ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Нояб 03 2021

 1.11.1952. ИМА аввалин санҷиши бомбаи гидрогении худро дар ҷазираҳои Маршалл (Уқёнуси Ором) баргузор намуд. Иқтидори ин таркиш 10,4 мегатоннро ташкил дод ва ҷазираи Элуджлабро ба пуррагӣ хароб кард. Ин бомб 800 маротиба пурзӯртар аз бомбаи болои Хиросима партобшуда буд.

1.11.1977. Дар СССР тайёраи мусофирбари ТУ-144 ба истифода дода шуд. Аввалин парвози ин тайёра бо хатсайри Маскав-Алмаато ба вуқӯъ пайваст.

1.11.1990. Дар СССР қурби тиҷории рубл ҷорӣ карда шуд. Тибқи ин қурб 1 доллари ИМА 1 рублу 80 тин нархгузорӣ гардид.

2.11.1938. Дар СССР барои аввалин бор ба занҳо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд. Ин занҳо ҳавонавардон Валентина Гризодубова, Полина Осипенко ва Марина Раскова гардиданд.

3.11.1931. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ, дар назди КМ ВКП(б) Институти марксизм-ленинизм таъсис дода шуд. Ин муассиса дар собиқ Иттиҳод яке аз бонуфузтарин ва бойтарин муассисаҳои илмӣ буд.

4.11.1946. Дар пойтахти Фаронса-шаҳри Порис, СММ оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг - ЮНЕСКОро таъсис дод.

4.11.1956. Вуруди Артиши шӯравӣ ба Венгрия. Дар Венгрия ҳукумати Имре Над зидди сиёсатҳои СССР садо баланд кард ва дар Маскав қарор доданд, бо нерӯи ҳарбӣ венгерҳоро ба итоат дароранд. Дар натиҷа Имре дар сафоратхонаи Югославия паноҳ бурд ва дар кишвар ҳукумати инқилобии коргарӣ-деҳқонӣ бо сарварии Янош Кадар созмон дода шуд.

5.11.1929. Дар СССР ташкилоти сайёҳии Интурист таъсис ёфт. Интурист дар собиқ Иттиҳод ягона ташкилоте буд, ки бо масоили сайёҳони хориҷӣ сару кор дошт.

6.11.1917. Дар Петроград дастаҳои Гвардияи Сурх бо кӯмаки аскарони гарнизони шаҳрӣ, ки ба сӯи болшевикон гузашта буданд, аз номи Шӯрои Петроград пулҳо аз болои Нева, почта, телеграф ва истгоҳҳои роҳи оҳанро ба тасарруф дароварданд. Ин амалкард оғози шӯриши мусаллаҳона алайҳи Ҳукумати Муваққат гардид.

Чоршанбе, Окт 27 2021

 

24.10.1939. СССР ва Олмон созишномаи ҳамкории иқтисодиро ба имзо расониданд. Тибқи он СССР ба Олмон ғалладона ва нафт интиқол медод ва дар иваз немисҳо технологияҳои муосирро ба СССР медоданд. Иттиҳоди Шӯравӣ то охирин лаҳзаҳо ба ин созишнома амал кард ва охирин қатораи ғалла ва нафт рӯзи 22.06.1941, дар рӯзи оғози ҶБВ ба Олмон интиқол дода шуд.

24.10.1941.Артиши олмонӣ дар рафти ҶБВ 3-умин маркази интустриалии СССР-шаҳри Харковро тасарруф намуд.

25.10.1922. Соати 4 баъд аз зуҳр нерӯҳои Артиши Халқӣ-инқилобии ҷумҳурии Шарқи Дур бо сарварии Иаким Убаревич ба Владивосток ворид шуданд. Худи ҳамин рӯз, охирин дастаҳои артиши японӣ Русияи Шӯравиро тарк карданд ва ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ба поён расид.

25.10.1929. Оғози буҳрони умумиҷаҳонии иқтисодӣ. Он яке аз бузургтарин буҳронҳои иқтисодӣ дар ҷаҳон аст ва аз с.1929 то с.1933 идома дошт. Буҳрон ба тамоми кишварҳои ғарбӣ таъсири манфӣ гузошт.

25.10.1962. Дар рафти буҳрони Кариб сафири ИМА дар СММ Эдлай Стивенсон аксҳои мушакҳои шӯравиро дар Куба ба намоиш гузошт. Баъди ин Никита Хрушев ваъда дод, ки мушакҳоро аз Куба берун мекунад, ба шарте ки ИМА аз тарҳи ҳуҷум ба Куба даст бардорад.

26.10.1932. Роҳбари Шӯравӣ Иосиф Сталин дар як баромади худ нависандагонро «муҳандисони рӯҳи одамӣ» таъбир кард.

26.10.1976.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ қарори КМ ва Шӯрои Вазирон оид ба чораҳо барои афзоиши истеҳсоли моҳӣ ва маҳсулоти моҳигӣ ба тасвиб расид. Дар нуқтаҳои савдои ҷамъиятӣ рӯзи панҷшанбе, рӯзи ғизоҳои моҳигӣ ҷорӣ карда шуд.

27.10.1962. Дар рафти буҳрони Кариб тайёраи ҷосусии ИМА U-2 дар фазои ҳавоии Куба бо мушаки шӯравӣ зада афтонида шуд. Сарнишини тайёра Рудолф Андерсон ба ҳалокат расид. Ин рӯз дар таърихи муосир чун «Шанбеи сиёҳ» маъруф аст ва муаррихон чунин мешуморанд, ки дар ин рӯз ҷаҳон дар арафаи ҷанги атомии ҷаҳонӣ қарор дошт.

27.10.1990.Дар РСС Қирғизистон Аскар Акаев президенти кишвар интихоб шуд.

Чоршанбе, Окт 20 2021

 

17.10.1991. Дар СССР оператори ГласНет, аввалин шабакаи дастрасӣ ба Интернет ба фаъолият шурӯъ кард.

18.10.1920. Аз 18 то 21 октябр дар бинои Хонаи матбуоти Маскав якумин Анҷумани нависандагони пролетарӣ оғоз шуд. Дар он Оинномаи Иттифоқи умумирусиягии нависандагони пролетарӣ қабул карда шуд ва Иттифоқи нависандагони пролетарӣ созмон ёфт.

18.10.1918. Дар РСФС Декрети таъсиси ҷумҳурии мухтори Қрим дар ҳайъати РСФСР ба тасвиб расид. С.1954 мухторияти Қрим барҳам дода шуд ва Қрим ба вилоят табдил ёфт. С.1954 бошад Никита Хрушев ин вилоятро ба РСС Украина ҳадя намуд.

18.10.1929. Нахустин парвози тайёраи мусофирбари «К-5», ки онро муҳандис К.А.Калинин тарроҳӣ намуд. «К-5» аввалин тайёраи шӯравӣ шуд, ки бо теъдоди зиёд сохта мешуд. Он то с.1940 асоситарин тайёраи мусофиркаши Аэрофлот ба шумор мерафт.

18.10.1941. Дар пойтахти Япония-шаҳри Токио яке аз маъруфтан ҷосусони шӯравӣ Зихард Зорге (Рамзай) ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ аз зумраи ҷосусони дараҷаи аввали шӯравӣ маҳсуб меёфт, ҳатто рӯзи дақиқи ҳуҷуми Гитлерро ба СССР хабар дода буд.

18.10.1991. Дар СССР охирин нишасти Раёсати Шӯрои Олии СССР доир шуд.

19.10.1918.Дар Русияи Шӯравӣ Коммунаи меҳнатии немисҳо таъсис дода шуд. Ин коммуна баъди 5 сол ба Ҷумҳурии мухтори немисҳои Поволже табдил дода шуд ва с.1941, баъди ҳуҷуми немисҳо ба СССР дубора барҳам дода шуд.

19.10.1956.СССР бо Япония эъломияи муштаракро ба имзо расониданд, ки тибқи он ҳар 2 кишвар аз ҳолати ҷангӣ берун омада, равобити дипломатиро барқарор мекарданд. Тибқи эъломия СССР ӯҳдадор шуд, баъди имзои созишномаи сулҳ 2 ҷазираи Курил-Хабомаи ва Шикотанро ба Япония баргардонад. Аммо ин созишномаи сулҳ ба имзо нарасид.

20.10.1929.Дар СССР КМ ВКП(б) расман коллективикунонии оммавиро эълон кард.

21.10.1948. Иттиҳоди Шӯравӣ ба СММ пешниҳод кард, ки тамоми силоҳи атомӣ дар курраи Замин нест карда шавад. Аммо СММ таклифи СССРро рад намуд.

21.10.1968.Дар Тошканд аввалин Ҷашнвораи синамоии кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ ифтитоҳ ёфт.

21.10.1980.Дар пленуми КМ ҲКИШ Михаил Горбачев котиби аввалин ҳизбии ш.Ставропол аъзои Бюрои Сиёсӣ интихоб шуд.

Чоршанбе, Окт 13 2021

 

10.10.1919.Антанта ва ИМА муҳосираи иқтисодии Русияи Шӯравиро эълон намуданд.

11.10.1922. Дар Русияи Шӯравӣ бо Декрети ШКХ воҳиди нави пулӣ - червонетс роҳандозӣ гардид.

11.10.1931. Дар СССР бо қарори ҳукумат савдои хусусӣ комилан манъ карда шуд ва савдогарӣ дар аввалин кишвари Шӯроҳо як кори зишт таъбир мешуд.

11.10.1961. Дар полигони Семипалатинскийи РСС Қазоқистон аввалин озмоиши зеризаминии бомбаи атомӣ анҷом дода шуд.

12.10.1924. Дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Украина Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Молдавия таъсис дода шуд.

12.10.1958. Дар маҷаллаи «Ватандӯсти Шӯравӣ» (“Советский патриот”) бори аввал шиори «Нақшаҳои ҳизб - нақшаҳои халқ» роҳандозӣ шуд.

12.10.1960.Дар ассамблеяи 15-и СММ роҳбари СССР Н.Хрушёв бо кафши худ минбарро кӯфта, таҳдид кард, ки «модари Кузка»-ро ба «Ғарби пӯсида» нишон медиҳад.

13.10.1921. Имзои созишномаи Карск. Ин созишномаи дӯстӣ бо миёнаравии РСФСР миёни Ҷамоҳири Шӯравии Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон бо Туркия ба имзо расид.

14.10.1962.Тайёраи ҷосусии ИМА дар ҳудуди Куба мушакҳои шӯравиро ошкор намуд. Маҳз бо ин ошкоршавӣ буҳрони Кариб оғоз гардид.

14.10.1964.Дар СССР Леонид Брежнев котиби генералии КМ ҲКИШ ва роҳбари кишвар интихоб гардид. Ӯ дар ин маснад Хрушёвро иваз кард. 

15.10.1964.Дар СССР бузургтарин хатти интиқоли нафт бо номи «Дӯстӣ» (“Дружба”) ифтитоҳ ёфт, ки нафти Сибири Ғарбиро ба Аврупо интиқол медод.

15.10.1970.Якумин ҳолати рабудани тайёра дар СССР, ки ба шакли густарда миёни ҷомеъа ошкор шуд. Падару писар Бразинскасҳо тайёраи «Аэрофлот» Ан-24 ро, ки дар хатсайри Сухумӣ-Батумӣ парвоз мекард, рабуданд. Ҷинояткорон ҳамроҳи парвоз (бортправодница) Надежна Курченкоро ба қатл расонида, тайёраро маҷбур карданд, ки дар ш.Трабзони Туркия ба замин фарояд.

15.10.1990. Роҳбари СССР Михаил Горбачев барои саҳми арзанда гузоштанаш дар кам кардани таниши умумиҷаҳонӣ ва пиёдасозии сиёсати ошкорбаёнӣ бо ҷоизаи Нобел мукофотонида шуд.

Чоршанбе, Окт 06 2021

 

3.10.1968. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин парвози тайёраи мусофирбари Ту-154 амалӣ гардид. Он яке аз маъруфтарин тайёраҳо дар хатсайрҳои собиқ Иттиҳод буд ва то ҳол бо муваффақият мавриди истифода қарор дорад.

3.10.1990. Дар ин рӯз Олмони Шарқӣ (ГДР) бо Олмони Ғарбӣ (ФРГ) пайваст гардид ва ҷудоии 45-солаи ин кишвар поён ёфт.

3.10.1993.Дар Маскав зиддияти тарафдорони президент Борис Николаевич Елтсин ва Шӯрои Олии Русия ба ҳолати даргирии ошкори мусаллаҳона мегузарад. Тарафдорони ШО муҳосираи Кохи сафедро рахна ва бинои шаҳрдории Маскавро тасарруф намуданд.

4.10.1957.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин парвози моҳвораи маснуии Замин ба амал оварда шуд.

4.10.1991.Роҳбарони тамоми ҷамоҳири собиқи СССР, ба истиснои ҷумҳуриҳои назди Балтик, созишномаи ҳамкориҳои иқтисодиро ба имзо расониданд.

4.10.1992.Кунгураи халқҳои Қафқоз аз Русия ва Гурҷистон талаб кард, ки истиқлолияти давлатии Чечен, Абхазия ва Осетиёи Ҷанубиро ба расмият бишиносанд.

4.10.1993. Президенти Русия Б.Елтсин барои пиёдасозии фармони худ оид ба пароканда кардани Шӯрои Олии Русия ба Маскав нерӯҳои тонкии артишро ворид ва низомиёни артиши рус ба бинои парлумон ҳамла карданд.

5.10.1938.Дар СССР бо иттиҳоми заҳролуд кардани Максим Горкий, яке аз беҳтарин табибони рус-Дмитрий Плетнёв ба ҳабс гирифта шуд.

5.10.1952.Дар Маскав Анҷумани ХIX Ҳизби коммунист ба кори худ сар намуд. Дар он Ҳизби коммунист тағйири ном кард ва аз ВКП (б) ба КПСС табдил дода шуд.

6.10.1922.Пленуми КМ РКП (б) қарор оид ба шакли муттаҳидгардонии ҷамоҳири шӯравиро ба тасвиб расонид.

7.10.1949.Таъсиси Ҷумҳурии Демократии Олмон (ГДР). Ин рӯз дар Олмони шарқӣ ҷашни миллӣ ба шумор мерафт ва Рӯзи Ҷумҳурӣ номида мешуд.

Чоршанбе, Сен 29 2021

 

28.09.1925. Дар СССР дастуруламал оид ба таъсиси милитсияи Коргарӣ-Деҳқонӣ қабул карда шуд.

28.09.1939. Дар рафти рафти Ҷанги ҷаҳонии 2 немисҳо пойтахи Полша-шаҳри Варшаваро тасхир намуданд. Худи ҳамин рӯз миёни СССР ва Олмони гитлерӣ «Созишномаи дӯстӣ ва сарҳадот» ба имзо расид.

29.09.1938. Нишасти таърихии Мюнхен. Шаби 29.09.1938 сарони 4 кишвари аврупоӣ-Олмон, Итолиё, Англия ва Фаронса дар шаҳри Мюнхени Олмон ҷамъ омаданд ва Чехословакияро миёни Олмон, Полша ва Венгрия тақсим намуданд.

29.09.1941. Оғози кушторҳои оммавӣ дар Бабий Яри Украина. Артиши олмонӣ дар зарфи 2 рӯз дар сойҳои Бабий Яр (наздикиҳои Киев) наздики 60.000 одамро ба қатл расониданд. Бештари кушташудагонро яҳудиён, лӯлиҳо ва асирони Артиши Сурх ташкил медоданд.

29.09.1990. Дар РСС Қазоқистон ба навоҳии русзабони кишвар иҷозат дода шуд, ки забони қазоқиро ба ҳайси забони расмӣ тадриҷан то с.2000 ҷорӣ намоянд.

30.09.1967. Кайҳоннавардони шӯравӣ аввалин шуда дар ҷаҳон васли киштиҳои кайҳониро дар фазои кушоди кайҳонӣ амалӣ намуданд. 2 киштии кайҳонии шӯравӣ «Космос-186» ва «Космос-188» бо ҳам пайваст шуданд.

30.09.1984. Дар СССР душохаи (шарқӣ ва ғарбӣ)-и роҳи оҳани Байкалу Амур (БАМ) бо ҳам пайваст шуданд. БАМ яке аз бузургтарин роҳҳои оҳан дар дунё маҳсуб ёфта, дарозиаш 4287 км аст. Сохтмони ин роҳи оҳан аз с.1938 оғоз ва бо танаффусҳои тӯлонӣ с.1984 ба итмом расонида шуд.

1.10.1931. Дар СССР пахши доимии барномаҳои телевизионӣ роҳандозӣ гардид.

1.10.1938. Баъди имзои созишномаи Мюнхен Артиши олмонӣ вориди хоки Чехословакия шуд ва вил.Судети ин кишварро ишғол намуд.

саҳ 7 аз 53

Китобҳо

Flag Counter