ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Окт 06 2021

 

3.10.1968. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин парвози тайёраи мусофирбари Ту-154 амалӣ гардид. Он яке аз маъруфтарин тайёраҳо дар хатсайрҳои собиқ Иттиҳод буд ва то ҳол бо муваффақият мавриди истифода қарор дорад.

3.10.1990. Дар ин рӯз Олмони Шарқӣ (ГДР) бо Олмони Ғарбӣ (ФРГ) пайваст гардид ва ҷудоии 45-солаи ин кишвар поён ёфт.

3.10.1993.Дар Маскав зиддияти тарафдорони президент Борис Николаевич Елтсин ва Шӯрои Олии Русия ба ҳолати даргирии ошкори мусаллаҳона мегузарад. Тарафдорони ШО муҳосираи Кохи сафедро рахна ва бинои шаҳрдории Маскавро тасарруф намуданд.

4.10.1957.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин парвози моҳвораи маснуии Замин ба амал оварда шуд.

4.10.1991.Роҳбарони тамоми ҷамоҳири собиқи СССР, ба истиснои ҷумҳуриҳои назди Балтик, созишномаи ҳамкориҳои иқтисодиро ба имзо расониданд.

4.10.1992.Кунгураи халқҳои Қафқоз аз Русия ва Гурҷистон талаб кард, ки истиқлолияти давлатии Чечен, Абхазия ва Осетиёи Ҷанубиро ба расмият бишиносанд.

4.10.1993. Президенти Русия Б.Елтсин барои пиёдасозии фармони худ оид ба пароканда кардани Шӯрои Олии Русия ба Маскав нерӯҳои тонкии артишро ворид ва низомиёни артиши рус ба бинои парлумон ҳамла карданд.

5.10.1938.Дар СССР бо иттиҳоми заҳролуд кардани Максим Горкий, яке аз беҳтарин табибони рус-Дмитрий Плетнёв ба ҳабс гирифта шуд.

5.10.1952.Дар Маскав Анҷумани ХIX Ҳизби коммунист ба кори худ сар намуд. Дар он Ҳизби коммунист тағйири ном кард ва аз ВКП (б) ба КПСС табдил дода шуд.

6.10.1922.Пленуми КМ РКП (б) қарор оид ба шакли муттаҳидгардонии ҷамоҳири шӯравиро ба тасвиб расонид.

7.10.1949.Таъсиси Ҷумҳурии Демократии Олмон (ГДР). Ин рӯз дар Олмони шарқӣ ҷашни миллӣ ба шумор мерафт ва Рӯзи Ҷумҳурӣ номида мешуд.

Чоршанбе, Сен 29 2021

 

28.09.1925. Дар СССР дастуруламал оид ба таъсиси милитсияи Коргарӣ-Деҳқонӣ қабул карда шуд.

28.09.1939. Дар рафти рафти Ҷанги ҷаҳонии 2 немисҳо пойтахи Полша-шаҳри Варшаваро тасхир намуданд. Худи ҳамин рӯз миёни СССР ва Олмони гитлерӣ «Созишномаи дӯстӣ ва сарҳадот» ба имзо расид.

29.09.1938. Нишасти таърихии Мюнхен. Шаби 29.09.1938 сарони 4 кишвари аврупоӣ-Олмон, Итолиё, Англия ва Фаронса дар шаҳри Мюнхени Олмон ҷамъ омаданд ва Чехословакияро миёни Олмон, Полша ва Венгрия тақсим намуданд.

29.09.1941. Оғози кушторҳои оммавӣ дар Бабий Яри Украина. Артиши олмонӣ дар зарфи 2 рӯз дар сойҳои Бабий Яр (наздикиҳои Киев) наздики 60.000 одамро ба қатл расониданд. Бештари кушташудагонро яҳудиён, лӯлиҳо ва асирони Артиши Сурх ташкил медоданд.

29.09.1990. Дар РСС Қазоқистон ба навоҳии русзабони кишвар иҷозат дода шуд, ки забони қазоқиро ба ҳайси забони расмӣ тадриҷан то с.2000 ҷорӣ намоянд.

30.09.1967. Кайҳоннавардони шӯравӣ аввалин шуда дар ҷаҳон васли киштиҳои кайҳониро дар фазои кушоди кайҳонӣ амалӣ намуданд. 2 киштии кайҳонии шӯравӣ «Космос-186» ва «Космос-188» бо ҳам пайваст шуданд.

30.09.1984. Дар СССР душохаи (шарқӣ ва ғарбӣ)-и роҳи оҳани Байкалу Амур (БАМ) бо ҳам пайваст шуданд. БАМ яке аз бузургтарин роҳҳои оҳан дар дунё маҳсуб ёфта, дарозиаш 4287 км аст. Сохтмони ин роҳи оҳан аз с.1938 оғоз ва бо танаффусҳои тӯлонӣ с.1984 ба итмом расонида шуд.

1.10.1931. Дар СССР пахши доимии барномаҳои телевизионӣ роҳандозӣ гардид.

1.10.1938. Баъди имзои созишномаи Мюнхен Артиши олмонӣ вориди хоки Чехословакия шуд ва вил.Судети ин кишварро ишғол намуд.

Чоршанбе, Сен 22 2021

19.09.1941. Дар рафти ҶБВ гурӯҳи 2-и тонкии немисҳо, дар наздикии мавзеи Лохвитсӣ бо гурӯҳи 1-и тонкӣ пайваст ва дар натиҷа нерӯҳи фронти ҷанубу-ғарбии Артиши Сурх ба муҳосира афтида, немисҳо пойтахти Украина-шаҳри Киевро тасарруф карданд.

19.09.1985. Заминҷунбии сахт дар пойтахти Мексика-шаҳри Мехико. Заминларза бо қувваи 8,1 балл ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа зиёда аз 9000 одам ҳалок ва 30.000 маҷрӯҳ шуданд.

20.09.1918.Нерӯҳои мусаввитии Озарбойҷон бо кумаки англисҳо ҳокимияти Шӯроҳоро дар Боку сарнагун карда, роҳбарияти ин ҳукуматро, ки аз 26 комиссар иборат буданд, ба қатл расониданд.

21.09.1973. Дар СССР Академияи Вазорати Корҳои Дохила таъсис дода шуд.

21.09.1993.Президенти Русия Борис Елтсин бо қарори махсуси худ, фаъолияти Шӯрои Олии ин кишварро қатъ кард ва ШОро пароканда намуд.

22.09.1989.Дар РСС Қазоқистон забони қазоқӣ, забони давлатии ин ҷумҳурӣ эълон карда шуд.

22.09.1991. Дар РСС Тоҷикистон баъди гирдиҳамоии мардумӣ фаъолияти Ҳизби коммунист мамнӯъ шуд. Ин мамнӯъият танҳо 1 рӯз идома ёфта, 23 сентябр парлумони кишвар раиси ШО Қадриддин Аслоновро аз вазифа сабукдӯш кард ва фаъолияти ҲК аз нав қонунӣ шуд.

23.09.1989. Дар РСС Озарбойҷон забони озарӣ, забони давлатии Озарбойҷон эълон карда шуд.

23.09.1991. РСС Арманистон Эъломияи соҳибистиқлолии худро ба имзо расонид.

24.09.1990. Аъзои Бюрои сиёсӣ ба котиби генералии ҲК Михаил Горбачев барои гузаштан ба иқтисодӣ бозорӣ салоҳиятҳои фавқулодда доданд.

25.09.1962.Роҳбари Куба Фидел Кастро иброз намуд, ки СССР дар қаламрави Куба барои флоти моҳигирии худ базаи мухсус месозад. Маҳз ин амалкарди СССР боиси сар задани ташаннуҷ миёни ИМА ва СССР шуд, ки бо буҳрони Кариб маъруф аст.

26.09.1968.Рӯзномаи “Правда” мақолаи бузургеро таҳти унвони «доктринаи Брежнев» чоп кард, ки тибқи он истиқлолияти кишварҳои сотсиалистӣ қисман маҳдуд карда мешуд.

26.09.1983.Полковники шӯравӣ Станислав Петров ҷанги атомии эҳтимолиро пешгирӣ намуд. Дар шаби навбатдории ин афсар компютерҳои шӯравӣ партоби мушакҳои атомиро аз ҷониби ИМА ба қайд гирифтанд, аммо полковники доно ба компютер бовар накард.

Чоршанбе, Сен 15 2021

 

14.09.1917. Ҳукумати муваққат Русияро ҷумҳурӣ эълон намуд. Инчунин дар ин рӯз торумори ниҳоди полис, ҳабси аъзои Шӯрои вазирон қонуни гардонида шуда, бадарға бекор ва тамоми маҳбусони сиёнӣ озод карда шуданд. Ҳукумати муваққат инчунин ҷорӣ кардани озодиҳои сиёсӣ ва даъвати Маҷлиси Муассисонро дар кишвар ваъда кард.

14.09.1929. Футболбозони дастаи “Динамо”-и Киев аввалин бозии байналмилалии футболро доир карданд. Футболбозони шӯравӣ бо дастаи яккачини коргарони Австрияи Поёнӣ бозида, бо ҳисоби 4:3 ба фоидаи футболбозони австриягӣ анҷомид.

14.09.1936. Дар машварати махфии НКВД СССР, роҳбарияти ин ниҳод қарор дод, ки кормандони худро ба таври оммавӣ ба Испания, барои ширкат дар ҷанги шаҳрвандӣ фиристад. Тарафи СССР то охир аз ҷумҳурихоҳони испанӣ ҳимоят кард, аммо бо вуҷуди ин ҷумҳурихоҳон дар Испания шикаст хӯрданд.

14.09.1954. Дар полигони Тоцки вил.Оренбург нерӯҳои Артиши Шӯравӣ машқҳои ҳарбӣ доир карданд. Ин машқҳо дар шароити таркиши воқеии бомбаи атомӣ гузаронида шуда, дар онҳо наздики 45.000 сарбози шӯравӣ ширкат варзиданд.

15.09.1924. Дар Бессарабияи ҷанубӣ (ҳоло Молдавия), ки он шабу рӯз ба ҳайъати Руминия шомил мешуд, шӯриши мардумӣ сар зад. Шӯришгарон талаб мекарданд, Бессарабия аз Руминия ҷудо ва ба СССР шомил шавад.

15.09.1933. Генрих Ягода ба Иосиф Сталин хабар дод, ки дар Ленинград «ҷамъияти ҳамҷинсгароён» ошкор карда шуд. Чекистони шӯравӣ дар 1 рӯз зиёда аз 150 ҳамҷинсгароро ба ҳабс гирифтанд.

15.09.1935. Дар Олмон қонунҳои нав қабул гардида, “қонунҳои Нюрнберг” ном гирифтанд ва тибқи он яҳудиёни олмонӣ аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум карда шуданд. Нишони давлатии Олмон бошад тибқи ин қонунҳо свастик (нишонаи 4 чиликмонанди нӯгҳояш хамида) шуд.

16.09.1918. Дар Русия ордени Байрақи Сурх таъсис дода шуд. Он яке аз аввалин мукофотҳои кишвари Шӯроҳо буду ба иштирокчиёни ҷанг супорида мешуд.

Чоршанбе, Сен 08 2021

6.09.1928. Иттиҳоди Шӯравӣ ба созишномаи Бриан-Келлога ҳамроҳ гардид. Тибқи ин созишнома тамоми кишварҳо мебоист зиддиятҳо ва мушкилоту нофаҳмиҳои худро бо роҳи осоишта ҳаллу фасл мекарданд.

6.09.1936. Дар СССР унвони фахрии «Артисти халқии СССР» таъсис дода шуд. Соҳибони аввалини ин унвон К.С.Станиславский, В.И.Немирович-Данченко, В.Качалова ва И.Москвин гардиданд. Бори охир бошад ин унвонро с.1991 Алла Пугачёва ва Олег Янковский соҳид гардиданд.

6.09.1940. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо қарори Раёсати ШО «Кумитаи халқии назорати давлатӣ» таъсис дода шуд.

6.09.1991. Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолияти давлатии ҷумҳуриҳои назди Балтик - Эстония, Латвия ва Литваро расман эътироф кард.

8.09.1934. Кӯҳнавардони шӯравӣ Виталий Аблаков, Чернуха ва Лукин ба яке аз қуллаҳои қаторкӯҳи Олой нимпайкараи Ленинро насб карданд. Ин қуллаи то ин вақт бе ном ба таври табиӣ номи доҳии пролетарҳои ҷаҳонро соҳиб ва қуллаи Ленин номида шуд.

8.09.1941.Артиши олмонӣ дар рафти ҶБВ ба наздикии Ленинград расид ва шаҳрро ба муҳосира гирифт. Муҳосираи Ленинград 3 сол тӯл кашида, дар натиҷаи он қариб 1 миллион сокинони шаҳр ба ҳалокат расиданд.

8.09.1970.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ низомномаи мактабҳои таҳсилоти миёна ҷорӣ карда шуд.

9.09.1933. Дар пойтахти СССР, шаҳри Маскав нашриёти «Адабиёти кӯдакона» роҳандозӣ гардид.

9.09.1970. Дар СССР истеҳсоли мошинҳои сабукравӣ «Жигули» - ВАЗ- 2101 ба роҳ монда шуд.

9.09.1991. Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон кард. Ин рӯз дар кишвари мо чун рӯзи истиқлолият ҷашн гирифта мешавад.

10.09.1918. Нерӯҳои армияи 5-уми Артиши Сурх таҳти фармони П.Славен дар рафти ҷанги шаҳрвандӣ шаҳри Қазонро ишғол намуданд. Ин аввалин пирӯзии Артиши Сурх дар рафти ҷанги шаҳрвандии Русия ба шумор меравад.

11.09.1988. Дар РСС Эстония забони эстонӣ забони давлатӣ эълон карда шуд.

Чоршанбе, Сен 01 2021

22.08.1943. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ омӯзишгоҳҳои суворовӣ таъсис дода шуданд. Ин омӯзишгоҳҳо афсарони ояндаи Артиши Шӯравиро омода мекарданд.

22.08.1944. Дар тамоми муассисаҳои таълимии Япония бо сабаби вазъи шадиди ҷангӣ, таълиму тадрис қатъ ва хонандагон барои кор ба заводу фабрикаҳо сафарбар карда шуданд.

22.08.1990. Дар РСС Қазоқистон қазоқӣ забони давлатии кишвар эълон гардид.

22.08.1991. Дар Русия парчами сафеду кабуду сурх ба ҷои парчами сурх, парчами давлатӣ эълон карда шуд.

23.08.1942. Оғози мудофиаи Сталинград. Дар ин рӯз артиши олмонӣ дар рафти амалиёти Қафқоз ба остонаҳои Сталинград расида, муҳориба барои шаҳр шурӯъ шуд.

23.08.1943. Ғалабаи Артиши Сурх дар муҳорибаи Курск. Баъди шикаст дар муҳорибаи Курск артиши олмонӣ дигар натавонист ҳеҷ амалиёти густардаи таҳоҷумӣ анҷом диҳад ва фақат дар мудофиа қарор дошт.

23.08.1959. Ҳукумати ИМА дар 400 мактаби кишвараш таълими забони русиро ҷорӣ намуд.

23.08.1989. Дар арафаи 50-солагии имзои созишномаи шӯравию олмонӣ мардуми Литва, Латвия ва Эстония ба нишони эътироз занҷираи зиндае барпо карданд. Ин намоиши эътирозӣ “Роҳи Балтика” ном гирифт ва дар он наздики 2 миллион одам ширкат варзид. Занҷираи зинда ба масофаи 600 км тӯл кашида, дарозтарин занҷираи зинда дар ҷаҳон маҳсуб меёбад.

23.08.1991. Президенти Русия Борис Елтсин баъди шикасти ГКЧП фаъолияти Ҳизби коммунист ва нашри рӯзномаи «Правда»-ро дар қаламрави Русия манъ кард.

24.08.1991. Украина соҳибистиқлолии худро эълон намуд ва аз ҳайъати СССР берун рафт.

24.08.1991. Дар Маскав охирин узви ГКЧП ба ҳабс гирифта шуданд. Михаил Горбачев ба сессияи фавқулоддаи Шӯрои Олии Русия даъват шуд. Дар сессия президенти СССР кӯшид, вакилонро дар ҳаққонияти роҳи сотсиалистӣ ва пирӯзии коммунизм бовар кунонад, аммо вакилон ба ҳарфи ӯ дигар гӯш надоданд. Ахир, президенти СССР ваколатҳои котиби генералии ҲКро аз сараш соқит ва КМро даъват намуд, худ пароканда шавад.

25.08.1941. Артиши шӯравӣ-англисӣ Эронро аз шимолу ҷануб ишғол ва Ризохони Паҳлавиро аз тахт сарнагун карданд.

саҳ 15 аз 60

Китобҳо

Flag Counter