ХАБАРИ ДОҒ

Сталин: Ман воқеан дағалам!

  • Панҷшанбе, Май 31 2018


23.05.1924. Дар Маскав Анҷумани XIII-и РКП (б) ба кори худ сар кард, ки аввалин Анҷумани ҳизби болшевикӣ баъди марги Ленин буд. Дар он 748 вакил бо овози ҳалкунанда ва 416 вакил бо овози машваратӣ ширкат варзиданд. Пеш аз оғози Анҷуман миёни аъзои собиқадори ҳизбӣ Васиятномаи Ленин қироат карда шуд. Дар васиятнома доҳии болшевикон Тротскийро аз ҳама фарди болаёқат дар КМ арзёбӣ ва аз аъзои КМ талаб мекард Сталинро барои дағаливу густохиаш аз вазифаи котиби генералии ҳизб барканор кунанд. Мегӯянд, Сталин баъди қироати Васиятнома хоҳиши ба истеъфо рафтан кард ва фармуд: “Ман дар ҳақиқат дағалам. Илич ба шумо пешниҳод мекунад каси дигарро ёбед!” Аммо яке аз дӯстони Сталин аз толор садо зад: “Моро бо дағалӣ наметарсонӣ. Тамоми ҳизби мо дағал аст, ҳизби пролетарист!”

23.05.1953.Амалиёти "Баҳор" дар Литва. Нерӯҳои НКВД дар зарфи 48 соат 37.000 деҳқонони литвагиро, ки аз дохил шудан ба колхозҳо худдорӣ карда буданд, ба минтақаи Сибир бадарға намуданд.
23.05.1963. Фидел Кастро бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ қадр шуд.
24.05.1918.Киштии ҷангии амрикоии "Олимпия" ба халиҷи Колск даромад. Дахолати ҳарбии ИМА ба Русияи Шӯравӣ дар рафти ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд.
24.05.1925.Дар СССР аввалин шумораи рӯзномаи "Комсомолская правда" чоп шуд.
24.05.1937. Сталин ба ҳабси маршал Тухачевский иҷозат дод. Худи ҳамон рӯз маршали сурх аз сафи ВКП(б) хориҷ карда шуд.
24.05.1940.Якумин суиқасд ба ҷони Лев Тротский. Гурӯҳи рассом-коммунисти мексикоӣ Давид Сикейрос ба хонаи Тротский ҳамла карданд. Аммо Лев ва оилаи ӯ аз ин суиқасд ҷони солим бурданд.
25.05.1917.Дар Маскав Анҷумани III-и ҳизби эссерон ба кори худ шурӯъ кард. Дар Анҷуман 306 вакил бо овози ҳалкунанда ва 40 вакил бо овози машваратӣ ҳузур доштанд. Дар он ҳизб ба 2 қисм-эссерони чап ва эссерони рост тақсимбандӣ шуд.
25.05.1957. Дар шаҳри Маскав бузургтарин меҳмонхонаи Иттиҳоди Шӯравӣ - "Украина" ифтитоҳ ёфт.
25.95.1989.Дар Маскав Анҷумани I-и вакилони мардумии СССР ба кори худ оғоз кард. Дар он вакилони мардумӣ Михаил Горбачевро Раиси Шӯрои Олии СССР интихоб карданд. Тибқи Сарқонуни амалкунанда Раиси ШО тамоми ҳокимияти сиёсиро дар кишвар соҳиб мешуд.
26.05.1918. Федератсияи ҷамоҳири он тарафи Қафқоз (ЗСФР) ба 3 ҷумҳурии ҷудогона-РСС Гурҷистон, РСС Озарбойҷон ва РСС Арманистон тақсим шуд.
27.05.1934. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ унвони нав "Устоди хизматнишондодаи варзиш" ҷорӣ карда шуд.
27.05.1977. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Суруди давлатии кишвар ба тасвиб расид. Ин суруд ё гимни давлатӣ то парокандашавии СССР арзи вуҷуд дошт.
29.05.1960.Дар СССР аввалин шумораи ҳафтаномаи "Футбол" рӯи чоп омад. Аз с.1967 бошад он номи "Футбол-Хоккей"-ро гирифт.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter