Принт

Анҷумани умумииттифоқии бехудоён

11.06.1931.Дар СССР мурофиаи судии делоҳои роҳбарони олирутбаи Артиши Сурх, маъруф бо «парвандаи Тухачевский» оғоз ёфт. Шаби 12 июн бо ин дело маршал Тухачевский ва фармондеҳони олирутбаи дигар-Якир, Убаревич ва Корк парронда шуданд. Ба ақидаи аксарият маҳз баъди ин дело дар АС тозакуниҳо оғоз шуданд ва Артиш то оғози ҷанг аз бисёр кадрҳои болаёқати худ маҳрум шуд.

 

11.06.1990.Дар Донетски Украина аввалин Анҷумани шахтёрони СССР барпо шуд. Ба он намояндагони кони Шӯроб низ даъват шуда буданд. Анҷуман заминасози ҳаракати шахтёрӣ дар СССР гардид. Шахтёрон дар оғози бӯҳрони иқтисодӣ, ки СССРро печид, аз ҳама бештар зарар диданд.

12.06.1929.Дар ш.Москва «Анҷумани умумииттифоқии бехудоён (безбожников)» оғоз ёфт. Дин дар СССР дигар расман «афюни халқ» дониста шуд.

12.06.1978.Боксери номдор-Муҳаммад Алӣ аз СССР дидан кард. Ӯ дар фурудгоҳ ба хабарнигорон, ки ба истиқболаш омаданд, гуфт: «Ман дар сиёсат ҳеҷ чизро намефаҳмам ва ҳузури СССРро дар Африқо намехоҳам муҳокима кунам. Мақсади ман аз ин боздид танҳо шиносоӣ бо кишвар ва мардуми шӯравист…».

12.06.1989.Раиси Президиуми Шӯрои Олии СССР-М.С.Горбачёв ва канслери Олмони Ғарбӣ-Гелмут Кол дар ш.Бонн ба ҳуҷҷате имзо гузоштанд, ки тибқи он тамоми давлатҳои Аврупо ҳақ доранд, озодона ҳар системаи ҳукуматиеро барои кишварҳояшон интихоб кунанд. Ин иқдом ба пошхӯрии блоки Варшава анҷом ёфт.

12.06.1990.Анҷумани якуми вакилони мардумии РСФСР Декларатсия дар бораи «Соҳибистиқлолии давлатии РСФСР»-ро қабул кард. Маҳз қабули он ба пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз бахшид.

12.06.1991.Б.Н.Елтсин аввалин президенти Русияи мустақил эълон гашта, расо 6 моҳ ба баъд шӯравиро мамлакати ғайриқонунӣ эълон кард.

13.06.1930.Бо қарори Шӯрои Ҳарбии Револютсионии СССР дар АС аввалин бригадаи механиконидашуда ташкил ёфт. Бояд гуфт, ки маҳз ҳарбиёни СССР пеш аз ҳама ба муҳимияти ин гуна ниҳоди низомӣ барои Артиш дар ҷанги оянда пай бурданд. Лек мутаассифона ин иқдомро роҳбарияти СССР хуш напазируфт.

13.06.1918.Шӯрои Комиссариати Халқӣ (СНК) органи олии ҳукумат дар Русияи шӯравӣ қарор дар бораи созмондиҳии Реввоенсовет (Шӯрои ҳарбии инқилобӣ)-ро ба тасвиб расонид. Ин Шӯро барои роҳбарӣ кардан ба муборизаи зидди шӯриши чехҳои сафед созмон дода шуд. Маҳз бо шӯриши чехҳои сафед дар Сибир ҷанги шаҳрвандӣ дар Русия оғоз ёфт.

13.06.1988.Суди Олии СССР ҳукми парвандаҳои Зиновев-Каменев, Петаков-Радек ва ёрони онҳоро ғайриқонунӣ хонд. Ин афрод аз зумраи болшевикони кӯҳантарин буданд ва соли 1936-37 бо ҷурмҳои гуногун ба қатл маҳкум шуданд. Инқилоби болшевикӣ сари содиқтарин пайравонни худро мехӯрд. Инчунин сарлашкарони шӯравӣ М.Н.Тухачевский ва Пётр Ионович Якир низ бегуноҳ дониста шуданд.

14.06.1939.Дар СССР эълон шуд, ки илми генетика бо диалектикаи марксистӣ мухолиф аст ва ин илм дар СССР дигар таълим дода намешуд.

14.06.1963.Хитой нақши роҳбарикунандаи СССРро дар ҷумбиши коммунистии дунё зери суол бурда гуфт, ки СССРро чун роҳбари ин ҳаракат намешиносад. Чин инчунин СССРро ба «хиёнат ба инқилоби ҷаҳонӣ» муттаҳам намуд.

15.06.1930.Дар СССР сохтмони биноҳои асосии заводи мошинсозии хоҷагии қишлоқи Ростов (Ростселмаш) ба итмом расиданд. Ростселмаш калонтарин коргоҳи мошинсозии хоҷагии қишлоқ дар собиқ СССР маҳсуб меёфт.

15.06.1945.Венгрия ӯҳдадор шуд, ки СССРро бо молҳои мавриди ниёз барои радди ҷуброне, ки дар ҶБВ артиши венгерӣ ба СССР расонида буд, таъмин кунад.

16.06.1918. Дар Русияи шӯравӣ расман ҳукми қатл ҷорӣ карда шуд.

16.06.1925. Дар Гурзуфи Қрим лагери пионерии «Артек» кушода ва он ба машҳуртарин лагерҳои пионерии кишвар табдил ёфт ва шӯҳрати умумииттифоқиро касб кард.

 

М.Салимшо

 

Матлабҳои дигар