ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Май 15 2019


10.05.1932. Дар заводи "Коминтерн"-и Ленинград 20 телевизори нахустини шӯравӣ истеҳсол карда шуданд.
10.05.1933.Дар пойтахти Олмони фашистӣ китобсӯзии бузург иттифоқ уфтод. Пайравони Фюрер садҳо ҳазор ҷилди кутуби Гейне, Ремарк, Хэменгуэй, Фейхтвангер ва дигар нависандагонро дар донишгоҳи Берлин ба оташ кашиданд.
10.05.1940.Артиши олмонӣ дар Фронти Ғарбӣ, зидди нерӯҳои англисӣ, фаронсавӣ, ҳолландӣ ва белгиягӣ ба ҳуҷум гузаштанд. Дар рафти ҳуҷум, немисҳо бори аввал тактикаи нави худ "Блитскриг" (“Ҷанги барқосо”)-ро истифода бурданд. Ҳуҷум бисёр бобарор буд ва дар 1 моҳ немисҳо тавонистанд Ҳолланд, Белгия ва Фаронсаро ишғол намоянд.
11.05.1939.Оғози даргириҳо дар Халхин-Гол. Ҷанги миёни аритиш японҳо аз 1 сӯ ва нерӯҳои муттаҳидаи Артиши Сурх ва Муғулистони шӯравӣ аз сӯи дигар. Дар Халхин-Гол бори аввал ситораи маршали ояндаи шӯравӣ Г.Жуков дурахшид. Нерӯҳои таҳти фармони ӯ тавонистанд ба японҳо шикасти сахт ворид кунанд ва орзӯи ҷангидан бо СССРро барои ҳамеша аз сарашон дур андозанд.
11.05.1944.Бо Қарори Кумитаи Давлатии Мудофиа тоторҳо, булғорҳо ва юнониён аз Қрим ба навоҳии дигари Шӯравӣ бадарға шуданд.
11.05.1955.Дар пойтахти Полша-ш.Варшава машварати намояндагони 8 кишвари шӯравии аврупоӣ (СССР, Албания, Болгария, Венгрия, ГДР, Полша, Руминия) оид ба таъмини сулҳ ва бехатарӣ дар Аврупо доир шуд. Дар ин машварат тарафҳо қарор доданд, миёни ҳам созишномаи ҳамкорӣ банданд. Созишномаи байни кишварҳо 14 май ба имзо расида, бо Созишномаи Варшава маъруф шуд.

Чоршанбе, Май 08 2019


3.05.1919. Охирон нишасти ҳукумати Ҷумҳурии Шӯравии Бавария. Ин Ҷумҳурии шӯравӣ таҳти таъсири бевоситаи инқилоби болшевикии Русия 13.04.1919 таъсис ёфт. Ба аввалин ҳукумати ҶШБ драматург, сиёсатмадор, носир, сенариянавис, шоир, адвокати немис Эрнст Толлери 25-сола сарварӣ мекард.
3.05.1957. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо қарори ҳукумат бештари колхозҳо ба совхозҳо табдил дода шуданд.
3.05.1991. Дар пойтахти Намибия-шаҳри Виндхук ҳуҷҷате ба имзо расид, ки бо "Эъломияи Виндхук" маъруф шуд. Он аз тамоми ҳукуматҳои кишварҳои дунё даъват мекард, ки озодии матбуот ва хусусияти демократии онро таъмин намоянд. Ин рӯз бо қарори ЮНЕСКО чун Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот ҷашн гирифта мешавад.
4.05.1946. Бюрои сиёсии КМ ВКП(б) бо қарори худ дар кишвар Нашриёти давлатии адабиёти хориҷӣ ва китобхонаҳои адабиёти хориҷиро роҳандозӣ кард.
4.05.1960. Шӯрои Вазирони СССР қарор "Оид ба тағйири меъёри қимматҳо ва иваз кардани пули ҷорӣ бо пули нав"-ро ба имзо расонид. Тибқи ин қарор 1.01.1961 дар СССР пули нав ҷорӣ ва нархҳо 10 баробар поин оварда шуданд.
4.05.1990.Шӯрои Олии РСС Латвия шомил шудани Латвияро ба СССР зери танқиди сахт гирифта, барқарор шудани соҳибистиқлолии ин кишварро эълон кард.
5.05.1912.Аввалин шумораи рӯзномаи "Правда" рӯи чоп омад. Ин рӯз то декабри с.1991 дар СССР ва кишварҳои хориҷии сотсиалистӣ чун Рӯзи матбуот ҷашн гирифта мешуд.
5.05.1949.Дар пойтахти Англия-шаҳри Лондон Низомномаи Шӯрои Аврупо ба имзо расид.

Чоршанбе, Май 01 2019


26.04.1920. Таъсиси Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Хоразм. Ин ҷумҳурии нав дар қаламрави собиқ хонигарии Хоразм таъсис дода шуд ва ҳудуди Туркманистон ва Узбекистони имрӯзаро дар худ муттаҳид мекард. С.1922 ҶХШ Хоразм аз миён бардошта шуд ва қаламраваш ба РСС Туркманистон ва Ӯзбекистон гузашт.
26.04.1945. Дар рафти муҳорибаи Берлин тонкҳои шӯравӣ маркази шаҳрро рахна карданд. Ин ҳарб охирин ва бузургтарин задухӯрдҳои ҶБВ буд, ки 16 рӯз идома ёфт ва Артиши Сурх баъди ҷанги шадид, пойтахти Рейхи 3-умро тасарруф кард.
26.04.1986. Садама дар Нерӯгоҳи атомии Чернобил. Он яке аз бузургтарин садамаҳои атомии асри 20 ба шумор меравад, ки қариб буд Аврупоро маҳв кунад.
27.04.1918.Дар Русияи Шӯравӣ бо қарори КМИ кишвар ҳаққи варосат (меросбарӣ) бекор карда шуд. Дар аввалин кишвари Шӯроҳо дигар касе аз касе ирс намебурд. Албатта болшевикон ба бемантиқии ин қонун зуд пай бурданд ва 22.05.1922 онро бекор намуданд.
27.04.1932.Раёсати КМИ СССР аввалин Кодекси ҳавоии СССРро ба тасвиб расонид.
27.04.1978.Инқилоби савр (апрелӣ) дар Афғонистон. Дар ин рӯз нерӯҳои мусаллаҳи ба Ҳизби Халқи Демократии Афғонистон содиқ ҳукумати Довудшоҳро сарнагун карданд ва қудрат ба дасти коммунистон гузашт. Ин инқилоб мунҷар ба ҷанги дарозмуддат дар Афғонистон гашт, ки то ҳол идома дорад.
28.04.1920. Таъсиси РСС Озарбойҷон.

28.04.1953.Дар СССР Василий-писари Иосиф Сталин ба ҳабс гирифта шуд.

Чоршанбе, Апр 24 2019


18.04.1922.Дар ш.Маскав аввалин хатсайри автобусӣ роҳандозӣ шуд.
18.04.1923. Бо ташаббуси Ф.Э.Дзержинский-роҳбари дастгоҳи амниятии Шӯравӣ (ГПУ) дар кишвар Ҷамъияти варзишии "Динамо" ба роҳ монда шуд.
18.04.1927.Дар ш.Маскав Анҷумани IV-и Шӯроҳои СССР баргузор шуд. Дар аввалин кишвари шӯроҳо Анҷуман аз лаҳзаи таъсиси СССР дар с.1922 ва то қабули Сарқонуни сталинӣ дар с.1936, олитарин ниҳоди ҳокимияти давлатӣ маҳсуб меёфт. Анҷуман аз намояндагони Шӯроҳои ҳамаи ҷамоҳири иттиҳодӣ иборат буд ва дар он масоили бисёр муҳим, мисли ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни СССР, қабули ҷумҳуриҳои нав ба ҳайъати СССР, муайян кардани нақшаҳои рушди хоҷагии халқи СССР, буҷаи давлатии СССР ва масоили марбут ба қонунгузорӣ баррасӣ ва ҳал мешуданд.

18.04.1942. Аввалин ҳуҷуми ҳавоии амрикоиҳо ба Токио, ки бо рейди Дулиттл дар таърихнигорӣ маъруф асту ба пойтахти Япония, аз болои нови ҳавопаймобарии "Хорнет" амалӣ шуд. Худи ҳуҷум бо муваффақият анҷомид, лек амрикоиҳо дубора наметавонистанд болои нов фуруд оянд. Тибқи нақша бомбаандозон мебоист дар навоҳии шарқии Чин ба замин менишастанд. Аз 16 тайёра 15-тоаш то ҳудуди Чин расиданд. 4 тайёра ба садама дучор шуд, сарнишинони 11 тайёраи дигар худро аз парашут ба замин партофтанд. Японҳо тавонистанд 8 амрикоиро асир гиранду 3 касро баъдан ба қатл расонданд. Сарнишинони тайёраи 16-ум бошад, дар фурудгоҳҳои шӯравии "Унаши" дар Шарқи Дур ба замин фаромад. СССР аз бими японҳо тайёраро мусодира ва сарнишинонро асир кард. Аслан амрикоиҳо аз аввал мехостанд, тамоми тайёраҳояшон дар Владивосток ба зимин фуруд оянд, лек тарафи шӯравӣ инро қотеъона рад кард. Он шабу рӯз СССР қудрати ҷангидан дар 2 фронтро надошт.

Чоршанбе, Апр 17 2019


11.04.1921.Таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Туркистон. Маркази ҷумҳурии мухтори Туркистон шаҳри Тошканд шуд ва мухторияти навтаъсис ба ҳайъати РСФСР шомил мегардид. Аҳолии ҶМТ 5 млн нафар буд ва ин мухторият то 27.10.1924 арзи вуҷуд кард.
11.04.1945. Дар Маскав миёни СССР ва Югославия созишномаи 20-солаи дӯстӣ, кумак ва ҳамкории баъдиҷангӣ ба имзо расид. Созишномаро Броз Тито ва Сталин имзо карданд. Бо вуҷуди ин, тарафи СССР сентябри с.1949 созишномаро ба хотири итоат накардани Тито аз эътибор соқит кард.
11.04.1981.Мусиқинавозони машҳури шӯравӣ-Максим Шестакович ва писараш Дмитрий, ки писар ва набераи оҳангсозӣ машҳур Дмитрий Шестакович буданд, ҳини сафари хидматӣ ба Олмони Ғарбӣ эълон карданд, ки дигар ба СССР барнамегарданд.
11.04.1991. КМ ҲКИШ мактуби кушодаеро нашр намуд, ки тибқи он аз коммунистон даъват карда мешуд, ислоҳотхоҳони ашаддиро аз сафҳои ҳизб берун кунанд. Ин мактуб сабаб шуд, ки яке аз коммунистони ислоҳотхоҳ Николай Травкин эълон кард, аз ҲК хориҷ шуда, ҳизби навро бо номи Ҳизби демократӣ таъсис медиҳад.
12.04.1918. Нерӯҳои Артиши Сурх ва ВЧК соати 3-и субҳ якбора ба 26 лонаи анархистон шабехун заданд. Анархистон ҳама мусаллаҳ буданд ва ҳеҷ нерӯро эътироф намекарданд. Амалиёт бобарор анҷом гирифт ва анархистон шикасти сахт диданду тамоми силоҳашон мусодира шуд ва худ ба пинҳонкорӣ гузаштанд.
12.04.1961.Аввалин парвози инсон ба фазои кайҳон. Кайҳоннаварди шӯравӣ Ю.Гагарин дар киштии кайҳонии "Восток" ба фазо баромада, Заминро давр зада, поин омад.
12.04.1984.Дар мактабҳои миёнаи СССР маълумоти миёнаи 11-сола ҷорӣ карда шуд.

Чоршанбе, Апр 10 2019


4.04.1917.Сафири Олмон дар Шветсария нақшаи убури роҳбарони инқилобиёни русро, ки дар муҳоҷират қарор доштанд, дарёфт кард. Тибқи нақша, В.Ленин ва чанде дигар аз роҳбарони ҳизби сотсиал-демократ ба Петроград интиқол дода шуданд.
4.04.1917.Баъди бозгашт ба Петроград В.Ленин тезисҳои маъруфи апрелии худро навишт. Тибқи "Тезисҳои апрелӣ" ҳизби болшевик мебоист аз марҳалаи аввали инқилоб ба марҳалаи дуввум-инқилоби сотсиалистӣ мегузашт.
4.04.1949.ИМА ва иттифоқчиёни наздиктаринаш барои муқобила бо СССР Иттиҳоди ҳарбии атлантикаи шимоли (НАТО)-ро таъсис доданд.
4.04.1953.Ҳукумати шӯравӣ ба намояндагони Шветсия, ки мебоист ба Маскав меомаданд ва ба Александр Солженитсин ҷоизаи Нобелиро дар бахши адабиёт тақдим мекарданд, виза надод.
5.04.1937. Дар СССР Николай Ежов сарвари НКВД таъйин гардид.
5.04.1942. Фюрери олмонӣ Адолф Гитлер дастуруламали нави худро имзо кард, ки тибқи он мақсади асосии ҳуҷуми тобистонии артиши олмонӣ нафти Қафқоз муайян шуд.
5.04.1951.Суди олии ИМА ба Ҷулиус ва Этел Розенберг барои ҷосусӣ ба нафъи СССР ҳукми қатл баровард. Ин зану шавҳар ба он айбдор шуданд, ки махфитарин асноди атомии ИМАро дар ихтиёри тарафи шӯравӣ қарор доданд.
5.04.1980.СССР ва Афғонистон миёни ҳам созишномаеро оид ба будубоши нерӯҳои ҳарбии шӯравӣ дар Кобул ба имзо расониданд.

саҳ 12 аз 37

Китобҳо

Flag Counter