ХАБАРИ ДОҒ

Аз “Смерш” то нашри “Правда”

  • Панҷшанбе, Апр 26 2018


19.04.1943. Дар СССР Раёсати асосии зиддиҷосусӣ "Смерш" таъсис дода шуд. "Смерш" (Смерть шпионам), ки марг ба ҷосусон тарҷума мешуд, ба яке аз ниҳодҳои қудратманд дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ табдил ёфта, худиву бегона аз он ҳарос доштанд.

20.04.1933. Дар СССР аввалин китоб аз маҷмӯаи "Зиндагиномаи одамони аҷоиб" ба нашр расид. Ин маҷмӯа дар нашриёти "Гвардияи ҷавон" бо ташаббуси Максим Горкий роҳандозӣ гардид ва яке аз беҳтарин маҷмӯаҳои китобӣ дар собиқ Иттиҳод ба шумор мерафт. Аввалин китоби маҷмӯаи мазкур китоби "Генрих Гейн" гардид.

20.04.1941.Заминларза дар водии дарёи Сурхоби Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Дар натиҷаи заминларза зиёда аз 60 деҳа вайрон ва хисороти ҷониву молии зиёде ба мардум ворид гардид.
21.04.1918. Ҳукумати РСФСР парлумони Миллии мусалмонони Руссияи дохилӣ ва Сибирро пароканда кард. Ин парлумон, ки “Милли маҷлис” ном дошт, баъди инқилоби февралӣ таъсис дода шуда буд ва манофеъи мусалмононро ҳифз мекард.
21.04.1926. Дар СССР Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Қирғизистон таъсис дода шуд.
21.04.1933. Дар Олмон Рудолф Гесс ҷонишини аввали Адолф Гитлер дар Ҳизби миллӣ-сотсиалистӣ (НСДАП) таъйин карда шуд. Гесс 10.05.1941 бо тайёраи ҷангии "Миссершмидт" пинҳонӣ ба Англия парвоз кард ва Фюрер ӯро девона номид.
21.04.1954. Иттиҳоди Шӯравӣ ба созмони ЮНЕСКО шомил гардид.
21.04.1975. Дар рафти ҷанги Ветнам Артиши коммунистии Ветнами шимолӣ охирин мавзеи ҳимоятиро дар роҳ ба суи пойтахти Ветнами ҷанубӣ-шаҳри Сайгон фатҳ карданд ва президенти Ветнами ҷанубӣ-Нгуен Ван Тхиеу аз кишвар фирор намуд.
22.04.1870. Владимир Илич Ленин (Улянов) дар шаҳри Симбирски Руссия ба дунё омад.
22.04.1913. Дар пойтахи Руссия-шаҳри Санкт-Петербург аввалин нашрияи ҳизби сотсиал-демократ (РСДРП) - рузномаи "Правда" ба чоп расид.
22.04.1945. Дар рафти амалиёти Берлин нахустин ҷузъу томҳои Артиши Сурх вориди пойтахти Рейхи саввум шуданд.
23.04.1929. Дар СССР Конфронси XVI-и ВКП(б) доир гардид. Ин конфронс аз 23 то 29 апрел идома дошт ва дар он нақшаи 5-солаи якум дар СССР қабул карда шуд.
23.04.1951. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Кумитаи миллии Олимпӣ таъсис дода шуд.
24.04.1965. Дар Арманистони шӯравӣ барои аввалин бор Рӯзи ёдбуди қурбониёни генотсиди арманиҳо дар импературии Усмонӣ дар солҳои 1915-1923 қайд карда шуд.
24.04.1980. Кӯшиши нерӯҳои махсуси ИМА барои озодсозии гаравгонони сафорати ин кишвар дар Теҳрон ба нокомӣ анҷом ёфт. Нерӯҳои амрикоӣ 8 нафар талафот доданд ва гаравгонон дар асорати эрониён боқӣ монданд.
25.04.1923. Дар СССР Анҷумани XII и РКП(б) доир гардид.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter