷавонони фидокор.

Боқӣ бошед саломат!

 

Умари ШЕРХОН

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter