ХАБАРИ ДОҒ

Аз маршал Тито то лоиҳаи сархӯри Хрушев

  • Панҷшанбе, Янв 18 2018


11.01.1935. Нерӯҳои баҳрии шӯравӣ дар Шарқи Дур ба флоти ҳарбӣ-баҳрии Уқёнуси Ором табдил дода шуданд. Аввалин фармондеҳи флоти Уқёнусиоромии СССР флагмани флоти дараҷаи 1 М.В.Викторов таъйин карда шуд.
12.01.1936. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҷамъияти варзишии ихтиёрии Локомотив созмон дода шуд. Он бештар командони роҳи оҳанро дар худ муттаҳид мекард.

12.01.1942. Дар СССР тайёраи Пе-2, ки аз Қазон ба самти Маскав парвоз мекард, дар наздикиҳои шаҳраки Сергач ба садама дучор шуд. Дар натиҷа 3 сарнишини он ва ихтироъкори машҳури шӯравӣ В.М.Петляков ба ҳалокат расиданд.

12.01.1989. Охирин бақайдгирии аҳолӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ. Ин бақайдгирӣ то 19 январ давом кард ва тибқи нишондоҳои он аҳолии СССР дар арафаи фурӯпошӣ 286 млн 717 ҳазор нафарро ташкил дод.
14.01.1953. Дар Югославия маршал Броз Тито ба вазифаи президенти ҷумҳурии шӯравии федеративии Югославия интихоб шуд. Ӯ аввалин президенти Югославия ба шумор меравад.
14.01.1980. Созмони Милали Муттаҳид (ООН) бо аксарияти овозҳо вуруди нерӯҳои Артиши шӯравиро ба хоки Афғонистон шадидан маҳкум кард.
15.01.1993. Дар ИМА дар шабакаи ТВ NBC қисмати 2137-уми филми Санта-Барбара ба намоиш гузошта шуд. Он яке аз тӯлонитарин филмҳои тасвирӣ буда, аз 30.07.1984 то 15.01.1993 идома дошт ва яке аз аввалин филмҳои ғарбӣ буд, ки дар СССР намоиш дода шуд ва аз маҳбубияти хос миёни мардум бархурдор буд.
16.01.1963. Роҳбари вақти шӯравӣ Никита Сергеевич Хрушев эълон кард, ки СССР дорои бомбаи гидрогении 100-мегатоннагӣ аст. Бомбаро, ки академик Андрей Дмитриевич Сахаров ихтироъ карда, яке аз пуриқтидортарин силоҳҳо будӣ ва мувозинати нерӯҳоро дар ҷанги сард ба нафъи СССР тағйир дод.
16.01.1991. Оғози амалиёти мусаллаҳи ИМА ва иттифоқчиёнаш алайҳи Саддом Ҳусайн дар Ироқ. Амалиёт "Тӯфон дар саҳро" ном гирифт ва дар он нерӯҳои мусаллаҳи зиёда аз 30 кишвар ширкат варзиданд. Мақсади ниҳоии амалиёт берун кардани нерӯҳои ироқӣ аз Кувайт буд, ки ӯ онро дар зарфи чанд соат ишғол карда буд.
18.01.1944. Рахнаи муҳосираи Ленинград. Ленинград-пойтахти шимолии СССР аз соли 1941 дар муҳосираи нерӯҳои олмонӣ, фин ва испанӣ қарор дошт ва танҳо 1 роҳ тавассути кӯли Ладога шаҳрро бо дигар манотиқи кишвар мепайваст.
18.01.1961. КМ ҲКИШ лоиҳаи Хрушев дар бобати аз нав ташкил кардани хоҷагии қишлоқро ба тасвиб расонд. Асоси лоиҳаи ӯро кишти оммавии ҷуворимакка ташкил медод ва дар натиҷа кишвар ҳам аз гандум ва ҳам аз ҷуворимакка маҳрум шуд.
М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter