ХАБАРИ ДОҒ

Аз ҳабси Берия то ҷазои ҷиноӣ

  • Панҷшанбе, Июн 22 2017


23.06.1941. Бо қарори якҷояи ШКХ СССР ва КМ ВКП(б) Қароргоҳи Сарфармондеҳи Асосии Нерӯҳои Мусаллаҳи СССР таъсис дода шуд. Ин ниҳоди муҳим 8.08.1941 ба Қароргоҳи Сарфармондеҳи Олӣ тағйири ном кард ва дар рафти Ҷанги Бузурги Ватанӣ олитарин ситоди фармондеҳии артиш ба шумор мерафт.

23.06.1944. Артиши Сурх амалиёти озодсозии Белоруссияро оғоз намуд. Ин амалиёт "Багратион" ном дошта, яке аз амалиётҳои маъруфи ҶБВ ба шумор меравад.
23.06.1990. Шӯрои Олии РСС Молдавия Декларатсияи соҳибистиқлолии давлатии ин кишварро ба имзо расонид.
24.06.1945. Дар пойтахти СССР, шаҳри Маскав Паради Ғалаба доир шуд. Ба парад маршал Георгий Константинович Жуков фармондеҳӣ мекард ва аз ҳама лаҳзаи ҷолиби он, партофтани парчамҳо ва штандартҳои олмонӣ ба пояи мақбараи Ленин будӣ.
24.06.1973. Котиби генералии ҲКИШ Леонид Илич Брежнев ҳангоми ташрифоти расмиаш ба ИМА иброз намуд, ки ҷанги сард акнун поён ёфт.
25.06.1916. Императори рус Николайи II декретеро имзо кард, ки тибқи он мардуми таҳҷоии Осиёи Миёна ба артиш даъват мегардиданд. Ин мардум то соли 1916 аз даъват ба артиш маоф буд ва декрети мазкур сабаби сар задани шӯриши мардумӣ шуд, ки бештари манотиқи Осиёи Миёна ва Қазоқистонро фаро гирифт.
25.06.1946. СССР ба Федератсияи байналмилалии футбол шомил гардид.
25.06.1950. Оғози ҷанги Корея. Он яке аз хунинтарин даргириҳои 2 қутби ба ҳам зид-сотсиалистӣ ва капиталистӣ ба шумор мерафт. Аз ҷониби лагери сотсиалистӣ дар он СССР ва Чин бевосита ширкат варзиданд ва лагери капиталитсиро бошад тарафи ИМА сарварӣ мекард. Ҷанг 3 сол идома дошт ва 27.07.1953 бо имзои сулҳи муваққатӣ ва бунёди минтақаи ғайринизомӣ дар сарҳади Кореяи ҷанубӣ бо Кореяи шимолӣ ба поён расид.
25.06.1953. Ҳангоми нишасти Бюрои сиёсии КМ сарвари НКВД Лаврентий Берия аз ҷониби ҳарбиёни баландрутбаи шӯравӣ ба ҳабс гирифта шуд.
26.06.1930. Дар Маскав Анҷумани XVI ВКП(б) ба кори худ шурӯъ кард. Анҷумани мазкур то 12 июл идома дошт ва шиори "Панҷсоларо дар 4 сол" ба ҳукми қонун даровард.
26.06.1940. Бо Қарори Шӯрои Олии СССР дар аввалин кишвари Шӯроҳо рӯзи кори 8-соата, ҳафтаи кории 7-рӯза ва ҷазои ҷиноӣ барои аз 21 дақиқа зиёдтар дер кардан ба кор ҷорӣ карда шуд.
26.06.1945. Дар СССР рутбаи Генералиссимуси Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис дода шуд ва рӯзи дигар ин рутба ба Иосиф Сталин супурда шуд. Сталин аввалин ва охирин генералиссимус дар СССР гардид.
27.06.1954. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин нерӯгоҳи барқии атомӣ (АЭС) дар шаҳри Обнинск ба кор сар кард.
28.06.1988. Дар Маскав конфронси XIX ҲКИШ ба кори худ оғоз намуд. Бо ифтитоҳи конфронс ислоҳоти сиёсӣ дар СССР сар шуд, ки ба суқути ин абарқудрати шарқӣ поён ёфт.


М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter