ХАБАРИ ДОҒ

Аз суиқасд то марги ГенСек

  • Панҷшанбе, Нояб 03 2016

6.11.1917. Дар пойтахти Русия-шаҳри Петроград дастаҳои гвардияи Сурх бо кӯмаки аскарони гарнизони шаҳрӣ, ки ба тарафи болшевикон гузашта буданд, аз номи Шӯрои Петроград пулҳои болои дарёи Нева, почта, телеграф ва вокзалҳои шаҳриро ишғол намуданд. Ин амалкард оғози шӯриши мусаллаҳона алайҳи Ҳукумати муваққатӣ маҳсуб меёбад.

 

6.11.1943. Артиши шӯравӣ дар рафти ҶБВ пойтахти Украина-шаҳри Киевро аз асорати артиши олмонӣ озод намуд.

6.11.1991. Президенти Русияи тозаистиқлол-Борис Николаевич Елтсин бо фармони махсуси худ фаъолияти ҲКИШ ва ҲКи Русияро дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон ва моликияташонро низ мусодира намуд.

7.11.1917. Дар пойтахти Русия-шаҳри Петроград болшевикон қасри Зимистонаро, ки қароргоҳи асосии Ҳукумати муваққат ба ҳисоб мерафт,тасарруф карданд. Ҳукумати муваққат барҳам дода шуд ва болшевикон дар Русия ба қудрати сиёсӣ соҳиб шуданд. Ин амалкарди болшевикон бо Инқилоби сотсиалистии Октябр дар таърихнигории имрӯза маъруф аст. Баъди ин инқилоб сохти сотсиалистӣ барои 70 сол дар собиқ импературии Русия мустақар гардид.

7.11.1924. Аз майдони Сурхи Маскав аввалин автомобилҳои шӯравӣ убур намуданд. Инҳо автомобилҳои якунимтоннаӣ тамғаи «АМО - Ф -15», ки дар заводи автомобилбарории Макскав истеҳсол шуда буданд.

7.11.1941. Паради ҳарбии Артиши Сурх дар майдони Сурхи Маскав. Ин паради ҳарбиро бисёриҳо бо амалиёти муҳими ҳарбӣ баробар медонанд. Кишвари шӯроҳо дар он шабу рӯз дар вазъияти ногуворе қарор дошт. Артиши олмонӣ дар остонаҳои пойтахт қарор дошт ва баргузории ин парад ба рӯҳияи аскарон ва кулли сокинони пойтахт таъсири азиме расонид. Сарбозони шӯравӣ аз ин парад рост ба майдони набард раҳсипор гардиданд ва дере нагузашта душманро аз пойтахти кишвар дур андохтанд.

7.11.1990. Ҳангоми баргузории ҷашнҳои идона ба муносибати солрӯзи инқилоби Октябрӣ ба ҷони сарвари СССР Михаил Сергеевич Горбачёв суиқасд анҷом гирифт. Ҳини баргузории парад, Алексей Шмонов аз камони пневматикӣ ба сӯи Горбачёв, ки дар болои Мавзолей қарор дошт, тир андохт. Хушбахтона Горбачёв дар ин суиқасд осеб надид.

8.11.1917. Шӯриши мусаллаҳонаи болшевикон дар Маскав. Дар Маскав шӯриш ба задухӯрдҳои шадид оварда расонид ва болшевикон танҳо баъди 10 рӯзи ҷангҳои шадид қудратро дар шаҳр ба даст гирифтанд.

8.11.1975. Капитани дараҷаи саввум Валерий Саблин дар киштии ҳарбии «Сторожевой» шӯриш бардошт ва тағйир додани дастгоҳи ҳизбӣ ва давлатиро талаб намуд.

9.11.1940. Дар макотиби миёнаи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ таълими ҳатмии забонҳои хориҷӣ ҷорӣ гардид.

9.11.1989. Оғози тахриби девори Берлин. Ин девор, ки пойтахти Олмонро 2 тақсим мекард, 45 км дарозӣ дошт ва дар оғози ҷанги сард аз тарафи СССР ва иттифоқчиёнаш сохта шуда буд.

10.11.1961. Сталинград ба Волгоград тағйири ном кард. Номи кӯҳнаи ин шаҳр Саритсин комилан ба фаромӯшӣ супорида шуд ва Сталинград бошад ба шарофатии муҳорибаи Сталинград барои ҳамеша дар таърих боқӣ монд.

10.11.1982. Дар СССР котиби генералӣ ва аввали Ҳизби коммунист-Леонид Илич Брежнев аз олам гузашт. Замони ҳукумати Брежнев беҳтарин давра дар таърихи СССР маҳсуб меёбад ва бо рукуд дар таърихнигории имрӯза маъруф аст.

М.Салимшо

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter