ХАБАРИ ДОҒ

Аз сарқонуни сталинӣ то киштии яхшикан

  • Душанбе, Дек 04 2017


30.11.1918. Дар Русияи шӯравӣ Шӯрои мудофиаи коргарӣ-деҳқонӣ таъсис дода шуд. Ба ин Шӯро дар оғози фаъолияташ худи Владимир Илич Ленин-доҳии пролетариати ҷаҳон, шахси аввали ҳукумати болшевикӣ сарварӣ мекард. Баъдан ин Шӯро ба Шӯрои меҳнат ва мудофиа (СТО) тағйири ном кард.

30.11.1939. Оғози ҷанги СССР бо Финляндия. Ин ҷанг дар таърихнигории шӯравӣ бо ҷанги зимистона маъруфу машҳур аст ва дар умум ҷанги бебарор барои Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб меёбад. СССРро ҳатто барои оғози он аз Лигаи миллатҳо (СММи онвақта) ихроҷ намуданд. Артиши Сурх дар рафти ин ҷанг талафоти ҳангуфте дод ва бо машаққат тавонист Финляндияи кӯчакро шикаст диҳад. Тибқи баъзе маъхазҳо Адолф Гитлер маҳз баъди мушоҳидаи ин ҷанг тасмими қатъиро барои ҳуҷум ба СССР мегирад.

30.11.1979. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ кумитаҳои назорати халқӣ роҳандозӣ шуданд. Ин кумитаҳо дар ҳар корхонаву ташкилот барпо мешуданд ва бештар ба сифати маҳсулоти истеҳсолшуда таваҷҷӯҳ мекарданд.
2.12.1918. Дар Русияи шӯравӣ Шӯрои Комиссариати Халқӣ (ШКХ) бо қарори махсуси худ тамоми бонкҳои хориҷиро аз фаъолият дар дохили кишвар маҳрум кард.
2.12.1956. Фидел Кастро бо гурӯҳи кӯчаки тарафдоронаш дар музофоти Орентеи Куба фуруд омад ва ба муборизаи инқилобиаш оғоз намуд. Ин рӯз дар Куба ҳамасола чун Рӯзи нерӯҳои ҳарбии инқилобии Куба дар ин кишвар ҷашн гирифта мешавад.
3.12.1918. Раиси ШКХ Владимир Ленин ва Комиссари халқӣ оид ба кори миллатҳо Иосиф Виссарионович Сталин (Ҷугаашвили) бо 1 хитобнома ба тамоми мусалмонони Русия ва Шарқ муроҷиат ва аз мусалмонҳо даъват намуд, ки барои озодӣ аз ҳар навъи истисмор ба мубориза бархезанд.
4.12.1945. Дар ИМА президенти ин кишвар Гарри Трумэн нақшаи "Троян"-ро ба имзо расонд. Тибқи ин нақша ИМА мебоист 1.01.1950 ҷанги атомиро алайҳи СССР шурӯъ мекард.
4.12.1959. Дар корхонаи Адмиралтейскии шаҳри Ленинград аввалин киштии яхшикани атомӣ дар ҷаҳон сохта шуд. Ин киштӣ номи доҳии болшевикон Владимир Ленинро гирифт ва солҳои тӯлонӣ дар обҳои Баҳри шимолӣ ва уқёнуси яхбастаи шимолӣ барои киштиҳои боркаш роҳ мекушод.
5.12.1941.Оғози ҳуҷуми ҷавобии Артиши Сурх дар назди Маскав. Муҳорибаи Маскав аввалин пирӯзии Артиши Сурх дар рафти ҶБВ ва аввалин шикасти артиши олмонӣ дар рафти ҶБВ ба шумор меравад.
6.12.1936. Дар СССР Сарқонуни нав, ки бо номи “Сарқонуни сталинӣ” маъруф аст, қабул карда шуд. Тибқи он ниҳоди олии ҳукуматӣ дар аввалин кишвари Шӯроҳо аз ин ба баъд Шӯрои Олии кишвар эълон карда шуд.

М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter