ХАБАРИ ДОҒ

Аз пакти Молотов то худкушии Кручина

  • Чоршанбе, Авг 29 2018


23.08.1935. Дар манораҳои Кремл ситораҳои ёқутӣ, ки дар яке аз корхонаҳои Донбасс сохта шуда буданд, насб гардиданд.
23.08.1939. Дар Маскав миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Олмони нозӣ Созишномаи ба ҳамдигар ҳуҷум накардан ба имзо расид. Ин Созишнома бо “пакти Молотов-Рибентроп” маъруф аст ва барои муддате ҷангро миёни СССР ва Олмон боздошт.
23.08.1942. Оғози муҳорибаи Сталинград. Дар ин рӯз артиши олмонӣ ба наздикиҳои Сталинград расида, мудофиа шаҳр оғоз гардид.
23.08.1943.Дар рафти ҶБВ ба Артиши Сурх муяссар шуд, шаҳри Харковро аз дасти немисҳо озод кунад. Ҷангҳо барои Харков бисёр шадид буданд. АС 3 маротиба кӯшиш кард шаҳрро ба тассаруф дарорад, аммо 2 кӯшиши аввал ба нокомӣ анҷомида, танҳо дар дафъаи 3-ум немисҳо тоб наоварда ақиб нишастанд.

24.08.1991. РСС Украина соҳибистиқлолии худро эълон намуд.
24.08.1991.Михаил Сергеевич Горбачев эълон намуд, ки ваколатҳои худро ба ҳайси котиби генералии ҲКИШ қатъ мекунад ва аз КМ даъват кард, ки худпароканда гардад.
25.08.1933. СССР бо ИМА, Канада, Австралия ва Аргентина Қарордод оид ба ғалларо ба имзо расонид. Аввалин кишвари Шӯроҳо дар қатори давлатҳои мазкур яке аз истеҳсолкунандагони асосии ғалла дар ҷаҳон буд ва бо ин Қарордод мехост нархҳои маҳсулоти заруриро дар бозорҳои ҷаҳонӣ муътадил гардонад. Мутаассифона, дар солҳои баъд СССР худ ба харидори ғалла табдил ёфт.
25.08.1941. Артиши Сурх аз шимол ва англисҳо аз ҷануб Эронро тасхир карданд. Нуфузи немисҳо дар Эрон бисёр сахт буд ва иттифоқчиён метарсиданд, ки ин кишвар ба эътилофи чоргона ҳамроҳ мегардад.
25.08.1944. Артиши иттифоқчиён пойтахти Фаронса-ш.Парижро аз дасти немисҳо озод карданд.
25.08.1991. Ҳукумати Елтсин тамоми дороии Ҳизби коммунстро моликияти давлатии Русия эълон кард.
26.08.1918. Дар Русияи шӯравӣ тамоми театрҳо давлатӣ карда шуданд.
26.08.1991.Дар Маскав сессияи ғайринавбатии парлумони СССР доир ва дар он фаъолияти ҲКИШ дар қаламрави СССР мамнӯъ шуд. Раиси собиқи ШО СССР Анатолий Лукянов ба ҳабс гирифт шуд ва идоракунандаи корҳои КМ ҲКИШ Николай Кручина бошад худро аз балкони хонааш ба поин партофта, худкушӣ кард.
27.08.1922. Дар Маскав аввалин шумораи маҷаллаи ҳаҷвии "Крокодил" аз чоп баромад. Он дар тамоми иттиҳод мебаромад ва дар РСС Тоҷикистон таҳти номи "Хорпуштак" фаъолият мекард.
29.08.1938. Дар СССР омӯзиши ғоибона дар макотиби олии кишвар роҳандозӣ шуд.
29.08.1949. Аввалин озмоиши бомби атомӣ дар СССР.

Меҳрубон Салимшоев

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter