1.06.1920. Сенати ИМА пешниҳоди президенти ин кишвар-Вудро Вилсон дар бобати ҷорӣ кардани протекторати ИМА аз болои Арманистонро рад кард. Агар ин пешниҳод пазируфта мешуд ҳоло Арманистон 1 иёлоти дигари ИМА маҳсуб меёфт.
1.06.1922. Дар СССР аввалин хатсайри байналмилалии ҳавоӣ дар масири Маскав-Кёнигсберг ифтитоҳ ёфт. Албатта баъдан ин хатсайр ба хатсайри дохилӣ табдил ёфт, чун Кёнигсберг ба Калининград тағйири ном карда, ҷузъи СССР шуд.
1.06.1931.СССР ва ИМА созишномаи ҳамкорӣ баста, тибқи он муҳандисони амрикоӣ мебоист фаъолона дар индустрикунонии аввалин кишвари Шӯроҳо ширкат варзанд. Муҳандисони амрикоӣ дар сохтмонӣ 90 корхонаи металлургӣ ва даҳҳо иншооти дигар ширкат варзиданд. Аз ҷумла, чанд тани онҳо ба Тоҷикистон низ ташриф оварда, дар сохтмони канали калони Вахш ширкат варзиданд.
1.05.1936. Дар СССР дарозтарин хатсайри ҳавоӣ дар ҷаҳон, дар масири Маскав-Владивосток ба кори худ сар кард. Он шабу рӯз тайёраҳо аз пойтахти СССР то Владивосток дар зарфи 4 шабонарӯз мерасиданд.
1.06.1965. Нависандаи шӯравӣ Михаил Шолохов барои романи "Дони ором" бо ҷоизаи Нобел дар риштаи адабиёт мукофотонида шуд.
2.06.1956. Вячеслав Молотов-яке аз наздиктарин одамони Иосиф Сталин аз вазифаи Вазири корҳои хориҷии СССР барканор карда шуд.
2.06.1962. Дар шаҳри Новочеркаск тазоҳуроти оммавии коргарон доир шуд. Онҳо алайҳи қиммат шудани нарху наво эътироз ва нерӯҳои ҳукуматӣ эътирозро бераҳмона пароканда карданд.
3.06.1917. Анҷумани I-уми Шӯроҳо ба кори худ сар кард.
4.06.1918. Раиси ШКХ Владимир Ленин розӣ шуд, талаби таҳдидомез (ултиматум)-и немисҳоро оид ба баргардондани киштиҳои ҳарбии флоти Баҳрисиёҳии рус ба Севастопол иҷро кунад. Киштиҳо ба Севастопол баргаштанд ва немисҳо онҳоро ғасб намуданд.
5.06.1922. Дар СССР аввалин шумораи маҷаллаи ҳаҷвии "Крокодил" ба чоп расид. Баъди чанде чунин маҷаллаҳои ҳаҷвӣ дар ҷамоҳири бародар низ нашр шудан гирифтанд. Дар Тоҷикистон номи ин маҷалларо "Хорпуштак" гузоштанд.