4.05.1966. Дар шаҳри Турини Итолиё миёни намояндагони СССР ва ҳукумати Итолиё қарордоде ба имзо расид, ки тибқи он корхонаи мошинсозии "ФИАТ" ӯҳдадор шуд дар СССР корхонаи мошинсозиро ба роҳ монад.
4.05.1990.Шӯрои Олии РСС Латвия аз шомил шудани Латвия ба СССР сахт танқид кард ва эълон намуд, истиқлолияти давлатии Латвияро дубора барқарор мекунад.
5.05.1912.Аввалин шумораи рӯзномаи "Правда" ба нашр расид. Ин рӯз то моҳи декабри соли 1991 дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва кишварҳои дигари сотсиалистӣ чун Рӯзи матбуот васеъ ҷашн гирифта мешуд.
5.05.1927. Дар СССР НБО Волховская ба кори худ шурӯ кард. Дар ин нерӯгоҳ аввалин генератори сохти Шӯравӣ насб гардида буд.
5.05.1949. Дар пойтахти Англия-шаҳри Лондон Низомномаи Шӯрои Аврупо ба имзо расид. Аъзои Шӯро пайравии худро аз озодӣ ва волоияти қонун иброз доштанд. Тибқи Низомнома ташкилотҳои марказии Шӯро Ассамблеяи машваратӣ, Кумитаи вазирон ва Суди аврупоӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар ш.Страсбург ҷойгир гардиданд. Ин рӯзро дар кишварҳои аврупоӣ чун Рӯзи Аврупо ҷашн мегиранд.
7.05.1934. Дар вилояти Амури Шарқи Дури СССР Вилояти мухтори яҳудиён таъсис дода шуд. Маркази вилоят шаҳри Биробиджан интихоб карда шуд.
7.05.1945.Соати 2:41-и шаби 8 май дар Берлин акт оид ба таслими бечунучарои Олмони фашистӣ ба имзо расид.
7.05.1985. Дар СССР Шӯрои Вазирони кишвар қарори маъруфи худ "Оид ба чораҳои мубориза бо шаробхорӣ ва аз байн бурдани самагонпазӣ"-ро ба имзо расонид. Ин қарор ба андешаи бисёриҳо яке аз иштибоҳоти Горбачев ба шумор мерафт ва зарбаи сахте ба иқтисоди бе ин ҳам фалаҷи СССР ворид кард.
8.05.1984. Кумитаи миллии Олимпии СССР бо қарори худ Бозиҳои Олимпиро дар Лос-Анҷелеси ИМА таҳрим кард. Кумитаи олимпӣ ин қарори худро пешгирӣ аз хушунат нисбати варзишгарони шӯравӣ қаламдод кард, аммо дар асл ин қарор танҳо ҷанбаи сиёсӣ дошт ва ҷавоби СССР ба таҳрими бозиҳои Олимпии Маскав дар с.1980 буд.
9.05.1924.Дар шаҳри Маскав Осорхонаи Инқилоб таъсис дода шуд. Он яке аз бонуфузтарин Осорхонаҳо дар аввалин кишвари шӯроҳо буд.
9.05.1945.Дар майдони ҳавоии ба номи Фрунзеи Маскав тайёраи Ли-2 ба замин нишаст. Сарнишини тайёра А.Семенков Акти таслими бечунучарои Олмонро ба роҳбарияти Шӯравӣ тақдим кард.