ХАБАРИ ДОҒ

Аз худкушии Фадеев то 5-солаи бехудоӣ

  • Панҷшанбе, Май 17 2018


11.05.1918. Дар РСФСР бо пешниҳоди Феликс Дзержинский раёсати КМИ қарореро қабул кард, ки тибқи он рузномаҳои масквагӣ "хабарҳои дурӯғро барои бесарусомонӣ андохтан миёни мардум нашр мекунанд ва одамонро алайҳи ҳукумати Шӯроҳо таҳрик медиҳанд" баста мешуданд. Баъди ин қарор бештари рузномаҳои Москва-пойтахти аввалин кишвари Шӯроҳо фаъолияти худро қатъ карданд.
11.05.1944. Дар СССР қарори Кумитаи Давлатии Мудофиа ба тасвиб расид, ки тибқи он тоторҳо, булғориҳо ва юнониён аз ҳудуди Қрим ба дигар манотиқи Иттиҳоди Шӯравӣ табъид мешуданд.

11.05.1955.Дар пойтахти Полша шаҳри Варшава нишасти намояндагони 8 кишвари аврупоии сотсиалистӣ доир шуд. Дар ин нишаст тарафҳо масъалаи таъмини сулҳ ва бехатарӣ дар Аврупоро мавриди баррасӣ қарор дода, созишномаи сулҳ, ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигариро ба имзо расониданд. Ин созишнома миёни СССР, Албания, Булғористон, Венгрия, Олмони демократӣ, Полша, Руминия ва Чехословакия ба имзо расид ва Созишномаи Варшава ном гирифт.
12.05.1976. Дар СССР гурӯҳи ҷамъиятии ҳамкорӣ барои иҷрои қарорҳои созишномаи Хелсинкӣ таъсис дода шуд. Он яке аз аввалин ташкилотҳои мудофеи ҳуқуқи башар дар собиқ СССР ба шумор меравад. Муассис ва роҳбари аввалини ин гурӯҳ физикдони шӯравӣ, аъзои АУ РСС Арманистон Юрий Орлов аст. Гурӯҳи мазкур аз оғози таъсисёбии худ таҳти фишори КГБи СССР қарор гирифт ва то с.1982 8 аъзои он ба ҳабс гирифта ё аз кишвар табъид шуд. Сентябри с.1982 3 тан аъзои боқимондаи гурӯҳи Хелсинкӣ эълон карданд, ки фаъолияти гурӯҳро қатъ мекунанд ва танҳо баъди бозсозии горбачевӣ, с.1989 фаъолияти гурӯҳ дубора роҳандозӣ шуд.
13.05.1921. Дар СССР бо Декрети ШКХ хонаҳои истироҳатӣ таъсис дода шуданд. 
13.05.1935. КМ ВКП(б) ба тамоми ташкилотҳои ҳизбии кишвар мактуберо ирсол кард, ки дар он ба онҳо дастур медод ҳуҷҷатҳои ҳизбиро тафтиш кунанд. Ин нома раванди саркӯбкунии "душманони халқ"-ро афзоиш дода, ҳизбиёни зиёде чун душмани халқ ба зиндон ё ҳукми қатл маҳкум гардиданд.
13.05.1942. Антифашистони олмонӣ намоишгоҳи зиддишӯравиро дар Берлин ба оташ кашиданд.
13.05.1956. Дар СССР нависандаи маъруф Александр Фадеев, ки солҳои тӯлонӣ роҳбарияти Иттифоқи нависандагонро ба ӯҳда дошт ва асари маъруфи адабиёти шӯравӣ "Гвардияи ҷавон"-ро навишта буд, даст ба худкушӣ зад.
14.05.1917.Дар Маскав Анҷумани I-и Умумируссиягии мусалмонон ифтитоҳ ёфт. Дар он наздики 800 вакил аз гӯшаву канори Руссия, ки ташкилотҳои гуногуни мусалмононро намояндагӣ мекарданд, ширкат варзиданд. Мусалмонони ба болшевикон пайваста дар кори Анҷуман ширкат наварзиданд.
14.05.1990. Президенти СССР Михаил Горбачев бо имзои Қарори махсус истиқлолияти Литва ва Эстонияро ғайриқонунӣ эълон кард.
15.05.1922. Дар СССР аввалин шумораи маҷаллаи "Физкултура и спорт" ба нашр расид. Он яке аз маъруфтарин нашрияҳои варзишии аввалин кишвари Шӯроҳо ва миёни мардум аз маъруфияти хос бархурдор буд.
15.05.1922.Дар СССР Декрети ҳукуматӣ зери имзои Сталин ба тасвиб расид, ки "5-солаи бехудоиро" дар кишвар эълон мекард. Тибқи ин Декрет то 1.05.1937 "номи Худо мебоист дар қаламрави аввалин кишвари Шӯроҳо ба фаромӯшӣ супорида мешуд".

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter