ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Авг 07 2017


3.08.1929.Дар СССР, дар шаҳри Ростови лаби Дон аввалин стансияи автоматикии телефонӣ (АТС) ба кор дароварда шуд. Ин АТС 6000 рақамро бо ҳам ба таври автоматикӣ пайванд мекард ва бо кӯмаки ширкати шведии "Эриксон" бунёд гардида буд.
3.08.1940.Ҷаласаи 7-уми Шӯрои Олии СССР хоҳиши Сейми Халқии Литваро иҷро кард ва Литва чун Ҷумҳурии Шӯравӣ ба ҳайъати Иттиҳоди Шӯравӣ шомил гардид.

Ҷумъа, Июл 28 2017


28.07.1944.Артиши Шӯравӣ шаҳри Брестро аз нерӯҳои олмонӣ озод кард. Ин шаҳр дар таърихи ҶБВ бо қалъаи худ машҳур шуд ва унвони қаҳрамоншаҳрро соҳиб гардид. Мудофеони қалъаи Брест тӯли 1 моҳ алайҳи немисҳо муқовимат карданд ва баъди фатҳи он шахсан Адолф Гитлер бо ҳамроҳии Муссолини аз ин қалъа дидан намуд.

Панҷшанбе, Июл 20 2017


20.07.1941. Дар СССР бо сабаби оғози ҷанг бо немисҳо Комиссариати халқии бехаратии давлатӣ (НКГБ) бо Комиссариати халқии корҳои дохила (НКВД) муттаҳид карда шуд.

20.07.1944. Дар қароргоҳи Адолф Гитлер "Лонаи гург", ки дар Пруссияи Шарқӣ воқеъ шуда буд, машҳуртарин суиқасд зидди Фюрери олмонӣ ба вуқӯъ пайваст. Ӯ аз ин суиқасд танҳо чанд захми хурд бардошт.

Ҷумъа, Июл 14 2017


13.07.1925. Папаи Рим - Пийи XII эълон кард, ки ҳар масеҳии котолик ихтиёрӣ ва дидаву дониста, шомили ҳизби коммунист мешавад ё онро ба ҳар васоиле дастгирӣ мекунад, аз дини масеҳият хориҷ мегардад.

Панҷшанбе, Июл 06 2017


5.07.1918. Таъсиси Ҳизби коммунисти болшевикии Украина.
5.07.1978. Кумитаи Бехатарии Давлатии СССР (КГБ) аз тобеъияти Шӯрои Вазирони СССР бароварда шуд. Акнун чекистон танҳо ба КМ ҲКИШ ҳисобот медонанд.

Душанбе, Июл 03 2017


29.06.1868. Амири Бухоро Саид Музаффариддин Баҳодурхон баъди шикасти артишаш дар назди Самарқанд ва ишғоли ин шаҳр аз тарафи русҳо худро зертобеъи Руссия эълон кард ва ҳукумати Русияро дар Бухоро пазируфт.

29.06.1957. Дар Маскав, дар рафти пленуми ғайринавбатии КМ ҲКИШ қарор "Дар бобати гурӯҳи зиддиҳизбии Маленков, Молотов, Каганович ва Шепеливи ба онҳо ҳамроҳгардида" қабул карда шуд. Никита Хрушев бо ин қарор мухолифони асосии худро канор зад ва қудрати сиёсиро барои 7 соли дигар дар СССР соҳиб шуд.

саҳ 50 аз 60

Китобҳо

Flag Counter