ХАБАРИ ДОҒ

Аз фармони №21 то Ислоҳоти пулӣ

  • Душанбе, Дек 18 2017


14.12.1947. Дар СССР Шӯрои Вазирони кишвар ва КМ ВКП(б) ислоҳоти пулиро роҳандозӣ карданд ва системаи карточкагии дарёфти маҳсулоти хӯроквориро аз миён бардоштанд. Ислоҳоти пулӣ пасомадҳои ногувори зиёде дошт. Кремлин онро бо мақсади пурзӯр намудани рубл ва аз муомила бардоштани пули зиёди қалбакӣ унвон кард. Пули дар дасти мардум буда, бо маблағи 1 ба 10 иваз карда мешуд. Дар бонкҳои давлатӣ бошад, танҳо пасандозҳои то 3000 рубл ба аҳолӣ 1 ба 1 пардохт шуданд. Дар натиҷа, давлат тамоми пули калонро, ки афроди алоҳида бо ҳар роҳу восита дар солҳои ҶБВ ҷамъ оварда буданд, ситонид ва аз муомила баровард. Бо ин вуҷуд, ислоҳоти пулӣ системаи молиётии аввалин кишвари Шӯроҳоро солим ва иқтисоди баъдиҷангиро барқарор намуд.

15.12.1917.Дар Артиши Сурх аввалин нишонаи фарқкунанда-ситораи сиркоришудаи сурх ҷорӣ карда шуд.

15.12.1917.КМИ ва ШКХ бо Декрети махсуси худ Шӯрои Олии хоҷагии халқро дар кишвар таъсис доданд. Ин Шӯро дар назди ШКХ амал мекард ва ниҳоди марказии идоракунии хоҷагии халқи Руссияи шӯравӣ ба шумор мерафт.
15.12.1959. Дар СССР аввалин комплекси ҷангии мушакии Р-7 ба истифодаи ҳарбиён гузошта шуд. Он аз ҷониби С.П.Королев сохта шуд ва мушакҳои баллистикиро метавонист то ҳудуди ИМА бирасонад. Бо сохтани ин мушакҳо СССР хатари ҷанги атомиро бо ИМА бартараф намуд.
16.12.1991. Созмони Милали Муттаҳид (СММ) қарори дар с.1975 қабулкардаи худ, ки ҳаракати саҳюнистиро "нажодпарастӣ" муаррифӣ мекард, бекор намуд. Тибқи қарори нав саҳюнизм ҳаракати миллии яҳудиён барои муттаҳидсозӣ ва эҳёи қавми яҳуд дар ватани таърихиашон-Исроил муаррифӣ гардид.
17.12.1926. Дар СССР барӯйхатгирии умумииттиҳодии аҳолӣ гузаронида шуд. Ин аввалин барӯйхатгирӣ дар Иттиҳод буд, ки сар то сари аҳолиро фаро гирифт. Тибқи он аҳолии шаҳрии СССР 26,3 млн (18%) нафарро ташкил намуд. Теъдоди босаводон 56,6% ва теъдоди бекорон бошад беш аз 1 млн. гузашт. Теъдоди тоҷикон бошад тибқи барӯйхатгирӣ 978680 нафар буданд.
17.12.1959. Шӯрои Вазирони СССР дар аввалин кишвари Шӯроҳо навъи нави Нерӯҳои Мусаллаҳ-Нерӯҳои мушакии Таъиноти стратеги (РВСН)-ро созмон дод. Ин нерӯҳо имрӯз асоси нерӯҳои кайҳонии Руссияро ташкил медиҳанд.
18.12.1925.Анҷумани XIV-и РКП(б). Дар ин Анҷуман болшевикон Низомномаи нави ҳизби худро қабул карда, ҳизби худро тағйири ном доданд. Аз ин ба баъд РКП(б) ВКП(б) номида мешуд. Самти фаъолияти ҳизб низ индустриаликунонии кишвар муаррифӣ гардид.
18.12.1940. Фюрери олмонӣ Адолф Гитлер фармони таърихии №21-ро ба имзо расонд. Ин фармон амалиёти "Барбаросса" буд, ки барои фюрер бисёр гарон тамом шуд.
19.12.1924.КМИ бо Декрети худ Коммунаи меҳнатии немисҳои Поволжеро ба Ҷумҳурии Автономии Шӯравии Сотсиалистӣ табдил доданд. Кишвари сурхи немисҳо то соли 1941 мавҷудият кард ва баъди ҳуҷуми Гитлер ба СССР Сталин онро барҳам дод.


М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter