ХАБАРИ ДОҒ

Аз ҷуброни Венгрия то таъйини Брежнев

  • Панҷшанбе, Июн 21 2018


13.06.1918. Дар Русияи шӯравӣ бо қарори ШКХ Шӯрои ҳарбӣ-инқилобӣ (Реввоенсовет) таъсис дода шуд. Вазифаи асосии Шӯро роҳбарии мубориза алайҳи шӯриши чехҳои сафед қаламдод мешуд, аммо баъдан ин ниҳод кулли роҳбарияти Артиши сурхро дар ҷанги гражданӣ ба зиммаи худ гирифт.
13.06.1930.Бо қарори Шӯрои ҳарбӣ-инқилобии СССР дар Артиши Сурх бригадаҳои механиконидашуда таъсис дода шуданд. Артиши сурх аввалин шуда, ин воҳиди низомиро ҷорӣ кард, аммо бо қатли Тухачевский ва ҳамроҳонаш рушди минбаъдаи ин воҳидҳои низомӣ ба таваққуф уфтод.

Ва танҳо бо оғози ҷанги ҷаҳонии 2 ва амалиёти бомуваффақияти бригадаҳои механиконидашуда дар артиши олмонӣ роҳбарияти шӯравиро водор кард ба ин навъи нерӯи низомӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.
14.06.1939.Роҳбарияти СССР эълон кард, ки илми генетика бо диалектикаи марксистӣ таноқуз дорад ва тадриси он дар аввалин кишвари Шӯроҳо манъ шуд.

14.06.1940. Ҳукумати Шӯравӣ аз ҳукумати Литва қотеъона талаб кард, то ҳайъати ҳукуматашро тағйир диҳад ва барои вуруди нерӯҳои иловагии шӯравӣ ба қаламраваш иҷозат диҳад. Баъди 2 рӯз (16 июн) ҳамин гуна талаби қатъӣ ба Латвия ва Эстония ирсол карда шуд ва баъди чанде СССР ин 3 кишвари соҳили Балтикро ба ҳайъати худ шомил кард.
14.06.1941. Нерӯҳои мусаллаҳи НКВД дар Литва, Латвия ва Эстония бадарғакунии аҳолиро ба Сибир сар карданд. Ҳамасола 14 июн дар ин кишварҳо чун Рӯзи ёдбуди қурбониҳои низоми коммунистӣ ёд мешавад.
14.06.1969.Дар СССР вазъияти фавқулодда дар хоҷагии қишлоқ эълон карда шуд. Сабаби асосии ин кор зимистони қаҳратуни с.1969 гардид, ки дар натиҷаи он ҳосили ғундошта қариб нобуд шуд ва ҳукумат аз мардум хост, барои муҳофизати ҳосил ба по хезанд. Дар он сол аз сабаби нарасидани хошок дар СССР 12 млн. гӯсфанд нобуд шуд.
15.06.1931.КМ ВКП(б) қарор оид ба сохтани хатти метрои Маскавро ба тасвиб расонд.
15.06.1945.Венгрия баъди шикаст дар ҷанги ҷаҳонии дуввум барои зиёни расонидааш ба СССР ӯҳдадор шуд аввалин кишвари Шӯроҳоро бо молҳои истеҳсолкардааш таъмин кунад.
15.06.1963. Роҳбари Чин Мао Дзедун Хрушёв ва роҳбарияти Шӯравиро дар "хиёнат ба инқилоби ҷаҳонӣ" муттаҳам кард.
16.06.1925. Дар минтақаи Гурзуфи Қрим лагери пионерии "Артек" ифтитоҳ ёфт. Ин лагери пионерӣ бузургтарин макони истироҳати пионерони шӯравӣ буд ва кӯдакону наврасон аз тамоми гӯшаҳои СССР ба ин ҷо барои истироҳат фиристода мешуданд.
16.06.1977. Леонид Брежнев ба мансаби Раиси Раёсати Шӯрои Олии СССР таъйин шуд. Дар таърихи СССР ин бори аввал буд, ки як шахс мансаби олии ҳизбӣ ва давлатиро соҳиб гардид.
17.06.1930. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ заводи тракторсозии Сталинград ба номи Феликс Дзержинский ба истифода дода шуд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter