ХАБАРИ ДОҒ

Аз Одами Сол то имзои «Сталин»

  • Ҷумъа, Янв 12 2018


4.01.1918. Анҷумани аввалини Шӯроҳои Сибир қарор дод, ки Ҳокимияти шӯравиро бо нерӯи силоҳ дастгирӣ кунад.

4.01.1942. Маҷаллаи амрикоии "Таймс" натоиҷи соли 1942-ро ҷамбаст ва роҳбари СССР-Иосиф Виссарионович Сталинро одамӣ сол муаррифӣ кард.
4.01.1980. Президенти вақти ИМА Ҷимми Картер эълон намуд, ки кишвараш бозиҳои Олимпии Маскавро таҳрим мекунад. Сабаби ин амалкардро Картер вуруди нерӯҳои мусаллаҳи Шӯравӣ ба Афғонистон хонд.

5.01.1919. Дар шаҳри Мюнхени Олмон Ҳизби коргарии немис созмон дода шуд. Ин ҳизб баъди 1 сол ба Ҳизби миллӣ-сотсиалистии коргарии немис тағйири ном кард ва соли 1933 таҳти роҳбарии Адолф Гитлер дар интихоботи парлумонӣ пирӯз шуда, қудрати сиёсиро дар Олмон ба тасарруфи худ даровард.
5.01.1968. Пленуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Чехословакия Александр Дубчекро ба ҳайси котиби аввали ҲКЧ интихоб намуд. Ӯ дар кишвар ислоҳоти васеъи сиёсиву иқтисодиро роҳандозӣ намуд, ки ба демократикунонии Чехословакия мусоидат мекард. Ин ислоҳоти Дубчек норозигии Маскавро ба миён овард. Роҳбарияти СССР аз Дубчек талаб кард, ки ислоҳоташро хотима диҳад, аммо ӯ розӣ нашуд ва танҳо дахолати низомии СССР бо ҳамроҳии иттифоқчиёни аврупоиаш ба ислоҳотҳои Дубчек нуқта гузоштанд.
6.01.1937. Дар СССР дуввумин барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида шуд. Тибқи он аҳолии аввалин кишвари Шӯроҳо 170 млн. нафарро ташкил дод.
7.01.1980. Индира Гандӣ бори дигар ба ҳайси сарвазири Ҳиндустон интихоб шуд. Давраи 2-уми сарвазирии Гандӣ ба зиддият бо сикхҳо дучор шуд. Индира намоишҳои эътирозии ин қавмиятро бераҳмона саркӯб карда, худаш низ 31.10.1984 аз ҷониби муҳофизи шахсиаш, ки намояндаи қавми сикх буд, ба ҳалокат расид.
8.01.1918. Радаи ноибусалтанати Полша соҳибистиқлолии ин кишварро аз Русия эълон намуд.
8.01.1977. Амалиёти террористӣ дар қатораи метрои Маскав. Ин амалиётро миллигароёни арманӣ-С.Затикян, А.Степанян ва З.Багдасарян, ки тарафдори соҳибистиқлолии Арманистон буданд, анҷом доданд. Дар натиҷаи амалиёт 44 нафар маҷрӯҳ ва 7 нафар ба ҳалокат расиданд.
10.01.1920. Дар пойтахти Шветсария, шаҳри Женева ташкилоти байналмилалии кишварҳо-Лигаи миллатҳо таъсис дода шуд. Роҳбари СССР, Владимир Ленин бо дурандешии хос аз моҳияти ташкилоти нав хабар дорд. Ӯ навишта буд: "Лигаи миллатҳо иттиҳод танҳо дар рӯи коғаз аст, дар асл бошад инҳо гурӯҳи ҳайвоноти даррандаанд". Бо вуҷуди ин СССР соли 1934 ба ин ташкилот шомил шуд, аммо соли 1939 баъди оғози ҷанг бо Финляндия аз он хориҷ карда шуд.
12.01.1913. Иосиф Ҷугаашвилӣ бори нахуст бо тахаллуси “Сталин” мақолае дарҷ кард ва баъди чанде ӯ ба номи асосии Иосиф табдил гардид.

М.Салимшо 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter