ХАБАРИ ДОҒ

Аз обу хонаи бепул то кассаи амонатӣ

  • Чоршанбе, Янв 31 2018


26.01.1953. Дар шаҳри Брюссел конфронси нахустини Шӯрои ҳамкории гумрукӣ баргузор гардид. Дар ин конфронс Ташкилоти байналмилалии гумрук созмон дода шуд. Имрӯз ин ташкилот зиёда аз 150 кишварро дар бар мегирад. Аз соли 1983 бошад рӯзи таъсиси ин ташкилот чун рӯзи байналмилалии гумрукчиён қайд карда мешавад.

26.01.1968. Дар баҳри Миёназамин киштии зериобии исроилии "Даккар" ва киштии зериобии фаронсавии "Минерва" ҳамзамон нопадид гаштанд. Ҷолиб ин аст, ки ин 2 киштии зериобӣ дар масофаи 1000 мил аз ҳам дур қарор доштанд.
26.01.1997. Дар Ичкерияи мустақил интихоботи президентӣ баргузор ва Аслан Масхадов дуввумин президенти Чеченистон интихоб гардид.

27.01.1921. Дар Русияи шӯравӣ пардохти пули истифодаи манзил, лӯлаи об, нақлиёти шаҳрӣ, ҳаммомҳо ва устохонаҳои таъмирӣ бекор карда мешавад. Албатта нақлиёти шаҳрӣ, ҳаммом ва устохонаҳо баъди чанде пулакӣ шуданд, лек истифодаи манзил ва об бе пул боқӣ монданд.
27.01.1924. Маросими дафни Владимир Илич Ленин дар Майдони сурх. Ленинро миёни қабрҳои шаҳидони инқилоби Октябрӣ дар мақбараи махсус дафн карданд. То 1.05.1924 Мақбараи Ленин бозсозӣ гардид ва соли 1930 бошад барои доҳии болшевикон Мақбараи замонавиро аз санги хоро бунёд карданд.
27.01.1942. Дар рӯзномаи “Правда” очерки рӯзноманигор Петр Лидов таҳти унвони "Таня" рӯи чоп омад. Очерк дар бораи қаҳрамонии комсомолдухтар Зоя Космодемянская қисса мекард ва баъди чопи он тамоми кишвари Шӯроҳо аз ин қаҳрамонӣ огоҳ гардиданд.
27.01.1945. Нерӯҳои Артиши Сурхи фронти 3-юми Белоруссия қароргоҳи Адолф Гитлер "Лонаи гург"-ро ба тассаруф дароварданд. Ин қароргоҳ дар Растенбурги Пруссияи шарқӣ воқеъ гардида буд ва яке аз асоситарин қароргоҳҳои Фюрери олмонӣ ба шумор мерафт.
27.01.1973. Дар пойтахти Фаронса-шаҳри Париж ИМА ва Ветнам созишномаи оташбас ва барқарории сулҳро дар Ветнам ба имзо расониданд.
28.01.1918. Владимир Ленин Декрет дар бораи таъсиси Артиши Коргарӣ-Деҳқонии Сурхро ба имзо расонид.
29.01.1932. Дар заводи мошинсозии ба номи М.Горкий аввалин мошини боркаши истеҳсоли шӯравӣ "ГАЗ-АА" сохта шуд.
30.01.1946.Махатма Гандӣ яке аз роҳбарони истиқлолиятхоҳии Ҳиндустон ба қатл расид. Ин рӯзро дар Ҳиндустон чун рӯзи ёдбуди муборизони роҳи истиқлол ҷашн мегиранд.
31.01.1924.Анҷумани 2-юми Шӯроҳои СССР аввалин Сарқонуни Иттиҳоди Шӯравиро тасдиқ кард.
1.02.1923. Дар Петроград аввалин кассаи амонатӣ дар СССР ифтитоҳ ёфт. Кассаи мазкур дар кӯчаи Фонтанка, хонаи №76 ҷойгир гардида буд.

М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter