ХАБАРИ ДОҒ

Аз қатли Володарский то қабри Темур

  • Душанбе, Июн 19 2017


15.06.1930.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмони биноҳои асосии корхонаи мошинасозӣ барои хоҷагии қишлоқ дар шаҳри Ростов ба охир расид. Ин корхона, ки Ростселмаш ном гирифт, бузургтарин корхонаи мошинсозӣ барои хоҷагии қишлоқ дар СССР ба шумор мерафт.

15.06.1931.КМ ВКП (б) бо Қарори худ сохтмони хатти метроро дар Маскав ифтитоҳ бахшид.
15.06.1945. Венгрия ӯҳдадор шуд бар ивази зарари дар рафти ҶБВ расонидааш молу маҳсулоти истеҳсолкардаашро ба СССР бидиҳад.
15.06.1963.Роҳбари Чин Мао Дзедун СССРро ба "хиёнат ба инқилоби ҷаҳонӣ" муттаҳам кард.
15.06.1988.Шӯрои Олии Арманистон аз Маскав хост, ки Қаробоғи Кӯҳиро ба ҳайъати Арманистон ҳамроҳ кунад. Натиҷаи ин талаб ҷанги чандсолаи Арманистон ва Озарбойҷон шуд, ки яке аз хунинтарин даргириҳо дар қаламравӣ собиқ СССР маҳсуб меёбад.
16.06.1918.Дар Русияи Шӯравӣ расман ҳукми қатл барқарор карда шуд.
16.06.1919.Дар шаҳри Прешовеи Словакия Ҷумҳурии Шӯравии Словакия таъсис дода шуд. Ин ҷумҳурии навтаъсис бо ҳимояти Горди сурхи Венгрия арзи вуҷуд пайдо кард ва ба он журналисти чех Антонин Яноушек сарварӣ мекард. Ҷумҳурии Шӯравии Словакия камтар аз 1 моҳ истод ва 7.07.1919, баъд аз рафтани гвардияи сурхи венгерӣ аз ҷониби артиши Чехословакия торумор шуд.
16.06.1977.Леонид Брежнев Раиси Раёсати Шӯрои Олии СССР таъин шуд. Бо ишғоли ин мансаб ӯ бори аввал дар таърихи СССР мансаби олии ҳизбӣ ва давлатиро якҷо намуд.
17.06.1930.Дар СССР корхонаи тракторсозии Сталинград ба номи Дзержинский сохта, ба истифода дода шуд.
17.06.1982.Президенти ИМА Роналд Рейган ҳангоми баромадаш дар Ассамблеяи Генералии СММ бори аввал СССРро "империяи бад" унвон кард.
20.06.1918.Дар Петроград аз ҷониби эссерони рост яке аз беҳтарин наттоқони ҳизби болшевикӣ Владимир Володарский ба қатл расид. Номи аслии ӯ Моисей Марковия Голштейн буд. Дар таърихнигории шӯравӣ қатли ӯро дар қатори куштори Моисей Уритсий ва Владимир Ленин, яке аз сабабҳои аслии "террори сурх" меноманд.
21.06.1925.Дар пойтахти СССР шаҳри Маскав таксиҳои аввалин пайдо шуда, он аз 16 автомашинаи тамғаи "Рено"-и Фаронса иборат ёфта буданд.
21.06.1941.Артиши олмонӣ фармони ҳуҷумро ба СССР тибқи нақшаи "Барбаросса" дарёфт намуда, ба ҳолати омодабош медарояд. Гурӯҳҳои тахрибкори олмонӣ бошанд аллакай ҳамин шаб вориди хоки СССР гаштанд.
21.06.1941.Дар Самарқанд мақрабаи Темури лангро кушоданд. Тибқи баъзе нақлҳо, маҳз нақши қабри Темур боиси оғози ҶБВ шудааст.


М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter