ХАБАРИ ДОҒ
Сешанбе, Март 15 2016

26.02.1990. Дар СССР президенти Чехословакия-Ватслав Гавел ва котиби аввали КПСС-Михаил Горбачёв созишнома дар бораи баровардани Артиши Шӯравӣ аз ҳудуди Чехословакияро ба имзо расониданд.

Сешанбе, Март 15 2016

4.03.1918. Шӯрои Комиссарони Халқии РСФСР Шӯрои Олии Ҳарбиро таъсис дод. Ба Шӯрои ҳарбӣ Лев Давидович Тротский сарварӣ мекард. Шӯрои олии ҳарбӣ ба ғалабаи болшевикон дар ҷанги шаҳрвандӣ нақши ҳалкунанда бозид. Роҳбарии кулли Артиши Сурх ба зимаи ин Шӯрои ҳарбӣ буд.

Душанбе, Март 14 2016

11.03.1931. Вуруди адабиёти динӣ ба қаламрави Иттифоқи Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ комилан манъ када шуд.

11.03.1985. Михаил Сергеевич Горбачёв котиби генералии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб гардид.

11.03.1990. Литва соҳибистиқлолии худро дар СССР эълон намуд.

12.03.1936. СССР ва Муғулистон созишномаи ҳарбиро алайҳи Япония ба имзо расониданд.

12.03.1990. Анҷумани 3-уми ғайринавбатии вакилони мардумии СССР ифтитоҳ ёфт. Ин анҷуман 4 рӯз идома дошт ва банди 6-уми Сарқонуни СССРро дар бораи нақши роҳбарикунандаи Ҳизби Коммунист бекор намуд.

12.03.1992. Ҷумҳурии Чечен худро соҳибистиқлол эълон кард.

13.03.1938. Дар СССР омӯзиши забони русӣ чун фанни ҳатмӣ дар тамоми мактабҳои кишвар ҷорӣ карда шуд.

13.03.1954. Дар Иттифоқи Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ бо қарори Раёсати Шӯрои Олӣ Вазорати бехатарии давлатӣ ба Кумитаи бехатарии давлатӣ (КГБ-Комитет государственной безопасности) табдил дода шуд.

13.03.1992. Газетаи «Правда» асоситарин рӯзномаи собиқ СССР фаъолияти худро қатъ кард. Танҳо баъдан бо пайдо намудани сармоягузорони хориҷӣ ин рӯзнома дубора ба фаъолияти худ шурӯъ кард.

14.03.1918. Анҷумани умумироссиягии шӯроҳо созишномаи сулҳи Брестро ба расмият шинохт.

14.03.1953. Котиби генералии Ҳизби Коммунисти СССР-Никита Сергеевич Хрушёв интихоб гардид ва кишту кори кукурузро дар сар то сари заминҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ривоҷ дод.

14.03.1990. Михаил Сергеевич Горбачёв барои 5 сол Президенти СССР интихоб шуд.

14.03.1991. Дар ҷамоҳири Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин ҳизбҳои ғайрикоммунистӣ ба қайд гирифта шуданд.

15.03.1946. Шӯрои Комиссарони Халқи Иттиҳоди Шӯравӣ ба Шӯрои Вазирон тағйири ном кард.

15.03.1990. Муносибатҳои расмӣ байни Иттифоқи Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ ва Ватикан барқарор карда шуд. СССР то ин вақт бо Ватикан ҳеҷ гуна робита надошт.

16.03.1927. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ қарор дар бораи колхозҳову совхозҳо қабул карда шуд. Тамоми аҳолии деҳоти шӯравӣ дар колхозу совхозҳо муттаҳид карда шуданд.

16.03.1937. Дар НКВД (Народный комиссариат внутренних дел)-и СССР шӯъбаи мубориза бо дуздии моликияти сотсиалистӣ (ОБХСС-Отдел по борьбе с хищениями социалистической собственности) таъсис дода шуд.

17.03.1948. Давлатҳои капиталистӣ ташкилоти НАТО (Организация Североатлантического договора-Паймони Атлантикаи Шимолӣ)-ро алайҳи СССР созмон доданд.

17.03.1980. Парлумони Англия барои байкот кардани бозиҳои Олимпии шаҳри Маскав-пойтахти СССР овоз дод.

17.03.1991. Дар СССР раъйпурси (референдум)-и умумииттифоқӣ баргузор гардид. Дар ин раъйпурсӣ аксари мардум барои боз мондани СССР овоз доданд. Ҳамчунин дар раъйпурсии русиягӣ 70% овоздиҳандагон барои ҷорӣ намудани мансаби Президенти РСФСР (Российская Советская Федеративная Социалистическая Республика) раъй доданд.

М.Салимшо

 

саҳ 31 аз 31

Китобҳо

Flag Counter