ХАБАРИ ДОҒ

Аз марг то интихоби ГенСек

  • Душанбе, Нояб 13 2017


10.11.1961. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ шаҳри Сталинград ба Волгоград тағйири ном кард. Номи пештараи ин шаҳр Царицин буд ва баъди сари қудрат омадани Иосиф Виссарионович онро ба Сталинград табдили ном карданд.

Имрӯзҳо аз он номи қадима қариб ки ёд намекунанд. Аммо номи Сталинро ба таъбире ҶБВ таърихӣ кард ва имрӯз низ муҳорибаи Сталинград намегузорад номи муллои гурҷӣ аз номгӯи ин шаҳр ҳазф шавад.

11.11.1982. Дар СССР котиби генералии ҲКИШ Леонид Брежнев бо дунёи фонӣ падруд гуфт. Брежнев аз с.1964 ба Иттиҳоди Шӯравӣ роҳбарӣ мекард ва замони ҳукумати ӯро баъзе даврони тиллоии ҳукумати Шӯроҳо ва баъзеи дигар чун даврони рукуд ном мебаранд.
11.11.1905. Оғози шӯриши Севастопол. Ин шӯриш яке аз руйдодҳои инқилоби аввали рус буда, нақши асосиро дар он сотсиал-демократҳо мебозиданд. Ба шӯриш баҳрнаварди собиқ, лейтенант Петр Шмидт роҳбарӣ мекард ва бештари иштирокчиёнаш низ баҳрнавардон (матросоҳо) буданд.
11.11.1918. Анҷоми Ҷанги аввали ҷаҳонӣ. Баъди таслими Австро-Венгрия дар Олмон инқилоб ба вуқӯъ пайваст ва мардум сохти подшоҳиро сарнагун кард. Олмон ҷумҳурӣ эълон шуд ва дар кишвар ҳукумати ҷадид рӯи кор омад. Субҳи 11.11.1918 ин ҳукумат дар ҷангали Компен дар Фаронса, дар вагони маршал Фош бо Фаронсаву Англия оташбас эълон кард. 11 ноябр, соати 11:00 нафари навбатдор дар назди вагони сарфармондеҳ сигнали "Оташбас"-ро зер кард ва ин сигнал дар тамоми фронт шунида шуд. Дар ҳамон лаҳза амалиёти ҷангӣ қатъ карда шуд. Ҷанги ҷаҳонии 1 анҷом ёфт.
11.11.1970. Дар Маскав як гурӯҳ аз фаъолони ҳуқуқи инсон Кумитаи ҳуқуқи инсонро таъсис доданд. Асосгузорони Кумита В.Н.Челидзе, А.Д.Сахаров ва Андрей Твердохлебов ба шумор мераванд. Ин Кумита ба омӯзиши мушкилоти таъмин ва таблиғи ҳуқуқи инсон дар СССР машғул буд ва маҷаллаи "Мушкилоти иҷтимоӣ"-ро нашр мекард.
12.11.1919. Ҳокими олии Сибир адмирал Колчак захираи тиллои Русияро аз Омск мебарорад ва дар пайи ҳамин қазия шӯришиёни Чехословакия ӯро ба дасти болшевикҳо месупоранд. Болшевикҳо бошанд бе ҳеҷ тардид вайро ба қатл мерасонанд. Сафедҳо ба ҳар васила мекӯшиданд Колчакро наҷот диҳанд, аммо каме дер карданд. Захираи тиллои собиқ импературӣ дар шаҳри Қазон қарор дошт ва лашкари Сафед тобистони с.1918 онро тасарруф карданд. Ин захира аз 11,5 ҳазор пуд ё 242 млн. рубли тиллоӣ иборат ёфта буд.
12.11.1982. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Юрий Андропов ба ҳайси котиби Генералии ҲКИШ (баъди марги Брежнев) интихоб гардид. Ӯро бисёриҳо охирин наҷотбахши СССР муаррифӣ мекунанд, аммо ҳукумати ин наҷотбахш дер напоид.
14.11.1940. Дар Берлин гуфтушуниди Вазири корҳои хориҷии СССР Вячеслав Молотов бо ҳамтои олмониаш Риббентроп ва Гитлер оғоз шуданд. Дар он масоили пайвастани СССР ба Иттиҳоди сегона мавриди баррасӣ қарор гирифт.
16.11.1933. СССР бо ИМА муносибати дипломатӣ барқарор кард.

М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter