ХАБАРИ ДОҒ


5.12.1929. КМИ Декрети Анҷумани шӯроҳои Тоҷикистонро, ки 16.10.1929 баъди Ҷумҳурии Шӯравӣ эълон гардидани Тоҷикистон қабул шуда буд, ба тасвиб расонд ва РСС Тоҷикистон ба ҳайси ҷумҳурии 7-уми шӯравӣ ба СССР ҳамроҳ шуд.

7.12.1941.Ҳуҷуми артиши японӣ ба базаи ҳарбӣ-баҳрии амрикоиҳо дар Пёрл Харбор. Бо ин ҳуҷум Япония ҷангро бо ИМА сар кард ва СССР дигар аз ҳуҷуми японҳо ба сарҳадоти шарқии худ эмин гардид.

7.12.1988.Заминларза дар Арманистон. Ин заминларза бо шиддати 6,9 балл аз рӯи ҷадвали Рихтер ба вуқӯъ пайваста, шаҳри Спитак ва Ленкоранро ба хок яксон кард. Дар Спитак шиддати зилзила 10 ва дар Ленинакан 9 балл буд.

Дар натиҷа 21 шаҳр ва 350 деҳа зарар дида, тибқи оморҳои расмӣ 25.000 нафар ҳалок, 140.000 нафар маҷрӯҳу маъюб ва 514 000 нафар бехонумон шуданд. Ин заминларза 40% иқтидори истеҳсолии Арманистонро аз кор баровард.

8.12.1938.Дар СССР Лаврентий Берия комиссари халқии корҳои дохила (НКВД) таъйин карда шуд. Ӯ дар ин вазифа Николай Ежовро ҷойгузин кард. НКВД яке аз ниҳодҳои асосии аввалин кишвари Шӯроҳо ба шумор мерафт ва сарвари ин ниҳод нақши калидӣ дар сиёсати давлат ифшо мекард. То Берия Ягода ва Ежов ба ин ниҳод роҳбарӣ мекарданд, аммо ҳар 2 баъди ҷавлони кӯтоҳи қудрат аз ин вазифа сабукдӯш ва чун душмани халқ муҷозот шуданд. Аммо ӯ, ки бо лақаби "мигрели зирак" маъруф буд, тавонист то авохири умри Сталин дар ин мансаб бимонад ва танҳо бо дахли ҳарбиён дар замони Хрушев ба қудратмандии Берия нуқта гузошт.
8.12.1991.Дар деҳаи Вискулии Белоруссия, воқеъ дар мамнуъгоҳи Беловежская пуша дидори таърихии роҳбарияти Русия, Украина ва Белорус доир шуд. Президенти Русия Б.Елтсин, президенти Украина Л.Кравчук ва раиси Шӯрои Олии Белорус С.Шушкевич созишномаро оид ба пошхӯрии СССР имзо гузошта, иттиҳоди нав-СНГро таъсис доданд.
9.12.1989.Дар СССР нашри дубораи нашрияи "Коммерсант-daily" ба роҳ монда шуд. Он дар Русия аз с.1909 то с.1917 нашр мешуд ва болшевикон чопи онро чун нашрияи буржуазӣ мамнӯъ эълон карданд.
10.12.1926.Дар СССР аз ҷониби Трести истеҳсолоти оммавии ш.Ленинград аввалин мошинҳои сӯхторхомӯшкуни шӯравӣ сохта ба истифода дода шуданд.
10.12.1948.СММ Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсонро қабул кард. Ин сана аз с.1950 аз ҷониби СММ чун рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад.
11.12.1919.Дар СССР шумораи аввали нашрияи "Московский комсомолец" нашр шуд. Рӯзнома, ки он вақт "Юный коммунар" ном дошт, баъди чанде ба яке аз беҳтарин нашрияҳои СССР табдил ёфт. Ҳоло низ шӯҳрати зиёд дорад.
11.12.1931.Дар аввалин кишвари Шӯроҳо Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ қабул карда шуданд. Баъди чанде пулиси роҳ-ГАИ низ ба фаъолият шурӯъ кард, ки вазифааш назорати қоидаҳо ба шумор мерафт.
12.12.1979. Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ қарори ворид намудани нерӯи низомиро ба Афғонистон қабул кард. Баъди чанде нерӯҳои Артиши Шӯравӣ вориди хоки Афғонистон шуда, ҷанги 10-солаи бе муваффақиятро оғоз намуданд.
13.12.1922.Таъсиси РСС Закавказия. Ин ҷумҳурӣ то с.1936 побарҷо буд ва баъдан ба 3 ҷумҳурии шӯравии мустақил-РСС Гурҷистон, РСС Озарбойҷон ва РСС Арманистон тақсимбандӣ гардид.

М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter