ХАБАРИ ДОҒ

Аз ҷанозаи доҳӣ то давраи рукуд

  • Душанбе, Янв 30 2017

26.01.1968. "Даккар"-киштии зериобии исроилӣ (бо 65 сарнишин) ва "Мираж"-киштии зериобии фаронсавӣ яку якбора нопадид шуданд. Аз ҳама аҷиб ин 2 киштӣ дар Баҳри Миёназамин, дар масофаи 1000 мил аз ҳам дур қарор доштанд.

 

27.01.1921.Дар Русияи шӯравӣ пардохти пулӣ барои истифодаи хона, ҳаммомҳо, об, канализатсия, нақлиёти шаҳрӣ ва устохонаҳои таъмирӣ аз миён бардошта шуд.

27.01.1921.ШКХ бо қарори хоси худ ширкати радиошунавоиро дар Русияи шӯравӣ таъсис дод.

27.01.1924.Дар Майдони Сурхи Маскав маросими дафни Владимир Ленин барпо шуд. Ӯро миёни қабрҳои қаҳрамонони кушташудаи инқилоби Октябрӣ, дар дохили Мақбараи махсус сохташуда, дафн карданд. Мақбара баъдан бозсозӣ гардид ва соли 1930 ба ҳамин шакли ҳозирааш даромад.

27.01.1945. "Лонаи гург"-нерӯҳои фронти 3-и белоруссии Артиши Сурх қароргоҳи Гитлерро дар наздикиҳои Растенбург ба тасарруф дароварданд.

27.01.1973.Имзои созишномаи Париж дар бобати хатми ҷанги Ветнам. Он соли 1964 дар Ветнами ҷанубӣ чун ҷанги шаҳрвандӣ миёни коммунистони маҳаллӣ ва ҳукумат оғоз ёфт ва баъдан нерӯҳои Ветнами шимолӣ низ ба он ҳамроҳ шуданд. Ҷанг бо пирӯзии комили коммунистҳо хотима ёфт.

27.01.1987.Дар пленуми КМ ҲКИШ Михаил Горбачев бори аввал замони ҳукумати Леонид Брежневро "давраи рукуд" номид ва эълон кард, ки акнун кишвар ба давраи нави бозсозӣ-"давраи ошкорбаёнӣ" дохил гардид.

28.01.1918.Раиси ШКХ В.И.Ленин декрет “Дар бобати таъсиси Артиши Сурхи Коргару Деҳқон” (РККА)-ро ба имзо расонд. Аввалин кишвари Шӯроҳо акнун дорои нерӯи мусаллаҳи доимӣ шуд. Дастаҳои гвардияи Сурхи Финляндия бошанд, пойтахти ин кишвар шаҳри Хелсинкиро ба тасарруфи худ дароварданд.

29.01.1932.Дар корхонаи мошинсозии ба номи Горкий (ГАЗ) аввалин мошини боркаши Иттиҳоди Шӯравӣ ГАЗ АА тавлид шуд. Он яке аз оммавитарин мошинҳои боркаши СССР гардид ва то авохири солҳои 1960 мавриди истифода қарор дошт. Ҳамагӣ дар ГАЗ 985 000 адад мошини ГАЗ АА истеҳсол карда шуд.

31.01.1924.Анҷумани 2-и Шӯроҳои СССР Сарқонуни аввали СССРро тасдиқ кард.

31.01.1932.Дар СССР аввалин қӯраи чӯянрезии комбинати металлургии Магнитагорск ба кор даромад. Он яке аз бузургтарин корхонаҳои оҳанбарории СССР ба шумор мерафт ва ҳамагӣ дар зарфи 4 сол сохта шуд.

2.02.1918.Дар Русияи шӯравӣ бо декрети ШКХ калисо аз давлат ҷудо карда шуд. Инчунин мактабҳо низ аз ин ба баъд рабте ба калисо надоштанд.

2.02.1943.Ғалабаи Артиши Сурх дар назди Сталинград. Дар ин ҳарби хунин Артиш армияи 6-уми немисҳоро, ки дар вақташ пойтахти Фаронсаро тасхир карда буд, шикаст дод. Фармондеҳи олмонӣ, фелдмаршал Паулюс низ ба асорат гирифта шуд.

М.Салимшо

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter