ХАБАРИ ДОҒ

Аз таркиши бомба то кӯмаки Рузвелт

  • Панҷшанбе, Окт 27 2016

30.10.1941. Аввалин ҳамлаи Артиши олмонӣ ба Севастопол. Ин шаҳр бандари асосии флоти Баҳри сиёҳии Артиши Сурх ба шумор мерафт ва гирифтани он барои немисҳо аҳамияти вежае дошт. Артиши Сурх низ ба ҳеҷ ваҷҳ намехост ин шаҳри муҳими бандариро аз даст диҳад. Дар Севастопол задухӯрдҳои шадид оғоз гардиданд ва билохира тобистони соли 1942 ба немисҳо муяссар гардид, ки Севастополро ишғол намоянд.

 

30.10.1941. Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико-Франклин Делано Рузвелт қарор дод, ки барои ёрдам ба СССР дар ҷанг алайҳи Олмон 1 миллиард доллар кӯмак намояд.

30.10.1961. СССР бузургтарин таркиши бомбаи атомиро дар таърихи ҷаҳонӣ ба амал овард. Бомбаи водородӣ, ки 58 мегатонна вазн дошт ва бо номи «Шоҳ бомба» («Царь бомба») маъруф буд, дар озмоишгоҳи атомии Замини Нав тарконда шуд. Сарвари СССР-Никита Сергеевич Хрушёв дар ин бобат иброз дошт: «Мо мехостем бомбаи 100 мегатоннаро тарконем, аммо бомбаро хурдтар кардем, то тирезаҳо дар Маскав нашикананд...».

31.10.1961. Ҷасади Иосиф Сталин бо қарори ҳукумати Шӯравӣ аз Мавзолейи Ленин бароварда шуд. Сталинро дар зери девори Кремл дубора ба хок супурданд.

1.11.1990. Дар СССР қурби тиҷоратии рубл ҷорӣ гардид. Мутобиқи ин қурб 1 доллари ИМА 1 рублу 80 тин арзиш дошт.

2.11.1938. Дар СССР аввалин бор занон бо унвони олии кишвар-Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ қадрдонӣ гардиданд. Аввалин занони қаҳрамон, ҳавонавардон Валентина Гризодуб, Полина Осипенко ва Марина Раскова буданд.

3.11.1931. Дар СССР ташкилоти бонуфуз ва бой, Институти марксизм-ленинизм таъсис дода шуд. Ин Донишкада, ки асосан пояи илмӣ надошт, яке аз бонуфузтарин ташкилотҳо дар собиқ СССР буд.

4.11.1946. Дар Париж, пойтахти Фаронса ташкилоти ЮНЕСКО созмон дода шуд. ЮНЕСКО – Созмони Миллали Муттаҳид дар масоили илму фарҳанг ба ҳисоб меравад.

4.11.1967. Дар Маскав-пойтахти СССР манораи телевизионии «Останкино» сохта ба истифода дода шуд, ки баландии он 540 метрро ташкил намуд.

5.11.1929. Дар СССР ташкилоти «Интурист» созмон дода шуд. Ин ташкилот солҳои тӯлонӣ дар СССР ягона ташкилоте буд, ки бо гардишгарии хориҷӣ сару кор дошт.

5.11.1933. Дар шаҳри Маскав аввалин троллейбуси шӯравӣ ЛК-1 (Лазар Каганович) ба хатсайри мусофиркашӣ баромад. Аз ин рӯз ба баъд дар пойтахти СССР троллейбусҳо ба фаъолияти худ шурӯъ карданд.

5.11.1934. Дар кинотеатрҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ филми маъруфи бародарон Василевҳо «Чапаев» ба намоиш гузошта шуд. Ин филм солҳои тӯлонӣ яке аз маъруфтарин синамоҳои шӯравӣ ба ҳисоб мерафт ва дар СССР аз шӯҳрати вежае бархурдор буд.

М.Салимшо

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter