ХАБАРИ ДОҒ

Аз таъйини Ежов то интихоби Брежнев

  • Панҷшанбе, Апр 12 2018


5.04.1930.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо қарори КМИ СССР орденҳои Ленин ва Байрақи Сурх таъсис дода шуданд. Ордени Ленин дар он шабу рӯз олитарин мукофоти СССР маҳсуб меёфт ва бо он шаҳрвандони шӯравӣ барои хизматҳои шоён дар ҳаракати инқилобӣ, дӯстӣ миёни халқҳо ва дигар хизматҳо дар назди давлати Шӯравӣ қадр мешуданд.

Ордени Байрақи Сурх бошад барои мардонагӣ ва ҷасорат ҳангоми дифоъ аз Ватани сотсиалистӣ пешбини шуда буд ва бо он бештар сарбозони Артиши Сурх қадрдонӣ мешуданд.

5.04.1937. Дар СССР Николай Ежов ба ҳайси сарвари НКВД таъин карда шуд. Ежов дар ин маснад Генрих Ягодаро ҷойгузин намуд.
5.04.1945.Шӯриши баталёни гурҷӣ алайҳи немисҳо дар ҷазираи Тексели Голландия. Ин ҷазира яке аз нуқтаҳои мудофиавии немисҳо дар садди Атлантик буд. Баталёни гурҷиҳо, ки аз ҳисоби асирони гурҷии Артиши Сурх с.1943 таъсис ёфта буд, феврали с.1945 ба ин ҷазира фиристода шуд. Гурҷиҳо бошанд алайҳи немисҳо шӯриш бардошта, дар муддати кӯтоҳ қариб тамоми ҷазираро ба тасарруфи худ дароварданд. Аммо баъдан немисҳо ба ҷазираи мазкур нерӯҳои иловагӣ ворид карданд ва ҷанги шадиде иттифоқ уфтод. Дар натиҷаи "шӯриши гурҷиҳо" аз 800 то 2000 аскари немис ва 560 сарбози гурҷӣ ба ҳалокат расиданд.
6.04.1941.Ҳуҷуми артиши олмонӣ ба Югославия ва Юнон. Фюрери олмонӣ он шабу рӯз ният дошт амалиёти Барбароссаро оғоз намояд, аммо дар Югославия авзоъ муташанниҷ ва Фюрер маҷбур шуд артишро аввал ба ин кишвар ирсол намояд. Ҷанги Югославия ҳуҷуми немисҳоро 2 моҳ ақиб партофт ва бисёриҳо маҳз инро сабаби асосии ноком шудани "блитскриг" ҷанги барқосои Вермахт дар СССР медонанд.
6.04.1978. Сафири фавқулодда ва мухтори СССР дар СММ ва ҷонишини котиби генералии СММ Аркадий Шевченко аз ИМА дархости паноҳандагии сиёсӣ намуд.
7.04.1935.Дар СССР қарори КМИ ва ШКХ "Оид ба чораҳои мубориза бо ҷинояткории ноболиғон" ба тасвиб расид. Тибқи қонуни нав ноболиғон аз синни 12 солагӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешуданд ва нисбати онҳо ҳатто ҳукми қатл ҳам пешбинӣ шуда буд.
8.04.1918.Ҳукумати болшевикӣ байрақи серангаи императории Руссияро бо байрақи Сурх ҷойгузин намуд.
8.04.1966.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Леонид Брежнев ба ҳайси котиби генералии КМ ҲКИШ интихоб гардид.
10.04.1922.Оғози кори конфроси Генуэз. Ин конфронс масоили иқтисодӣ ва молиявиро баррасӣ мекард ва дар он намояндагони 29 кишвар ширкат варзиданд. Конфронс аз ҳама бештар барои кишвари тозатаъсиси Шӯравӣ аҳамият дошт. Раиси намояндагони РСФСР Владимир Ленин таъин шуд ва ҷонишинашро бошад Георгий Чичерин ба ӯҳда дошт. Ленин дар конфронс ширкат накард ва Шӯравиро дар он Чичерин намояндагӣ кард. Билохира, Ғарб дар ин конфронс мавҷудияти аввалин кишвари Шӯроҳоро ба расмият эътироф намуд.
10.04.1925. Дар СССР шаҳри Царицын ба Сталинград тағйири ном кард. Номи шаҳр баъдҳо ба Волгоград тағйир дода шуд, аммо номи таърихиро барояш барнагардонданд.
11.04.1945.Дар Маскав миёни СССР ва Югославия созишномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба мӯҳлати 20 сол ба имзо расид. Аммо сентябри с.1949 бо сабаби бад шудани муносибати Иосифи гурҷӣ бо Иосифи хорват тарафи СССР созишномаро лағв кард.

М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter