ХАБАРИ ДОҒ

Аз «Олами кӯдакон» то «СМЕРШ»

  • Панҷшанбе, Июн 14 2018


6.06.1922. Бо Декрети Шӯрои Комиссарони Халқӣ дар аввалин кишвари Шӯроҳо Раёсати асосӣ оид ба адабиёт ва корҳои нашриётӣ (Главлит) таъсис дода шуд. Аз ин ба баъд тамоми адабиёти нашрмешуда дар СССР мебоист аз назорати ин Раёсат мегузашт.
6.06.1922. Дар Маскав мурофиаи додгоҳии роҳбарони ҳизби эссерон оғоз гардид. Дар ин мурофиа 34 роҳбари ҳизби инқилобиёни сотсиалист ба муҳлатҳои гуногун зиндонӣ шуданд. Мурофиаи эссерон аввалин мурофиаи бузурги сиёсӣ дар Русияи шӯравӣ ба шумор меравад.

6.06.1957. Дар Маскав-пойтахти СССР аввалин мағозаи "Олами кӯдакон" (“Детский мир”) ифтитоҳ ёфт. Баъдан чунин мағозаҳо дар тамоми ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва шаҳрҳои бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ қомат афрохтанд.

7.06.1939. Дар кинотеатрҳои СССР филми Абраам Роом "Эскадриляи №5" ё "Ҷанг оғоз мешавад" ба намоиш гузошта шуд. Он дар киностудияи Киев ба намоиш гирифта шуда буд ва аз ҷанги ояндаи СССР бо Олмони фашистӣ нақл мекард.
7.06.1954. Дар Маскав Анҷумани XI-уми Иттифоқҳои касабаи СССР ба кори худ сар кард. Дар ин Анҷуман Низомномаи нави Иттифоқҳои касабаи СССР қабул карда шуд.
8.06.1934. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ барои хешу табори маҳкумшудаҳо, ба хотири "хабарнарасонӣ" оид ба "ҷинояти алайҳи давлат" содиршуда ё ба нақша гирифташуда ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ гардид. Ба шумули ҷиноятҳои зидди давлатӣ фирор аз кишвар ҳам шомил шуд. Аз ин ба баъд ҳар нафаре, ки СССРро тарк мекард, хешу табораш зиндонӣ мешуданд.
8.06.1946. Дар пойтахти Дания-шаҳри Копенгаген намояндагони 21 кишвари узви Иттиҳоди зиддигитлерӣ Ташкилоти байналмилалии журналистон (МОЖ)-ро таъсис доданд.
8.06.1958. Дастаи мунтахаби футболи СССР аввалин бозиашро дар Ҷоми ҷаҳонии футбол баргузор кард. Футболбозони шӯравӣ бо мунтахаби Англия вохӯрда, бо ҳисоби 2:2 бозиро дуранг анҷом доданд.
8.06.1960. Хайме Рамон Меркадер дел Рио - коммунисти испанӣ ва қотили Лев Тротский дар Маскав ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуд. Рамон солҳои зиёд дар зиндони Мексика ба сар бурд, лек сирри давлатиро фош накард.
9.06.1928. Дар СССР "Қонунҳои пионерони Иттиҳоди Шӯравӣ" ба тасвиб расиданд.
10.06.1920. КМИ дастуруламал "Оид ба милитсияи коргарӣ-деҳқонӣ"-ро тасдиқ кард ва дар он милитсия чун "қисмҳои мусаллаҳи таъиноти махсус" қаламдод мешуд.
10.06.1930. Шӯрои Меҳнат ва Мудофиа қарор дар бобати сохтмони "канали Беломор-Балтийск"-ро ба имзо расонд. Канали нав мебоист бо нерӯи кории 120.000 зиндонӣ сохта мешуд. Билохира, зиндониён ин каналро дар зарфи 2 сол (1931-1933) сохта ба истифода доданд.
11.06.1937. Дар СССР мурофиаи пӯшидаи маршал М.Тухачевский ва 7 нафар ҳарбии олирутбаи дигар барпо шуд. Дар мурофиа ӯ ва ҳаммаслаконаш душмани халқ ва ҷосуси олмонӣ муаррифӣ шуданд. Шаби 12 июн Тухачевский, И.Якир, И.Уборевич, А.Корк ва чанд тани дигар ба қатл расонида шуданд.
12.06.1951. Дар Маскав собиқ сардори "СМЕРШ" ва собиқ вазири бехатарии давлатии СССР Виктор Абакумов ба ҳабс гирифта шуд. Ӯро ба хиёнати давлатӣ ва суиқасди сионистӣ дар МГБ айбдор намуданд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter