ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Янв 02 2020

27.12.1932. Дар СССР бо қарори КМИ ва ШКХ системи паспортӣ ва бақайдгирии ҳатмӣ ҷорӣ карда шуд.

27.12.1968. Чин аввалин озмоиши бомбаи гидрогениашро анҷом дод. Ҷумҳурии Халқии Чин дар оғоз бо СССР ҳамроҳ буд ва Сталин дар аввалин фурсат иҷозат дод Чинро атомӣ кунанд. Чин муфт соҳиби силоҳи атомӣ гардид ва баъди чанде бомбаи гидрогениашро ҳам сохт.

27.12.1976. Дар СССР аввалин комплексӣ азимтарин корхонаи мошинсозии атомӣ "Атоммаш”-и Волго-Донск ба кор андохта шуд.   

27.12.1979. Нерӯҳои вежаи КГБ ва ГРУ-и СССР қароргоҳи роҳбари Афғонистон Ҳафизуллоҳ Аминро дар Кобул ба тассаруф дароварданд. Бо куштани Амин марҳилаи гарми бархурди СССР шуруъ ва нерӯҳои Армияи 40-ум вориди Афғонистон мегарданд. 

29.12.1927. Дар кӯчаҳои Ленинград бори аввал соатҳои электрониро насб карданд.

29.12.1927. Дар СССР коммунаи кӯдакон бо номи Ф.Э. Дзержинский ифтитоҳ ёфт. Роҳбарияти коммунаро муррабии тавоно Антон Макаренко ба ӯҳда дошт ва баъдан дар аввалин кишвари Шӯроҳо коммунаҳои зиёди дигар пайдо шуданд.

29.12.1932. Кумитаи марказии ОСВЕОХИМ рутбаи муътабари "Тирандози Ворошиловӣ"-ро ҷорӣ кард. Тирандози Ворошиловӣ дараҷаи 1-ум ва 2-юм ҳам дошт.

29.12.1979. Дар СССР дар дохили воҳидҳои низомии Вазорати корҳои дохила дастаи таъиноти махсуси "Витяз" таъсис дода шуд.

30.12.1922. Дар Анҷумани 1-уми Шӯроҳо Декларатсияи таъсисёбии СССР қабул карда шуд. 

30.12.1953. Дар СССР Раёсати КМ ҲКИШ барои омӯзиши асноди репрессияҳои оммавӣ дар солҳои 1935-1940 комиссияи махсусро таъсис намуд.

 31.12.1917. Русияи Шӯравӣ бо Декрети ШКХ соҳибистиқлолии Финляндияро ба расмият шинохт. Мегӯянд Ленин ба финҳо ваъда дода буд, ки агар ба қудрат бирасам ҳатман озодатон хоҳам кард ва ба ваъдааш вафо кард.

31.12.1919. Дар шаҳри Тарту, миёни РСФСР ва Эстония шартномаи сулҳ ба имзо расид ва тарафайн оташбас эълон карданд. Баъди чанде РСФСР истиқлоли Эстонияро ба расмият шинохт ва Эстония низ яке аз аввалин кишварҳое буд, ки РСФСР-ро расман эътироф кард.

Чоршанбе, Дек 25 2019

20.12.1917. Дар РСФСР Комиссияи фавқулъоддаи умумирусиягӣ (ВЧК) барои мубориза бо аксулинқилобиён ва коршиканӣ таъсис дода шуд. Сарварии ниҳоди навро Феликс Дзержинский ба ӯҳда гирифт, ки бо тахаллуси "Феликси оҳанин" маъруф аст.

20.12.1935. Дар пойтахти СССР меҳмонхонаи "Маскав" ифтитоҳ гардид. Ин меҳмонхона асоситарин макони буду бошӣ меҳмонони хориҷии СССР буд ва бештари хориҷиён дар ин меҳмонхона сукунат доштанд.

20.12.1938. Дар СССР бо қарори ШКХ дар ҳамаи корхонаҳо дафтарчаҳои меҳнатӣ ҷорӣ карда шуд.

20.12.1939. Дар СССР, бахшида ба 60 солагии Иосиф Сталин мукофотҳои сталинӣ ҷорӣ гардид. Ин мукофотҳо ҳамчун ҳавасмандкунии созандагони фаъоли коммунизм истифода мешуданд.

20.12.1991. Бонки давлатии СССР фаъолияти худро қатъ кард. Тамоми сармоя ва амволи ин Бонк ба Бонки Марказии Русия интиқол дода шуд.

21.12.1991. Дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Алма-Ато дар дидори сарони 9 ҷумҳурии собиқи шӯравӣ Эъломияи қатъи мавҷудияти СССР ба имзо расид.

22.12.1943. ШКХ-и СССР матни нави Гимни давлатии СССР-ро ба тасвиб расонид. 

22.12.1989. Дар Руминия низоми коммунистии Николай Чаушеску сарнагун карда шуд. 

22.12.1994. Парлумони Ҷумҳурии худэълони Қарабоғи Кӯҳӣ қарор дод, дар ин ҷумҳурӣ мансаби президентиро таъсис диҳад. Аввалин президенти Қарабоғ Роберт Кочерян интихоб карда шуд.

23.12.1947. Дар СССР бо қарори Раёсати ШО 1 январ рӯзи ид ва истироҳат эълон карда шуд.

24.12.1989. Анҷумани 2-юми вакилони мардумии СССР бо қарори худ вуруди нерӯҳои Артиши Шӯравиро ба хоки Афғонистон дар моҳи декабри соли 1979 маҳкум кард. 

25.12.1939. Дар матбуоти шӯравӣ телеграмҳои ҷавобии Сталин ба Гитлер ва рибентроп нашр гардиданд. Дар ин телеграм аз ҷумла омада буд, ки "Дӯстии халқҳои Олмон ва Иттиҳоди Шӯравӣ, ки бо хун мӯҳру мум шудааст, бояд дурдароз ва мустаҳкам бимонад."

Чоршанбе, Дек 18 2019

12.12.1937. Иттиҳоди Шӯравӣ дар Намоишгоҳи ҷаҳонии Порис ширкат варзид.            Ин намоишгоҳ бо шиори "Санъат ва техноложӣ ва ҳаёти муосир" баргузор гардида, СССР дастовардҳои назаррасе дар он ба намоиш гузошт.

12.12.1949. Иттиҳоди Шӯравӣ Конвенсияи Женеваро бобати муҳофизати қурбониёни ҷанг имзо кард.

12.12.1979. Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ қарор дод, нерӯҳои низомии СССР-ро вориди хоки Афғонистон кунад. Баъди чанде, аввалин воҳидҳои низомии Артиши Шӯравӣ вориди Афғонистон шуданду ҷанги хонумонсузе дар ин кишвар оғоз гардид. Нерӯҳои Шӯравӣ танҳо соли 1989 Афғонистонро тарк карданд.

12.12.1993. Дар Русия бо овозидиҳии умумимардумӣ Сарқонуни Русияи Федеративӣ қабул карда шуд. Ин рӯзро дар Русия аз соли 1994 чун Рӯзи Сарқонун ҷашн мегиранд.

13.12.1969. Дар шаҳри Нижне Камски Тотористон сохтмони заводи мошинсозии Камск оғоз карда шуд. КамАЗ соли 1976 аввалин мошинҳои боркашро истеҳсол намуда, имрӯз ҳам мошинҳои ин ширкат дар роҳҳои собиқ Иттиҳод зиёд дида мешаванд.

14.12.1917. Дар Русияи Шӯравӣ бо Декрети ШКХ тамоми бонкҳо давлатӣ гардонида шуданд.

15.12.1917. Дар Русияи Шӯравӣ бо Декрети КМИ ва ШКХ Шӯрои Олии хоҷагии халқ (ВСНХ) таъсис дода шуд. ВСНХ олитарин ва марказитарини ниҳоди идораи хоҷагии халқи Русия ба шумор мерафт.  

15.12.1959. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ системи мушакии балистикии байниқорраӣ (межконтинентальный) Р-7 ба истифода дода шуд. Ин системаро С.Королев ихтироъ кард ва акнун мушакҳои шӯравӣ метавонистанд ИМА-ро ҳадаф қарор диҳанд.

15.12.1991. СММ қарори қаблии худро, бобати нажодпарастӣ будани сионизм, ки соли 1975 қабул карда буд, бекор кард. Акнун СММ сионизмро, ҳаракати миллии қавми яҳуд, ки мақсади он мутаҳидкардан ва эҳёи миллати яҳуд дар сарзамини таърихӣ мебошад, унвон кард.

Чоршанбе, Дек 11 2019

4.12.1918. Дар Латвия Ҳукумати муваққати Шӯравӣ бо сарварии Петр Стучко таъсис дода шуд.

4.12.1946. Дар корхонаи автомобилҳои хурдҳаҷми Маскав (ин корхона аз соли 1968 номи комсомоли лениниро гирифт ва АЗЛК номида шуд) аввалин автомобили "Москвич-400" ҷамъоварӣ гардид.

4.12.1948. Кумитаи давлатии Шӯрои Вазирони СССР бобати ворид кардани технологияҳои муосир дар хоҷагии халқ, ихтирооти И. С. Брук ва Б.И. Рамеевро таҳти №10475 ба қайд гирифт. Ин ихтироот аввалин мошини барқии ҳисобкунӣ ё роёна буда, ин рӯзро мешавад чун рӯзи таваллуди компютери шӯравӣ унвон кард.

5.12.1931. Дар шаҳри Маскав калисои Исои Наҷотбахш тарконда шуд. Ин калисо яке аз калисоҳои бузург ва бонуфузи проваславӣ буда, барои диндорони рус аҳамияти вежа дошт. Калисоро баъди пошхурии СССР дубора барқарор карданд.

5.12.1941. Оғози ҳуҷуми ҷавобии Артиши Сурх дар назди Маскав. Ин ҳуҷум немисҳоро аз остонаи пойтахти Шӯравӣ дур андохт ва достони шикастнопазирии артиши Гитлерро хотима бахшид.

6.12.1917. Финляндия соҳибистиқлолии худро аз Русия эълон кард.

6.12.1925. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ нерӯгоҳи барқии Шатурск ба кор андохта шуд. Ин нерӯгоҳ, ки номи доҳии боллшевикон Владимир Ленинро соҳиб буд, он шабу рӯз бузургтарин ва самараноктарин нерӯгоҳи торфӣ дар ҷаҳон ба шумор мерафт. 

6.12.1936. Дар СССР Сарқонуни нав, ки сарқонуни сталинӣ ном гирифт, қабул гардид. Ин Сарқонун Шӯрои Олии кишварро (парлумони ду палатаӣ) ниҳоди олии ҳукуматӣ эълон кард. 

Чоршанбе, Дек 04 2019

28.11.1918. Дар Русияи Шӯравӣ Шӯрои Комиссарони Халқ (ШКХ), Декрет бобати ташкили кори суғуртавӣ дар РСФСР ро қабул кард.

28.11.1941. Дар рафти ҷанги ҷаҳонии дуввум, дар Либӣ англисҳо генерали олмонӣ фон Равенштейнро ба асорат гирифтанд. Фон Равенштейн аввалин генерали омлонӣ буд, ки дар рафти ҷанг ба дасти душман асир гардид.

28.11.1943. Дар пойтахти Эрон, шаҳри Теҳрон конфронси сарони се кишвари иттифоқчӣ СССР, Англия ва ИМА доир гардид. Бори аввал Сталин, Черчил ва Рузвелт мустақиман бо ҳам дидор намуда, масоили доғи байни ҳамро мавриди баррасӣ қарор доданд.

29.11.1920. Дар Русияи Шӯравӣ тамоми корхонаҳое, ки теъдоди коргаронашон аз 10 нафар бештар буд, миллӣ кунонида шуданд.

29.11.1936. Прокурори генералии СССР Вишинский дастур дод, то тамоми парвандаҳо бобати ҳолатҳои тасодуфӣ ва садамаҳоро дар кишвар, чун парвандаҳои харобкорӣ баррасӣ кунанд.

29.11.1941. Дар рафти ҶБВ артиши олмонӣ, партизанзан Зоя Космодемянскаяро ба қатл расониданд.

29.11.1945. Югославия ба Ҷумҳурии Халқи Федеративии Югославия табдил дода шуд. Сарварии кишвари навро Броз Тито ба ӯҳда гирифт. Соли 1963 ин кишвар боз тағйири ном карда, ба Ҷумҳурии Шӯравӣ Федеративии Югославия табдил дода шуд.

30.11.1918. Дар РСФСР Шӯрои мудофиаи коргарӣ-деҳқонӣ таъсиси дода шуд. Дар раисии ниҳодии нав, роҳбари РСФСР Владимир Ленин қарор гирифт. 

30.11.1939. Оғози ҷанги СССР бо Финляндия. Ин ҷанг дар СССР бо ҷанги зимистона маъруф аст ва заъфи Артиши Сурхро нишон додааст. Ба андешаи бархе, Фюрери олмонӣ маҳз баъди анҷоми ҳамин ҷанг қарор дод ба СССР ҳамлаи низомӣ анҷом диҳад. Лигаи миллатҳо бошад, ки нақши СММ-ро ифо мекард, СССР-ро барои оғози ин ҷанг таҷовузгар хитоб кард ва аз ҳайъати худ хориҷ намуд.

Чоршанбе, Нояб 27 2019

20.11.1937.Дар СССР яке аз пешвоёни мазҳабии калисои православӣ, митрополити собиқ-Кирилл ба қатл расонида шуд.

20.11.1940. Маҷористон (Венгрия) ба созишномаи сегонаи зиддикомментернии кишварҳои фашистӣ ҳамроҳ гардид.

20.11.1945. Дар шаҳри Нюрнберги Олмон мурофиаи сарони Рейхи саввум оғоз шуд. Дар ин мурофиа 24 роҳбари олирутбаи фашистӣ мурофиа шуда, бештарашон ҳукми қатл гирифтанд.

21.11.1918. Дар Русияи шӯравӣ монополияи давлатӣ ба савдои дохилӣ ҷорӣ карда шуд. Ин раванд боиси ҷоришавии сиёсати "коммунизми ҳарбӣ" дар аввалин кишвари Шӯроҳо гардид.

22.11.1934.КМИ ва ШКХ СССР дастуруламал бобати Комиссариати Халқии Мудофиаи СССРро ба тасвиб расониданд. Комиссариати нав бо роҳи якҷояшавии Наркомати корҳои баҳрӣ ва Наркомати флоти ҳарбӣ-баҳрӣ роҳандозӣ гардид.

22.11.1941.Ифтитоҳи роҳи мошингард аз болои кӯли Ладога ба Ленинград. Ин роҳ, ки бо "Роҳи наҷот" маъруф аст, танҳо фасли зимистон фаъолият мекард ва боиси наҷот додани ҷони ҳазорон сокини шаҳри муҳосира шуда шуд. Бори аввал тавассути ин роҳ 60 мошин орд ба Ленинград расонида шуд. Дар роҳи бозгашт бошад, мошинҳо кӯдакон ва занонро бо худ мебурданд.

22.11.1960. Дар СССР корхонаи мошинбарории Коммунари шаҳри Запороже аввалин мошини "Запоржетс"-ро истеҳсол намуд.

23.11.1942.Дар рафти ҶБВ Артиши Сурх гурӯҳи 330.000 нафар артиши олмониро бо сарварии фелдмаршали маъруф Фридрих Паулюс дар шаҳри Сталинград ба муҳосира гирифт.

24.11.1969.Раёсати Шӯрои Олии СССР ва кунгураи ИМА созишнома бобати паҳн накардани силоҳи атомиро ба тасвиб расониданд.

саҳ 2 аз 33

Китобҳо

Flag Counter