ХАБАРИ ДОҒ

Аз эълони ГенСек то нутқи охирини Горбачев

  • Панҷшанбе, Дек 28 2017


27.12.1929. ГенСек Иосиф Сталин эълон намуд, ки СССР ба коллективикунонии сартосарӣ мегузарад ва сиёсати "барҳам додани кулакҳо чун синф"-ро пеш мегирад.

22.12.1943. Шӯрои Комиссарони Халқии СССР бо қарори худ матни суруди давлати (гимн)-и аввалин кишвари Шӯроҳоро ба тасвиб расонд. Акнун “чу дасти рус мадад намуд” ба тамоми забонҳои халқҳои СССР тарҷума гардид ва азёд карданаш ҳатмӣ буд.
22.12.1989. Дар Руминия низоми коммунистии Николай Чаушеску барандозӣ ва худи Чаушеску бо ҳамроҳии ҳамсараш ба қатл расонида шуд.
23.12.1947. Бо қарори Раёсати Шӯрои Олии СССР рӯзи 1 январ дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ Рӯзи Ид ва истироҳат эълон карда шуд.
24.12.1905. Дар шаҳри Лейпциги Олмон аввалин шумораи рӯзномаи марксистии "Искра" (“Шарора”) рӯи чоп омад. Он поярези матбуоти РСДРП ва яке аз аносури таъсиргузор дар ғалабаи баъдии болшевикон шуд.


24.123.1979. Артиши Шӯравӣ вориди хоки Афғонистон гардид ва ҷанги даҳсолаи афғон (1979-1989) оғоз шуд.

24.12.1989. Расо баъди 10 сол Съезди 2-юми вакилони мардумии СССР бо қарори худ вуруди Артиши Шӯравиро ба хоки Афғонистон маҳкум карда, ғайриқонунӣ хонд.
25.12.1991. Соати 19:00 президенти Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Сергеевич Горбачев бори охирин дар ТВи марказии кишвар баромад кард. Ӯ зимни суханронӣ гуфт: "Ба хотири вазъияти пешомада ва таъсиси Иттиҳоди Кишварҳои Мустақил (СНГ) ман ваколатҳои худро дар вазифаи президенти СССР қатъ мекунам...”.
26.12.1919. Шӯрои Комиссарони Халқӣ Декрет оид ба маҳви бесаводӣ дар Русияро қабул кард.
26.12.1946. Дар СССР аввалин реактори атомӣ "Ф-1" (Физикии аввалин) ба истифода дода шуд. Ихтирокори он Николай Доллежал маҳсуб меёбад ва он ба СССР имконият дод, ки таҳқиқоти худро дар масири сохтани бомбаи атомӣ суръати бештар бахшад.
26.12.1974. Дар СССР ба колхозчиён додани шиносномаҳоро оғоз намуданд. То ин ҳангом меҳнаткашони деҳот бе иҷозатномаи махсус наметавонистанд колхозҳои худро тарк кунанд.

М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter