ХАБАРИ ДОҒ

Аз “Дони ором” то “БелАЗ”-у “Крокодил”

  • Панҷшанбе, Июн 07 2018

28.05.1987. Дар Рӯзи сарҳадчиён ҳавонаварди 19-солаи немис Матиас Руст бо тайёраи сабуки варзишии "Sessna 173R" дар Майдони сурхи Маскав фуруд омад. Баъди нишаст ӯ иддаъо кард, ки мехост дар масоили сулҳ дар саросари ҷаҳон бо Михаил Горбачев-ГенСеки СССР суҳбат кунад.
29.05.1923. Дар СССР Иттиҳоди Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар таъсис дода шуданд.
29.05.1975. Дар РСС Белорус истеҳсоли бузургтарин мошини боркаши СССР "БелАЗ-7520" оғоз гардид. Ин мошин 110 тонна бор мебардошт ва метавонист корвони мошинҳои боркаши маъмулиро ҷойгузин кунад.

31.05.1918. Баъди шикаст ва парокандашавии имературии Австро-Венгрия чехҳо ва словакҳо дар шаҳри Питтсбурги ИМА бо ҳам иттиҳоди сиёсӣ баста, кишвари нав-Чехословакияро таъсис доданд.

1.06.1920. Сенати ИМА пешниҳоди президенти ин кишвар-Вудро Вилсон дар бобати ҷорӣ кардани протекторати ИМА аз болои Арманистонро рад кард. Агар ин пешниҳод пазируфта мешуд ҳоло Арманистон 1 иёлоти дигари ИМА маҳсуб меёфт.
1.06.1922. Дар СССР аввалин хатсайри байналмилалии ҳавоӣ дар масири Маскав-Кёнигсберг ифтитоҳ ёфт. Албатта баъдан ин хатсайр ба хатсайри дохилӣ табдил ёфт, чун Кёнигсберг ба Калининград тағйири ном карда, ҷузъи СССР шуд.
1.06.1931.СССР ва ИМА созишномаи ҳамкорӣ баста, тибқи он муҳандисони амрикоӣ мебоист фаъолона дар индустрикунонии аввалин кишвари Шӯроҳо ширкат варзанд. Муҳандисони амрикоӣ дар сохтмонӣ 90 корхонаи металлургӣ ва даҳҳо иншооти дигар ширкат варзиданд. Аз ҷумла, чанд тани онҳо ба Тоҷикистон низ ташриф оварда, дар сохтмони канали калони Вахш ширкат варзиданд.
1.05.1936. Дар СССР дарозтарин хатсайри ҳавоӣ дар ҷаҳон, дар масири Маскав-Владивосток ба кори худ сар кард. Он шабу рӯз тайёраҳо аз пойтахти СССР то Владивосток дар зарфи 4 шабонарӯз мерасиданд.
1.06.1965. Нависандаи шӯравӣ Михаил Шолохов барои романи "Дони ором" бо ҷоизаи Нобел дар риштаи адабиёт мукофотонида шуд.
2.06.1956. Вячеслав Молотов-яке аз наздиктарин одамони Иосиф Сталин аз вазифаи Вазири корҳои хориҷии СССР барканор карда шуд.
2.06.1962. Дар шаҳри Новочеркаск тазоҳуроти оммавии коргарон доир шуд. Онҳо алайҳи қиммат шудани нарху наво эътироз ва нерӯҳои ҳукуматӣ эътирозро бераҳмона пароканда карданд.
3.06.1917. Анҷумани I-уми Шӯроҳо ба кори худ сар кард.
4.06.1918. Раиси ШКХ Владимир Ленин розӣ шуд, талаби таҳдидомез (ултиматум)-и немисҳоро оид ба баргардондани киштиҳои ҳарбии флоти Баҳрисиёҳии рус ба Севастопол иҷро кунад. Киштиҳо ба Севастопол баргаштанд ва немисҳо онҳоро ғасб намуданд.
5.06.1922. Дар СССР аввалин шумораи маҷаллаи ҳаҷвии "Крокодил" ба чоп расид. Баъди чанде чунин маҷаллаҳои ҳаҷвӣ дар ҷамоҳири бародар низ нашр шудан гирифтанд. Дар Тоҷикистон номи ин маҷалларо "Хорпуштак" гузоштанд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter