ХАБАРИ ДОҒ

Аз амалиёти НКВД то интихоби ГенСек

  • Панҷшанбе, Апр 06 2017


07.04.1930. Дар СССР системаи лагерҳои меҳнатӣ васеъ карда шуда, ба тобеъияти Раёсати асосии лагерҳо (ГУЛАГ) дар ҳайъати ОГПУ шомил гардиданд.

07.04.1935. Дар СССР Қарори КИМ ва ШКХ оид ба "Чораҳои мубориза бо ҷинояткории ноболиғон" ба тасвиб расид. Акнун ноболиғони шӯравӣ аз 12-солагӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешуданд ва нисбати онҳо тамоми чораҳои ҷазои ҷиноятӣ, то ҳукми ақл раво дида мешуд.
07.04.1948. Низомномаи Ташкилоти байналмилалии тандурустӣ ба тасвиб расид. Имрӯз ин рӯзро чун Рӯзи байналмилалии тандурустӣ дар бештари кишварҳои ҷаҳон ҷашн мегиранд.
8.04.1918. Ҳукумати шӯравӣ байрақи расмии серангаи Русияи шоҳиро бо байрақи сурх ҷойгузин кард.
8.04.1921. Торумори Ҷумҳурии Лабин аз ҷониби артиши Итолиё. Фашистони итолиёӣ 2 март ба шахтёрон дар шаҳраки Лабини Хорватия ҳамла карданд. Дар ҷавоби ин ҳамла беш аз 2000 шахтёрони Лабинск ба кӯчаҳо баромаданд. Шахтёрон шаҳри Лабинскро ба тасарруфи худ дароварданд ва Лабинро ҷумҳурӣ эълон намуданд. Ин ҷумҳурии кучак аз 2 март то 8 апрел арзи вуҷуд кард ва аз тарафи нерӯҳои мусаллаҳи Итолиё аз миён бардошта шуд.
8.04.1928. Дар СССР бо қарои КИМ калисо аз ҳолати шахси ҳуқуқӣ маҳрум гардид.
8.04.1940. НКВД (Народный комиссариат внутренних дел) амалиёти худро барои аз миён бардоштани афсарони асири полякӣ оғоз намуд. Амалиёти мазкур дар наздикиҳои деҳаи Катини вилояти Смоленск пиёда шуд. Дар натиҷаи он нерӯҳои НКВД 21 857 низомии полякро, ки ба дасти Артиши Сурх асир афтода буданд, дар ҷангали Катин ба қатл расониданд. 10 апрели соли 2010 бошад дар ин мавзеъ тайёраи президенти Полша Лех Качински ба садама дучор шуд ва дар натиҷа 88 узви баландпояи полякӣ ва 8 халабони поляк ба ҳалокат расиданд.
8.04.1966. Дар СССР Леонид Илич Брежнев Котиби генералии КМ ҲКИШ интихоб карда шуд.
9.04.1937. Дар шаҳри Барселонаи Испания афроди номаълум яке аз тарафдорони ашаддии Лев Давидович Тротский дар хориҷи СССР, Мак Рейн дуздида шуд. Ҳукумати Испания НКВДро дар ин ҳодиса гунаҳкор донист.
9.04.1963. Кунгураи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Уинстон Черчилро бо унвони шаҳрванди фахрии ИМА қадрдонӣ намуд. Черчил аввалин хориҷие буд, ки шаҳрвании фахрии ИМАро соҳиб гардид.
10.04.1925. Дар СССР шаҳри Царицын ба Сталинград тағйири ном кард. Баъдан бошад Сталинградро ба Волгоград табдил доданд.
11.04.1921. Дар Осиёи Миёна Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Туркистон таъсис дода шуд.
12.04.1961. Аввалин парвози инсон ба кайҳон. Дар ин рӯз киштии кайҳонии шӯравӣ "Восток" бо сарнишинаш Юрий Гагарин Заминро давр зад ва кайҳоннавард бо муваффақият ба замин фаромад.


М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter