Принт

Дидори 2 мухолифи 1 СССР


23.08.1935. Ҳукумати шӯравӣ қарор дод, ки дар бурҷҳои қасри Кремл ситораҳои 5-гӯшаро насб кунад. Баъди чанде ситораҳои ёқутӣ бурҷҳои Кремлинро оро доданд ва то ба ин рӯз низ ин ситораҳо медурахшанд.Аввалин ситораҳо барои Кремл аз миси сурх ва пӯлоди зангногир сохта шуданд ва онҳоро ёқути сурх ва дигар сангҳои қиматбаҳо оро медоданд. Дар сохтмони ин ситораҳо зиёда аз 7000 санги аз 20 то 200-қирота сарф шуд ва ҳаҷми умумии ситораҳо бошад 5600 кг вазн дошт.

23.08.1939. Иттиҳоди Шӯравӣ ва Олмон созишномаи ба ҳамдигар ҳуҷум накарданро ба имзо расонд. Созишномаро дар ҳузури Сталин, аз ҷониби СССР комиссари халқии корҳои хориҷа В.Молотов ва аз ҷониби Олмон вазири корҳои хориҷаи ин кишвар Риббентроп ба имзо расонданд. Дар таърихнигории муосир ин созишнома бо “Пакти Молотов-Риббентроп” маъруф аст.
23.08.1990. Арманистон соҳибистиқлолии худро аз СССР эълон намуд.
23.08.1991. Президенти Русия Борис Николаевич Елтсин фаъолияти ҲКИШро дар қаламрави РСФСР комилан манъ кард ва нашри рузномаи "Правда" низ мутаваққиф карда шуд.
24.08.1950. Исроил амалиёти "Қолини муъҷизанок"-ро оғоз кард. Ин амалиёт барои кӯчонидани яҳудиёни Яман ба Исроил роҳандозӣ гардида буд. Соли 1948 ҳукумати Яман ба яҳудиён иҷозаи тарки кишварро дод ва исроилиҳо аз яҳудиёни яманӣ хостанд дар 1 подагони наздикии шаҳри Аден ҷамъ шаванд. Тайёраҳои исроилӣ дар муддати кӯтоҳ аз 44 то 55.000 яҳудиро аз Яман ба Исроил интиқол доданд.
24.08.1954.Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои коммунистӣ мамнуъ эълон гардиданд.
24.08.1990.Тоҷикистон Декларатсияи истиқлолиятро ба имзо расонд.
24.08.1991.Михаил Горбачев аз вазифаи котиби генералии КМ ҲКИШ даст кашид ва аз КМ даъват кард, ки худ пароканда гарданд.
25.08.1941.Артиши Шӯравию англис аз 2 тараф-шимолу ҷануб ба хоки Эрон ворид шуданд ва кишвар пурра ба тасарруфи иттифоқчиён даромад.
25.08.1983. СССР тариқи имзои яке созишнома ӯҳдадор шуд аз ИМА ба маблағи 10 млрд доллар ғалла харидорӣ кунад. Аввалин кишвари Шӯроҳо баъди ислоҳоти Хрушев ба буҳрони шадид дар хоҷагии қишлоқ дучор шуд ва аз с.1972 ба вобастагии сахт ба воридоти ғалла, хусусан, аз ИМА гирифтор гардид. Ғалларо одатан бо нафт мубодила мекарданд ва нархи нафти шӯравӣ ҳам поинтар аз нархи бозори ҷаҳонӣ ҳисоб карда мешуд. Вақте асъори хориҷӣ намерасид роҳбарияти СССР ғалларо аз ҳисоби захираи тиллои кишвар харидорӣ мекард. Тибқи маълумотҳо СССР барои хариди ғалла ва гӯшт дар солҳои 1960-1985 зиёда аз 900 тонн тилло масраф намуда буд.
26.08.1968.Дар Маскав аввалин дидори 2 мухолифи асосии ҳукумати шӯравӣ Андрей Сахаров ва Александр Солженитсин ба вуқӯ пайваст. Ин дидор дар шароити махфиёна доир шуд ва Сахаров бо Соженитсин натавонистанд дар бобати ояндаи Русия ба 1 фикр биёянд.
26.08.1991. Иҷлосияи ғайринавбатии парлумони СССР бо қарори худ фаъолияти ҲКИШро дар қаламрави ҳамаи Иттиҳод мамнӯъ эълон намуд. Худи ҳамин рӯз собиқ раиси ШО СССР Анатолий Лукянов ба ҳабс гирифта шуд ва роҳбари корҳои КМ ҲКИШ Николай Кручин ба ҳалокат расид.
27.08.1959. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ қарори ҳукуматӣ қабул карда шуд, ки тибқи он хатмкунандагони мактабҳои миёнаро бо медал қадрдонӣ мекарданд. Аз ин пас хонандагоне, ки бо баҳои аъло мактаби миёнаро хатм мекарданд бо медали тилло мукофотонида мешуданд. Ин таҷриба то ҳол дар бештари кишварҳои собиқ Иттиҳод идома дорад.

М.Салимшо

Матлабҳои дигар