ХАБАРИ ДОҒ

2.09.1918. Лев Давидович Тротский сарфармондеҳи олии Артиши Сурх таъйин шуд. Ӯ дар пирӯзии Артиши Сурх дар ҷанги шаҳрвандии Русия нақши аз ҳама воло дошт ва тавонист, бо сафарбар кардани мутахассисони артиши собиқи подшоҳӣ ба Артиши Сурх маҳорати ҷангии артишро боло барад ва маҳз ба шарофати ин болшевикон тавонистанд, дар ҷанги гражданӣ зидди артиши сафед пирӯз шаванд.

 

2.09.1918. Дар Сибир генерали рус Александр Таубе аз тарафи гвардиячиёни сафед дастгир карда шуд. Таубе яке аз аввалин генералҳои артиши собиқи подшоҳӣ буд, ки ба тарафи болшевикон гузашт.

4.09.1944. Ҳукумати Бритониё, ки дар ҶБВ иттифоқчии СССР буд, қарори ба СССР додани ҳамаи асирони ҷангии миллаташон русро қабул намуд. Тибқи ин қарор асирони шӯравӣ, ки бо сабабҳои гуногун ба англисҳо таслим шуда буданд ба тарафи СССР супорида шуданд ва ба зиндонҳои Сибир ирсол гардиданд.

4.09.1945. Дар СССР Кумитаи Давлатии Мудофиа (ГКО) аз миён бардошта шуд. Ин Кумита 30.06.1941 баъди ҳуҷуми Олмон ба СССР таъсис дода шуд ва дар замони ҶБВ олитарин органи ҳукуматӣ дар СССР маҳсуб меёфт. Роҳбарии ин Кумитаро дар тӯли фаъолияти он, Иосиф Сталин ба ӯҳда дошт.

4.09.1957. Аввалин парвози тайёраи мусофирбари реактивии «Ту-104А» бо хатсайри «Маскав-Нью-Йорк».

4.09.1962. Оғози бӯҳрони Кариб. Дар ин рӯз президенти ИМА Ҷон Кеннедӣ ба роҳбари Куба Фидел Кастро эълон намуд, ки ИМА бо тамоми имконоташ аз амалиёти ҳарбии Куба, дар манотиқи шомил ба манофеи худ ҷилавгирӣ мекунад. Маскав низ дар ҳамин рӯз ба ин қазия ҳамроҳ шуд ва эълон кард, ки таҷовузи бевоситаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Куба аз ҷониби СССР бе посух нахоҳад монд. Бӯҳрони Кариб яке аз тезутундтарин давраҳо дар муносибати ин 2 абарқудрат ба шумор меравад, ки қариб бо ҷанги атомӣ миёни онҳо хотима меёфт. Дар ин боб муфассал дар саҳ.4 навиштаем...

5.09.1940. Дар СССР дар рӯзномаи «Пионерская правда» аввалин қисмати асари маъруфи нависандаи шӯравӣ Аркадий Гайдар «Тимур ва камандаи ӯ» ба нашр расид. Баъдан дар асоси ин асар филме низ бо чунин унвон наворбардорӣ шуд, ки солҳои тӯлонӣ яке аз маъруфтарин филмҳои синамоӣ дар собиқ СССР буд.

5.09.1941. Баъд аз наздик шудани артиши олмонӣ ба Маскав, ҳукумати СССР қарор дод, ки тамоми кӯдакони то 12 соларо аз пойтахти кишвар ба ақибгоҳ фиристад.

5.09.1944. СССР ба Болгария ҷанг эълон намуд. Асосан ин кор танҳо ҷанбаи сиёсӣ дошт. Артиши Сурх он ҳангом ба сарҳадҳои ин кишвар баромада буд ва метавонист бе ҳеҷ эълони ҷанг дохили он гардад. Болгария яке аз иттифоқчиёни Олмон дар ҷанги ҷаҳонии 2 ба ҳисоб мерафт ва ҳамаҷониба аз Олмони гитлерӣ ҷонибдорӣ карда буд.

5.09.1972. Ташкилоти террористии фаластинии «Сентябри сиёҳ» тими миллии Исроилро дар бозиҳои олимпии Мюнхен гаравгон гирифт. Ҳукумати Олмони Ғарбӣ бо нерӯҳои худ натавонист варзишгаронро наҷот диҳад ва дар натиҷаи амалиёти нобарор бештари онҳо кушта шуданд. Ҳукумати СССР бошад аз ин амалиёти фаластиниҳо барои худ дарси ибрате гирифт ва дар СССР аввалин гурӯҳи зудамали «Алфа» созмон дода шуд.

5.09.1983. Кишварҳои ғарбӣ ба нишони эътироз аз зада афтонидани ҳавопаймои мусофирбари «Боинг-747», ки ба Кореяи Ҷанубӣ мутааллиқ буд, дар болои ҷазираи Сахалин ба муддати 14 рӯз парвози тайёраҳои ширкати ҳавопаймоии «Аэрофлот»-и СССРро ба қаламрави кишварҳояшон манъ намуданд.

6.09.1991.Ба Ленинград номи пештараи ин шаҳр Санкт-Петербург баргардонида шуд.

6.09.1991. Ҷумҳурии ҷудоиталаби Чечен худро соҳибистиқлол эълон намуд.

М.Салимшо

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter