ХАБАРИ ДОҒ

Аз қатли Розенбергҳо то ҳабси Берия

  • Панҷшанбе, Июн 28 2018


19.06.1934. Дар пойтахти СССР-шаҳри Маскав қаҳрамонони Арктика-аъзои экспедитсияи Челюскин ва ҳавонавардоне, ки онҳоро наҷот дода буданд, пазироӣ шуданд. Ба аъзои экспедитсияи Челюскин ва ҳавонавардони онҳоро наҷотдода унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд. Инҳо аввалин Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мераванд.

19.06.1948. Дар рафти ҷанги сард СССР роҳҳои заминии иртибот бо Берлини Ғарбиро баст. Амрикоиҳо маҷбур шуданд, қисмати ғарбии Берлинро тариқи роҳи ҳавоӣ таъмин кунанд.
19.06.1953. Дар рафти ҷанги сард дар ИМА, шаҳрвандони ин кишвар Юлиус ва Этелӣ Розенбергҳо ба иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи СССР ба қатл маҳкум шуданд.
20.06.1924. Дар пойтахти СССР ҷамъияти омӯзиши иртибототи байнисайёравӣ ифтитоҳ шуд. Ин ҷамъият аввалин иттиҳоди алоқамандон ба техникаи мушакӣ ва парвоз ба кайҳон дар ҷаҳон ба шумор меравад.

20.04.1933.Дар СССР Прокуратураи генералӣ таъсис дода шуд.
20.06.1039. Аввалин парвози тайёраи реактивии немисӣ. Ин тайёра Не-176 ном дошт ва немисҳо ба сохтани он бисёр наздик буданд.
21.06.1925. Дар пойтахти СССР хадамоти таксиҳо ба кори худ шуруъ карданд. Аввалин таксиҳои шӯравӣ 16 ададро ташкил мекарданд ва аз мошинҳои тамғаи фаронсавии "Рено" иборат буданд.
21.06.1941. Артиши олмонӣ аломати шартии "Дортмунд"-ро дарёфт кард, ки оғози амалиёти "Барбаросса"-ро тасдиқ мекард. Худи ҳамон шаб гурӯҳҳои тахрибкори немисҳо вориди қаламрави СССР шуданд ва флоти баҳрии Рейхи саввум бошад ба минагузории халиҷи Фин шурӯъ кард.
21.06.1941.Дар Самарқанд мақбараи Темурлангро кушоданд. Тибқи баъзе ривоёт маҳз ин кор сабаби оғози ҶБВ шуд.
21.06.1956. Дар СССР мушаки Р-5М ба нерӯҳои ҳарбии кишвар шомил гардид. Ин аввалин мушаки шӯравӣ буд, ки бомбаи атомиро мунтақил мекард.
22.06.1940. Дар ҷангали Компени Фаронса миёни Олмон ва Фаронса созишномаи таслими бечунучарои охирӣ ба имзо расид. Фюрер қасоси шикаст дар ҷанги ҷаҳонии аввалро аз Фаронса гирифт.
22.06.1945. Оғози ҶБВ. Субҳи барвақт нерӯҳои артиши немис марзи СССРро убур карда, сахттарин ҷанги аввалин кишвари Шӯроҳо шурӯ шуд. Ин рӯз дар Русия ва 1 қатор ҷамоҳири собиқи СССР чун Рӯзи ёдбуд ва ҳузну андӯҳ қайд карда мешавад.
22.06.1960.СССР ва Ҷумҳурии Халқии Чин равобити расмии дуҷонибаро қатъ карданд. Сабаби ин амалкарди тарафайн “бигу магӯ” миёни Хрушев ва Мао зе Дун шуд. Хрушев Маоро сталинист хитоб кард ва Мао бошад ҳукумати шӯравиро ба хиёнат ба кори инқилоб ва ревизиёнизм айбдор кард.
25.06.1946.СССР ба Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) шомил шуд.
25.06.1953. Дар Маскав роҳбари қудратманди НКВД Лаврентий Берия ҳангоми нишасти Бюрои сиёсӣ аз ҷониби афсарони баландрутбаи шӯравӣ бо сарварии маршал Георгий Жуков ба ҳабс гирифта шуд.
26.06.1940.Дар СССР бо қарори Раёсати Шӯрои Олии кишвар рӯзи кории 8-соата, ҳафтаи кории 7-рӯза ва ҷавобгарии ҷиноӣ барои 21 дақиқа дер омадан ба кор, ҷорӣ карда шуд.

Меҳрубон
Салимшоев

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter