ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Авг 03 2016

6.08.1917. Дар Русия ҳукумати 2-юми муваққатӣ бо сарварии Александр Керенский таъсис дода шуд. 

6.08.1940. Эстония ба ҳайъати Иттифоқи Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ расман ҳамроҳ карда шуд ва ҷумҳуриҳои СССР акнун ба 15 адад расиданд.

Ҷумъа, Июл 29 2016

29.07.1918.Рӯзномаи «Новая жизнь» («Ҳаёти нав»), ки муассисаш Максим Горкий буд, аз тарафи болшевикон баста шуд.

Панҷшанбе, Июл 21 2016

22.07.1960. Ҳукумати инқилобии Куба корхонаҳои истеҳсоли қандро, ки моликияти ИМА ба ҳисоб мерафтанд, миллӣ кунонид. Акнун қанди Куба ба СССР интиқол мешуд.

Ҷумъа, Июл 15 2016

16.07.1917. Оғози шӯриши «июлӣ» дар Петроград. Ин шӯриш аввалин кӯшиши болшевикон барои гирифтани қудрат дар Русия ба ҳисоб меравад. Аммо ба ҳукумати муваққатии Керинский он замон муяссар гардид, ки ин шӯришро саркӯб намояд.

Ҷумъа, Июл 08 2016

9.07.1941. Коллегияи ҳарбии суди Олии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ, генетики маъруфи шӯравӣ, академик Николай Иванович Вавиловро бо ҷурми ҷосусӣ ба нафъи Англия ба қатл маҳкум намуд.

Панҷшанбе, Июн 30 2016

4.07.1937. Дар Иттифоқи Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ олими намоёни соҳаи хоҷагии қишлоқ, сардори Академияи Умумироссиягии илмҳои хоҷагии қишлоқ, агрохимик, ходими давлатӣ ва ҳизбӣ, академик Александр Иванович Муралов ҳамчун душмани халқ ба ҳабс гирифта шуд.

саҳ 28 аз 31

Китобҳо

Flag Counter